
Мӯйсафеди фақире аз бозор гузар мекард, ки ногаҳ чашмаш ба ошхонае афтод. Наздик шуда, ба бухори деги ош менигарист ва аз ин хушаш меомад.
Ногаҳон дастони ларзонашро ба ҷайбаш бурда, тиккаи нони шахшудаеро баровард ва каме дар бухори ош нигаҳ дошта, сипас хӯрд. Ин ҳамаро ошпаз назора мекард. Ҳангоме пирамард роҳашро хост давом диҳад, ошпаз фарёд зад:
— Ту аз бухори деги ман истифода кардӣ ва бояд пулашро пардохт намоӣ!
Мардум як – як даври онҳо ҷамъ шуданд. Пирамарди бечора, ки дар илоҷи воқеа дармонда буд, чашмаш ба Баҳлуле афтод, ки аз наздашон мегузашт. Аз ӯ тақозои қазоват кард. Баҳлул аз асли кор огоҳ шуда, ба ошпаз гуфт:
— Оё ин мард аз оши ту хӯрдааст?
Ошпаз гуфт:
— Не, аммо аз бӯйи он истифода кардааст.
Дар ин ҳангом Баҳлул чанд танга аз ҷайб баровард ва ба замин рехту ба ошпаз гуфт:
— Эй ошпаз, садои ин тангаҳоро бигир ва пирамардро раҳо кун.
Ошпаз бо камоли тааҷҷуб пурсид:
— Ин чӣ гуна ҳисобӣ кардан аст?
Баҳлул гуфт:
— Ҳисобӣ аз рӯи адолат. Касе, ки бӯйи ғизоро бифурӯшад, бояд дар иваз садои пулро дарёфт кунад.


