Таҷдиду барқарорсозии Қалъаи Муғ дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконият фароҳам меорад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории таърихӣ бештар ҷалб гарданд. Ин аст, ки соли гузашта 16360 сайёҳи дохилӣ аз ин макон дидан намуд.

Қалъа дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардида, масофаи деворҳои он беш аз 600 метр ва майдони умумиаш 6 гектар аст. Ба гуфтаи бостоншиносон, Қалъаи Муғ маконест, ки дар он Деваштич ба хотири озодии Ватан ҷангида, он ҷо паноҳ бурдааст.
Ҳанӯз тобистони соли 1933 зери раҳнамоии шарқшиноси маъруф А. Фрейман дар ин қалъаи қадима ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронда шуд, ки дар натиҷаи он зиёда аз сад бозёфти нодири таърихии мансуб ба асрҳои сеюму дуюми то милод пайдо шуд.
Дар ин иншооти таърихию фарҳангӣ 70 ҳуҷра ҷиҳати нигаҳдории намунаи ҳунарҳои мардумӣ, нигораҳо, хонаҳои ёрирасон барои ҳунармандон мавҷуд аст. Инчунин, бинои амфитеатри Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ” дорои беш аз 5 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.
Калаи Муг, Калъаи Муг, маълумот дар бораи Калъаи Муг.


