Шоҳбайтҳо #4

0

10 шоҳбайти ноб аз ганҷури назми форсии тоҷикӣ

Забони мо гар аз аҳли биҳишт аст,
Чаро гуфтори мо ин қадр зишт аст?!
© Рустами Ваҳҳоб


Гову хар аз огаҳӣ инсон нахоҳад гашт лек
Одамӣ гар андаке ғофил шавад, хар мешавад.
© Бедил


Чу хашм оядат бар гуноҳи касе,
Тааммул кунаш дар уқубат басе,
Ки саҳл аст лаъли Бадахшон шикаст,
Шикаста нашояд дигарбора баст.
© Саъдӣ (Бӯстон)


Маҷнун ҳам аз ҷунун суи саҳро намеравад,
Шаҳрӣ шудасту лутфи таъоло дигар шуда
© Озарахш


Дили беишқ ғайри бори тан нест,
Варо манзил ба ҷуз печи кафан нест.
© Алишери Муҳаммадӣ


Чу моро ба дунё Ту кардӣ азиз,
Ба уқбо ҳамин чашм дорему низ.

Азизиву хорӣ Ту бахшию бас,
Азизи Ту хорӣ набинад зи кас.

Худоё! Ба иззат ки хорам макун!
Ба зили гунаҳ шармсорам макун!

© Саъдӣ


Осмон бо он бузургӣ тоби як одам надошт,
Бар замин бингар, чӣ бореро таҳаммул мекунад.
© Рустами Ваҳҳоб


Чӣ сон панде диҳӣ дигар ба тифлон,
Ки тифлон баста гӯши худ ба тилфон.
© Рустами Ваҳҳоб


Фирор аз душмани кӯчак бувад кори хирадмандон,
Ба хурдон гар бузурге сарбасар гардад, бувад нодон.
© Рустами Ваҳҳоб


Бигӯ ғамро, ба гирди мо нагардад,
Агар гардад, чу мо девона гардад.
© Рустами Ваҳҳоб


Барчаспи силсиламақолаҳо

Шоҳбайтҳо #3

Мақолаи қаблӣТаълими Ислом. Савол ва посух. Саволҳои 48-50