Аҳлибайтшиносӣ (Оли Муҳаммад (с))-Шарҳи Чоркитоб

0

АҲЛИБАЙТШИНОСӢ

Аз ҳайси маънои луғавӣ “Оли байт” ва “Аҳли байт” ба маънои хонавода меоянд, гарчанде калимаи “Ол” ба маънои бештар аз хонавода, мисли “Оли Сомон” ба маънои қавм ва миллати Сомон низ омадааст.

Аз ҳамин ҷиҳат аз дидгоҳи шариъат дар маънои калимаи “Оли Муҳаммад” (с) уламо ду назар иброз доштаанд:

1-Назари аввал назари аксари уламост ва он ин ҳаст, ки “Оли Муҳаммад” (с) он ақрабои ӯст, ки барои онҳо гирифтани моли закот ҳаром аст. Аз ин дидгоҳ дар байни “Олӣ Муҳаммад” (с) ва “Аҳли байти Муҳаммад” (с) ҳеҷ фарқе нест ва мурод аз Олу аҳли байт як чиз, яъне хонаводаи Пайғамбар (с) аст.

2-Назари дуввум назари баъзе уламо, амсоли имомон Молик, Азҳарӣ, Наввавӣ, инчунин назари баъзе уламои муҳаққиқи ҳанафӣ аст, ҳамчуноне дар “Ради мухтор” (1/13) ин назарро аз Қуҳистонӣ нақл кардааст ва назари роҷеҳи уламои ҳанбалӣ аст. Ин тоифаи уламо ба ин назаранд, ки мурод аз Оли Муҳаммад (с) умматони иҷобатии ӯ, яъне тамоми касоне мебошанд, ки даъвати ӯро иҷобат кардаанд ва дини мубини исломро пазируфтаанд.

Аз ин дидгоҳ дар байни “Оли Муҳаммад” ва “Аҳли байти Муҳаммад” (с) фарқ аст. Зеро оли вай тамоми умматаш ва аҳли байташ танҳо хонавода ва он ақрабояш мебошанд, ки гирифтани моли закот барояшон ҳаром аст.


ТАБАҚАҲОИ АҲЛИ БАЙТ

Аз таҳқиқи масъалаи “Аҳли байти Муҳаммад” (с) зоҳир мешавад, ки онҳо дар се табақа қарор доранд:

  1. Табақаи ом.
  2. Табақаи хос.
  3. Табақаи хосулхос.

ТАБАҚАИ ОМИ АҲЛИ БАЙТ

Дар табақаи оми “Аҳли байт” фарзандон, наберагон, ҳамсарон ва он ақрабои Пайғамбар (с), ки барояшон гирифтани моли закот ҳаром аст, дохиланд.

Далели дар табақаи оми “Аҳли байт” дохил будани ҳамаи ҳамсарони Пайғамбар (с) ҳамроҳи фарзандон, наберагон ва он ақрабояш, ки  барояшон гирифтани закот ҳаром аст, ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” мебошад. Дар ин ривоят Пайғамбар (с) аз покдомании ҳамсараш ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо хабар дода ӯро аз аҳли байташ гуфтааст. Лафзи ривоят чунин аст:

«مَنْ يَعْذِرُنَا فِي رَجُلٍ بَلَغَنِي أَذَاهُ فِي أَهْلِ بَيْتِي،فَوَاللَّهِ مَا عَلِمْتُ مِنْ أَهْلِي إِلَّا خَيْرًا”. (كذا في صحيح البخاري -3/ 168)

“Чӣ касе дар мавриди марде, ки боиси азият ва озори аҳли байтам шудааст, (яъне модари муъминон ҳазрати Оишаро туҳмат ба зино кардааст) моро маъзур медорад. (Яъне агар барои чунин азият доданаш ҷазояш бидиҳам манро сарзаниш намекунад)  Қасам ба Аллоҳ! Ман аз аҳли худам (аз ҳазрати Оиша)  ба ҷуз хайр чизеро намедонам”.


ТАБАҚАИ ХОСИ “АҲЛИ БАЙТ”

Ин табақаи “Аҳли байт” ҳамсарони Пайғамбар (с)-ро дарбар намегирад ва дар он фарзандон, наберагон ва он ақрабояш дохил мешаванд, ки барои онҳо гирифтани закот ҳаром аст. Ақрабое, ки барояшон гирифтани закот ҳаром мебошад, зурияи ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб, зурияи ҳазрати Ақил ибни Абутолиб, зурияи ҳазрати Ҷаъфар ибни Абутолиб ва зурияи ҳазрати Аббос ибни Абдулмуталиб разияллоҳу анҳум аҷмаъин мебошанд.

Далели дохил будани ашхоси мазкур дар табақаи хоси “Аҳли байт” ривояти “ Саҳеҳи Бухорӣ” аст, ки дар он Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

عن زَيْدِ بْنِ أَرْقَمَ رضي الله عنه  ثُمَّ قَال  )رسول الله – صلى الله عليه وآله وسلم(:وَأَهْلُ بَيْتِي أُذَكِّرُكُمُ اللهَ فِي أَهْلِ بَيْتِي، أُذَكِّرُكُمُ اللهَ فِي أَهْلِ بَيْتِي،أُذَكِّرُكُمُ اللهَ فِي أَهْلِ بَيْتِي»  فَقَالَ لَهُ حُصَيْنٌ:وَمَنْ أَهْلُ بَيْتِهِ؟ يَا زَيْدُ أَلَيْسَ نِسَاؤُهُ مِنْ أَهْلِ بَيْتِهِ؟ قَالَ:نِسَاؤُهُ مِنْ أَهْلِ بَيْتِهِ،وَلَكِنْ أَهْلُ بَيْتِهِ مَنْ حُرِمَ الصَّدَقَةَ بَعْدَهُ،قَالَ: وَمَنْ هُمْ؟ قَالَ:هُمْ آلُ عَلِيٍّ وَآلُ عَقِيلٍ،وَآلُ جَعْفَرٍ،وَآلُ عَبَّاسٍ قَالَ:كُلُّ هَؤُلَاءِ حُرِمَ الصَّدَقَةَ؟ قَالَ:نَعَمْ”.(كذا في صحيح مسلم- 4/ 1873- عن زَيْدِ بْنِ أَرْقَمَ رضي الله عنه)

“Ва аҳли байтам! Аз Аллоҳ битарсед ва ҳуқуқи аҳли байти манро риоя кунед! Аз Аллоҳ битарсед ва ҳуқуқи аҳли байти манро риоя кунед! Аз Аллоҳ битарсед ва ҳуқуқи аҳли байти манро риоя кунед!”

Саҳобии бузургвор Имрон ибни Ҳусайн разияллоҳу анҳу аз ровии ин ривоят саҳобии бузургвор Зайд ибни Арқам разияллоҳу анҳу чунин савол кард: Аҳли Байташ кист? Оё ҳамсаронаш аз аҳли байт намебошанд? Зайд ибни Арқам разияллоҳу анҳу гуфт: Ҳамсарони Пайғамбар (с) аз “Аҳли байт” ҳастанд, валекин аҳли байти (хоси) ӯ касонеанд, ки бар онҳо гирифтани закот ҳаром аст. Имрон ибни Ҳусайн разияллоҳу анҳу гуфт: Онҳо чӣ касоне мебошанд? Зайд ибни Арқам разияллоҳу анҳу гуфт: Онҳо Оли Алӣ, Оли Ақил, Оли Ҷаъфар ва Оли Аббос мебошанд. Имрон ибни Ҳусайн разияллоҳу анҳу гуфт: Закот бар ҳамаи инҳо ҳаром аст? Зайд ибни Арқам разияллоҳу анҳу гуфт: Бале!”.


ТАБАҚАИ ХОСУЛХОСИ “АҲЛИ БАЙТ”

Дар табақаи хосулхоси “Аҳли байт” танҳо фарзандони Пайғамбар (с), домодаш ҳазрати Алӣ, наберагонаш имомон Ҳасан ва Ҳусейн ва зурияи ин ду набераи бузургвораш дохил мебошанд. Пас дар табақаи хосулхоси аҳли байт ҳамсаронаш ва он ақрабояш, ки барои онҳо закот ҳаром аст, дохил намебошанд. Дар ин мавзӯъ дар ривояти саҳеҳи “Сунани Тирмизӣ” чунин омадааст:

“عَنْ عُمَرَ بْنِ أَبِي سَلَمَةَ،رَبِيبِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّم قال:”نَزَلَتْ هَذِهِ الآيَةُ عَلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ {إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ البَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا} (الأحزاب: 33) فِي بَيْتِ أُمِّ سَلَمَةَ، فَدَعَا النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَاطِمَةَ وَحَسَنًا وَحُسَيْنًا فَجَلَّلَهُمْ بِكِسَاءٍ وَعَلِيٌّ خَلْفَ ظَهْرِهِ فَجَلَّلَهُ بِكِسَاءٍ ثُمَّ قَالَ: «اللَّهُمَّ هَؤُلَاءِ أَهْلُ بَيْتِي فَأَذْهِبْ عَنْهُمُ الرِّجْسَ وَطَهِّرْهُمْ تَطْهِيرًا» قَالَتْ أُمُّ سَلَمَةَ: وَأَنَا مَعَهُمْ يَا رَسُولَ اللَّهِ؟ قَالَ:«أَنْتِ عَلَى مَكَانِكِ وَأَنْتِ إِلَى خَيْرٍ». (كذافي سنن الترمذي -5/ 663/ 3787 – وحكم المحقق:صحيح )

“Вақте ояти 33 сураи “Аҳзоб”:”Ҷуз ин нест, ки Аллоҳ мехоҳад палидиро аз шумо аҳли байт дӯр бикунад ва шуморо комилан покиза бигардонад” дар ҳуҷраи Умми Саллама нозил гардид, Пайғамбар (с) духтараш Фотима ва наберагонаш Ҳасан ва Ҳусайн разияллоҳу анҳумро даъват кард ва онҳоро бо ҷомае сатр кард ва ҳазрати Алӣ аз ҷониби пушташ буд ва ӯро низ бо ҷомае бипушонид ва гуфт: “Бор Худоё! Инҳо аҳли байти мананд, аз онҳо палидиро дӯр бисоз ва ба таври комил покизаашон бигардон”.

Дар ин асно модари муъминон Умми Саллама разияллоҳу анҳо гуфт: Ман ҳам дар зери ҷома ҳамроҳашон бошам? Пайғамбар (с) гуфт: Ту дар ҷоят ист ва ту бар хайр ҳастӣ”. Яъне ту аз аҳли байт ҳастӣ, вале на аз табақаи инҳо.


ҲАРОМ БУДАНИ ЗАКОТ БАР “АҲЛИ БАЙТ”

Гирифтани закоти моли мардум барои табақаи хос ва хосулхос “Аҳли байт” ҳаром аст. Далели ҳаром будани садақа барои табақаи хоси аҳли байт ривояти “Саҳеҳи Муслим” аст, ки дар он Пайғамбар (с) ба амакзодаҳояш писарони Рабиъа ибни Ҳорис ва Аббос ибни Абдулмуталиб чунин гуфтааст:

«إِنَّ الصَّدَقَةَ لَا تَنْبَغِي لِآلِ مُحَمَّدٍ إِنَّمَا هِيَ أَوْسَاخُ النَّاسِ”. (كذا في  صحيح مسلم -2/ 753)

“Ҳамоно садақа (моли закот) барои Оли Муҳаммад лоиқ нест, ҷуз ин нест ки он чирки моли мардум аст”.

Далели ҳалол набудани моли закот барои табақаи хосулхоси “Аҳли байт” ривояти “Муснади Имом Аҳмад” бо санади саҳеҳ аст, ки дар он Пайғамбар (с) ба наберааш Имом Ҳасан, ҳангоме кудак буданаш як донаи хурмои аз моли закотро ба даҳонаш дохта буд, чунин гуфтааст:

“كِخْ كِخْ،.فَإِنَّا لَا تَحِلُّ لَنَا الصَّدَقَةُ “ .(كذا في مسند أحمد ط الرسالة -15/ 453-9728 -.إسناده صحيح)

“Ких-ких! Ҳамоно барои мо садақа (моли закот) ҳаром аст”.

Аммо дар мавриди ҳалол будани гирифтани закот барои ҳамсарони Пайғамбар (с) ривоятҳо мухталиф омадаанд. Ба таври мисол дар ривояти “Мусаннафи Ибни Абушайба” (2/429/10708) бо санади саҳеҳ омадааст, ки модари муъминон ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо моли закотро рад кардаву гуфтааст, ки барои мо аҳли байт садақа, яъне моли закот ҳаром аст.

Аммо дар ривояти “Муснади Имом Аҳмад” (41/29/24480) бо санади саҳеҳун лиғайриҳи омадааст, ки модари муъминон Оиша разияллоҳу анҳо моли закотро рад кардааст ва сипас чизеро ба ёд оварда чунин гуфтааст:

“قَالَتْ:رُدُّوهُ عَلَيَّ، فَرَدُّوهُ، فَقَالَتْ: إِنِّي ذَكَرْتُ شَيْئًا قَالَهُ لِي رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:”يَا عَائِشَةُ، مَنْ أَعْطَاكِ عَطَاءً بِغَيْرِ مَسْأَلَةٍ، فَاقْبَلِيهِ، فَإِنَّمَا هُوَ رِزْقٌ عَرَضَهُ اللهُ لَكِ”. (كذا في مسند أحمد -41/ 29-24480 – صحيح لغيره،).

“Шахси моли закот овардаро баргардонед! Зеро ба ёдам омад, ки Пайғамбар (с) ба ман чунин гуфта буд: “Эй Оиша! Агар касе барои ту бидуни он, ки талаб карда бошӣ бахшише бидиҳад, онро бигир. Ҷуз ин нест, ки он ризқест, ки Аллоҳ таоло бароят пешкаш кардааст”.

Ин назари дуруст будани гирифтани закот барои ҳамсарони Пайғамбар (с) назари аксари асҳоби киром ва иҷмоъи ҳамаи фуқаҳои аҳли суннат аст. Дар ин мавзӯъ шореҳи “Саҳеҳи Бухорӣ” Ибни Баттол чунин гуфтааст:

“أَنَّ الْفُقَهَاءَ كَافَّةً اتَّفَقُوا عَلَى أَنَّ أَزْوَاجَهُ عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ لاَ يَدْخُلْنَ فِي آلِهِ الَّذِينَ حَرُمَتْ عَلَيْهِمُ الصَّدَقَةُ”. (كذا في الموسوعة الفقهية الكويتية -1/ 100)

“Ҳамоно фуқаҳо иттифоқ бар ин доранд, ки ҳамсарони Пайғамбар (с) дар масъалаи ҳаром будани моли закот дар ҷумлаи бақияи аҳли байт, ки моли закот барояшон ҳаром аст, дохил намебошанд”.


ҲАМА АНВОЪИ САДАҚА Ё БАЪЗЕИ ОН

Дар масъалаи ҳаром будани ҳамаи анвоъи садақаҳо ё баъзеи он барои табақаҳои хос ва хосулхоси аҳли байт ду назар аст:

1-Аз дидгоҳи ҷумҳури фуқаҳо барояшон танҳо садақаҳои фарзӣ ва воҷибӣ, мисли закот, ушр, кафорати қасам ва ғайра ҳаром аст.

2- Аз дидгоҳи баъзе уламо ҳама анвоъи садақаҳо, яъне садақаҳои  фарзӣ ва нафлӣ барояшон ҳаром мебошанд. Дар ин мавзӯъ дар “Мавсуъаи фиқҳӣ” чунин омадааст:

 “اتَّفَقَ الْفُقَهَاءُ عَلَى عَدَمِ جَوَازِصَدَقَةِ الْفَرِيضَةِ عَلَى آل مُحَمَّدٍ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ .. أَمَّا صَدَقَةُ التَّطَوُّعِ، فَالْجُمْهُورُعَلَى جَوَازِهَا عَلَيْهِمْ.وَالْبَعْضُ يَقُولُونَ:بِعَدَمِ الْجَوَازِ”.(كذا في الموسوعة الفقهية الكويتية -26/ 331)

“Фуқаҳо бар ҷоиз набудани садақаи фарзӣ бар Оли Муҳаммад (с) иттифоқ доранд. Аммо дар мавзӯъи ҷоиз будан ё ҷоиз набудани садақаҳои нафлӣ бар Оли Муҳаммад (с) ихтилофи назар аст. Ҷумҳури фуқаҳо мегӯянд, ки барояшон садақаҳои нафлӣ ҷоиз аст, вале баъзеҳо мегӯянд, ки ҷоиз нест”.

Шореҳи “Канзи дақоиқ” Фахруддини Зайлаъии ҳанафӣ дар “Табйини Ҳақоиқ” чунин гуфтааст:

وَلَا فَرْقَ بَيْنَ الصَّدَقَةِ الْوَاجِبَةِ وَالتَّطَوُّعِ وَكَذَا الْوَقْفُ لَا يَحِلُّ لَهُمْ وَقَالَ بَعْضُ أَصْحَابِنَا يَحِلُّ لَهُمْ التَّطَوُّعُ “. (كذا في تبيين الحقائق  -1/ 303 للزيلعي الحنفي -المتوفى: 743 هـ)

“Дар байни садақоти фарзӣ ва нафлӣ ва инчуни моли вақф ҳеҷ фарқе нест, ҳеҷ кадомаш барои аҳли байт ҳалол намебошанд. Баъзе имомони мо ҳанафиҳо барояшон садақаҳои нафлиро ҷоиз гуфтаанд”.

Аз ҷиҳати чунин ихтилоф ҳангоми пулу мол додан ба афроди аҳли байт авло ин ҳаст, ки атокунанда нияти ҳадя бикунад.


ҲУКМИ САЛАВОТ БАР АҲЛИ БАЙТ

Ба иҷмоъи фуқаҳо ба ғайри пайғамбарон ба таври мустақил ва хос салавот фиристода намешавад, валекин дар мутобиъати салавот фиристодан ба Пайғамбар (с) ба “Аҳли байт” низ салавот фиристода мешавад. Ба таври мисол ҷоиз нест гуфта шавад, ки “Аллоҳумма салли ало оли Муҳаммад”, валекин бояд гуфта шавад, ки “Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ало олиҳ”. Дар ин мавзӯъ Имом Бадруддини Айнӣ дар “Шарҳи Абудовуд” (5/443) чунин гуфтааст:

“وفي شرح أبي داود للعيني5/ 443 قوله:”صلى الله عليك”الصلاة من الله تعالى:الرحمة،ومن الملائكة:الاستغفار ومن المؤمنين:الدعاء:وقد اختلف العلماء في الصلاة على غيرالأنبياء فقال مالك،وأبو حنيفة،والشافعي والأكثرون:لا يصلّى على غير الأنبياء استقلالا،لا يقال:اللهم صل على أبي بكر،أو عمر،أو عليّ،أوغيرهم ,ولكن يُصلّى عليهم تبعا،فيقال:اللهم صل على محمد وال محمدٍ وأصحابه وأزواجه وذريته- كما جاءت الأحاديث.وقال أحمد وجماعة: يُصلى على كل واحد من المؤمنين مُستقلاً، واحتجوا بهذا الحديث وبقوله – عليه السلام-:” اللهم صل على آل أبي أوفى “وكان إذا أتاه قوم بصدقتهم صلّى عليهم،واحتج الأكثرون بأن هذا النوع مأخوذ من التوقيف، واستعمال السلف، ولم يُنقل استعمالهم ذلك؛ بل خصّوا به الأنبياء كما خصوا الله تعالى بالتقديس والتسْبيح”.

“Салавоти аз ҷониби Аллоҳ таоло раҳмат аст ва аз ҷониби фариштагон истиғфор ва аз ҷониби муъминон дуост.  Уламо дар масъалаи ҷоиз будани фиристодани салавот бар ғайри пайғамбарон ихтилофи назар доранд.

Имомон Молик, Абуҳанифа, Шофеъӣ ва аксари уламо бар ин назаранд, ки ба таври мустақил ба ғайри пайғамбарон салавот фиристода нашавад. Ба таври мисол гуфта нашавад, ки “Аллоҳумма салли ало Абибакрин ё  Аллоҳумма салли ало Умара ё Аллоҳумма салли ало Алийин” ва ғайра. Аммо дар тобеияти Пайғамбар (с) бар онҳо салавот фиристода шавад, мисли Аллоҳумма салли ало Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи ва зуриятиҳи, ҳамчуноне дар ҳадисҳо омадааст.

Аммо Имом Аҳмад ва ҷамоъате аз уламо бар ин назаранд, ки ба ҳар мусулмоне бар таври мустақил салавот фиристодан ҷоиз аст  ва ба ривояти салавот фиристодани Пайғамбар (с) бар оли Абуавфоро далел қарор додаанд.  Локин аксари уламо ба ин назаранд, ки ҷоиз будан ё набуданаш тавқифист ва онро аз чигуна амал кардани салафи солеҳ бо ҳадисҳои воридшуда дар ин мавзӯъ дониста мешавад ва онҳо ба таври мустақил ба ҳамдигар салавот нафиристодаанд. Онҳо салавотро аз хусусиятҳои анбиё қарор додаанд, ҳамчуноне тасбиҳ ва тақдисро аз хусусиятҳои Аллоҳ таоло қарор додаанд”.

Хулоса касоне салавот фиристоданро ба ғайри пайғамбарон ҷоиз намедоранд, хӯб хабардоранд, ки дар ҳадисҳои саҳеҳ салавоти бар ғайри пайғамбарон ривоят шудааст, вале онро аз хусусиятҳои Пайғамбар (с) медонанд ва барои дигарон ҷоизаш намедонанд.

Дар масъалаи дар намоз чӣ ҳукм доштани салавот бар “Аҳли байт” ихтилофи назар аст, ки баъзеҳо онро воҷиб гуфтаанд, валекин дар қавли роҷеҳ ҳукмаш суннат аст. Лафзи салавотро дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) таълим додаанд ва амр кардааст, ки чунин бигӯед:

 “عن كَعْبُ بْنُ عُجْرَةَ،قال: قال رسول الله صلى الله عليه و سلم:…  قُولُوا: اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ، كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى إِبْرَاهِيمَ، وَعَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ، إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ، اللَّهُمَّ بَارِكْ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ، كَمَا بَارَكْتَ عَلَى إِبْرَاهِيمَ، وَعَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ “. (كذا صحيح البخاري -4/ 146)”

“Ҳар вақто бар ман салавот фиристодед, бигӯед:Аллоҳум-ма салли ало Муҳаммадин ва ало олӣ Муҳаммад, камо саллайта ало Иброҳима ва ало олӣ Иброҳим. Ин-нака ҳамидум-маҷид. Аллоҳум-ма борик ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммад, камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим. Ин-нака ҳамидум-маҷид”.


МУҲАББАТИ “АҲЛИ БАЙТ”

Аз чанд ҷиҳат муҳаббати “Аҳли байти Муҳаммад” (с) аз ҷумлаи умури ба биҳишт баранда ва бад дидани аҳли байташ аз ҷумлаи умури ба дузах баранда аст:

Аммо далелҳои воҷиб будани дӯст доштани аҳли байти Пайғамбар (с) бисёр мебошанд, ки баъзеи он далелҳо чунинанд:

  1. Ояи 23 сураи “Шуро”:

{قُلْ لَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا إِلَّا الْمَوَدَّةَ فِي الْقُرْبَى} (الشورى : 23)

“Бигӯ: Аз шумо барои таблиғи рисолат музде наметалабам, лекин дӯстӣ дар миёни хешовандонро”.

Баъзе муфассирон ояти каримаро чунин тафсир кардаанд:

“وفي أضواء البيان– 7 / 70: أَنَّ مَعْنَى الْآيَةِ إِلَّا الْمَوَدَّةَ فِي الْقُرْبَى، أَيْ لَا تُؤْذُوا قَرَابَتِي وَعِتْرَتِي، وَاحْفَظُونِي فِيهِمْ، وَيُرْوَى هَذَا الْقَوْلُ عَنْ سَعِيدِ بْنِ جُبَيْرٍ وَعَمْرِو بْنِ شُعَيْبٍ وَعَلِيِّ بْنِ الْحُسَيْنِ”،

Дӯстӣ дар миёни хешовандонро, яъне ақрабои маро маранҷонед ва хотири маро бо дӯстдоштани онҳо пос бидоред. Ин тафсир аз Саъид ибни Ҷубайр, Амр ибни Шуъайб ва Алӣ ибни Ҳусайн ривоят шудааст”.

2.Дар ривояти Имом Бухорӣ  ҳазрати Абубакри Сиддиқ чунин гуфтааст:

“وفي صحيح البخاري- 5 / 21:عَنْ أَبِي بَكْرٍرَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ، قَالَ:«ارْقُبُوا مُحَمَّدًا صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي أَهْلِ بَيْتِهِ» (وفي تعليق مصطفى البغا:ش (ارقبوا محمدا) احفظوه. (في أهل بيته) فلا تسبوهم ولا تؤذوهم وهم فاطمة وأولادها رضي الله عنها وعنهم. أو هم أزواجه صلى الله عليه وسلم ورضي الله عنهم وعنهن).

“Хотири Муҳамад (с)-ро бо дӯст доштану эҳтиром кардани аҳли байташ, пос бидоред”.

3.Дар ривояти дигари Имом Бухорӣ ҳазрати Абубакр чунин гуфтааст:

“وفي صحيح البخاري – 5 / 20: فَتَكَلَّمَ أَبُو بَكْرٍ فَقَالَ: وَالَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ، لَقَرَابَةُ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَحَبُّ إِلَيَّ أَنْ أَصِلَ مِنْ قَرَابَتِي”.

“Қасам ба зоте, ки ҷонам ба яди (било кайфи) ӯст, хайру эҳсон кардан ба ақрабои Пайғамбар (а) аз хайру эхсон кардан ба ақрабои худам бароям маҳбубтар аст”.

4.Ҳазрати Умар (р) ҳангоми талаби борон бо муҳаббат ва дуои ақрабои Пайғамбар (с) тавассул мекард.  Имом Бухорӣ дар ин мавзӯъ аз ҳазрати Анас чунин ривоят кардааст:

“وفي صحيح البخاري- 2 / 27:عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ،أَنَّ عُمَرَ بْنَ الخَطَّابِ ،كَانَ إِذَا قَحَطُوا اسْتَسْقَى بِالعَبَّاسِ بْنِ عَبْدِ المُطَّلِبِ،فَقَالَ:اللَّهُمَّ إِنَّا كُنَّا نَتَوَسَّلُ إِلَيْكَ بِنَبِيِّنَا فَتَسْقِينَا،وَإِنَّا نَتَوَسَّلُ إِلَيْكَ بِعَمِّ نَبِيِّنَا فَاسْقِنَا»،قَالَ: فَيُسْقَوْنَ”.

“Ҳар вақте ҳазрати Умар талаби борон мекард бо Аббос ибни Абдулмутталлиб тавассул мекард ва чунин мегуфт: Бор Худоё! Мо  бо Пайғамбарамон (с)  (ҳангоми ҳаёташ) тавассул карда аз ту талаби борон мекардем ва онро ба мо ато мекардӣ. Ва (имрӯз, яъне баъди вафоти он ҳазрат) бо амаки вай тавассул мекунем, пас, бароямон борон ато намо!” Ҳазрати Анас мегӯяд: Бо чунин тавассул борон ато карда мешуданд”.

5.Аҳли байти Пайғамбар (с) порае аз он ҳазрат ё узве аз оилаи ӯ мебошанд. Аз ҳамин чиҳат дӯст доштани онҳо дӯст доштани Пайғамбар (с) ва бад диданашон бад дидани он ҳазрат аст.

Дар ин мавзӯъ баъзе аҳодиси саҳеҳро зикр мекунем, ки чунин мебошанд:

1.Дар ривояти Имом Бухорӣ аз Мисвар ибни Махрама Пайғамбар (с) дар мавриди духтараш Фотимаи Заҳро чунин гуфтааст:

“وفي صحيح البخاري – 5 / 21: عَنِ المِسْوَرِ بْنِ مَخْرَمَةَ، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَ: «فَاطِمَةُ بَضْعَةٌ مِنِّي، فَمَنْ أَغْضَبَهَا أَغْضَبَنِي»

“Фотима порае аз ман аст. Пас касе вайро нохуш бисозад маро нохуш кардааст”.

  1. Дар ривояти “Мустадрак” бо санади саҳеҳ Усмони Наҳдӣ чунин ривоят кардааст:

“وفي المستدرك على الصحيحين للحاكم -3/ 141: عَنْ أَبِي عُثْمَانَ النَّهْدِيُّ قَالَ:قَالَ رَجُلٌ لِسَلْمَانَ:مَا أَشَدَّ حُبُّكَ لِعَلِيٍّ، قَالَ: سَمِعْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:«مَنْ أَحَبَّ عَلِيًّا فَقَدْ أَحَبَّنِي، وَمَنْ أَبْغَضَ عَلِيًّا فَقَدْ أَبْغَضَنِي»  (هَذَا حَدِيثٌ صَحِيحٌ عَلَى شَرْطِ الشَّيْخَيْنِ، وَلَمْ يُخَرِّجَاهُ ” وفي التعليق – من تلخيص الذهبي- 4648 – على شرط البخاري ومسلم).

“Марде ба Салмони Форсӣ гуфт:Чаро ҳазрати Алиро бисёр сахт дӯст медорӣ? Гуфт: Зеро аз Пайғамбар (с) шунидам, ки чунин гуфт: Касе Алиро дӯст бидорад, пас, ба ростӣ маро дӯст доштааст ва касе Алиро бад бубинад пас, ба ростӣ маро бад дидааст”.

3.Дар ривояти Ибни Моҷа бо санади ҳасан Пайғамбар (с) дар мавриди наберагонаш имомон Ҳасан ва Ҳусайн чунин гуфтааст:

“وفي سنن ابن ماجه-1/ 51:عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ، قَالَ:قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «مَنْ أَحَبَّ الْحَسَنَ وَالْحُسَيْنَ فَقَدْ أَحَبَّنِي، وَمَنْ أَبْغَضَهُمَا فَقَدْ أَبْغَضَنِي»  (وحكم المحقق: حسن).

Касе Ҳасан ва Ҳусайнро  дӯст бидорад, пас, ба ростӣ маро дӯст доштааст ва касе Ҳасан ва Ҳусайнро  бад бубинад пас, ба ростӣ маро бад дидааст”

4.Муҳаббати Аллоҳ бо муҳаббати Пайғамбар (с) ва муҳаббати он ҳазрат бо муҳаббати аҳли байташ комил мешавад. Чуноне дар ривояти Ҳоким бо санади саҳеҳ аз тариқи ҳазрати Ибни Аббос, Пайғамбар (с) чунин фармудааст:

“وفي المستدرك على الصحيحين للحاكم -3/ 162: عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «أَحِبُّوا اللَّهَ لِمَا يَغْذُوكُمْ بِهِ مِنْ نِعَمِهِ، وَأَحِبُّونِي لِحُبِّ اللَّهِ، وَأَحِبُّوا أَهْلَ بَيْتِي لِحُبِّي» (هَذَا حَدِيثٌ صَحِيحُ الْإِسْنَادِ، وَلَمْ يُخَرِّجَاهُ ” . وفي التعليق – من تلخيص الذهبي: 4716 – صحيح).

«Аллоҳро барои он неъматҳояш, ки ба шумо рӯзӣ додааст, дӯст бидоред. Маро барои муҳаббати Аллоҳ ва аҳли байтамро ба хотири муҳаббати ман дӯст бидоред!»

5. Дӯст доштани Муҳаммад (с) дӯст доштани тамоми ҳамсаронашро лозим медорад. Саҳобии бузургвор Амр ибни Ос дар ривояти Имом Бухорӣ чунин ривоят мекунад:

“وفي صحيح البخاري – 5 / 5: عَنْ أَبِي عُثْمَانَ، قَالَ: حَدَّثَنِي عَمْرُو بْنُ العَاصِ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، بَعَثَهُ عَلَى جَيْشِ ذَاتِ السُّلاَسِلِ، فَأَتَيْتُهُ فَقُلْتُ:”أَيُّ النَّاسِ أَحَبُّ إِلَيْكَ؟ قَالَ: «عَائِشَةُ»،

“Пайғамбар (с) дар ҷанги ба номи “Зоти салосил” Ибни Осро амир карда буд ва ӯ мегӯяд:Назди Пайғамбар (с) омадаму гуфтам:Маҳбубтарини мардум барои шумо кист? Гуфт: Оиша”.

6. Дӯст доштани Пайғамбар (с) дӯст доштани он мавлои ҳазратро, яъне насли ғуломи озодкардаашро ки аз аҳли байт нест, лозим медорад. Пас аҳли байташро ба тариқи авло бояд дӯст дошта шавад. Дар ривояти Имом Муслим аз Фотима бинти Қайс Пайғамбар (с) дар мавриди писари мавлояш, яъне писари Зайд ибни Ҳориса, яъне дар мавриди Усома ибни Зайд чунин гуфтааст:

“وفي صحيح مسلم -4/ 2261:عن فَاطِمَةَ بِنْتَ قَيْسٍ.أَنَّ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ،قَالَ:مَنْ أَحَبَّنِي فَلْيُحِبَّ أُسَامَةَ

“Касе маро дӯст медорад, пас, бояд Усомаро низ дӯст бидорад”.

Чуноне медонем Усома писари саҳобии бузургвор Зайд ибни Ҳориса разияллоҳу анҳумо аст, ки ҳазрати Зайд дар асли худ  ғуломи озодкардаи Пайғамбар (с) аст.


ҲУКМИ ДАШНОМ ДОДАНИ АҲЛИ БАЙТ

Дашном додани фарде аз афроди «Аҳли байт» ночиз шуморидани ҳақе аз ҳуқуқҳои Муҳаммад (с) болои умматаш дошта, яъне риъоя накардани ҳақи муҳаббати ӯ  дониста мешавад ва шахси дашномдиҳандаро ҷазои сахт ва тавба дода мешавад, валекин вайро ҳукми хуруҷи аз дин карда намешавад.

Аммо агар касе худи Пайғамбар (с)-ро дашном бидиҳад муртади бедин мегардад.


ҲУКМИ ИДАОИ ДУРӮҒИНИ АЗ «АҲЛИ БАЙТ» БУДАН

Идаои дурӯғини аз «Аҳли байт» будан низ ночиз шуморидани ҳақе аз ҳуқуқҳои Муҳаммад (с) аст ва ҷазои сахт ва тавба доданро ба дунбол дорад.


ОЁ ЭШОНОНИ МО АЗ АҲЛИ БАЙТ МЕБОШАНД

Чуноне гузашт мурод аз аҳли байт зурияи ҳазрати Алӣ, зурияи ҳазрати Ақил, зурияи ҳазрати Ҷаъфар, зурияи ҳазрати Аббос ва зурияи Ҳорис ибни Муталлиб разияллоҳу анҳум аҷмаъин аст. Ба таври мисол ҳазрати Аббос (р) даҳ писар ва чандин духтар дошт ва ҳангоме дар соли 200 ҳиҷрӣ, яъне дар соли 814 милодӣ, ки 168 сол баъди вафоташ мебошад, шумораи наберагонашро шумориданд ададашон ба 33 ҳазор нафар расида буд.

Аммо ҳазрати Алӣ (р) ёздаҳ писар доштанд ва аз насли ӯ низ ҳазорон нафар дар олами исломӣ интишор ёфтааст.

Агар инро дар назар бигирем, ки Давлати Сомониҳо дар Бухоро тобеи Давлати Аббосиҳо буд, омадани афроди зиёди насли ҳазрати Аббос ба сарзаминҳои мо аз эҳтимол дӯр нест. Дигар ин, ки Амир Темур низ барои афзудани шуҳрати давлати худаш афроди зиёдеро аз аҳли байт ба Самарқанд ва Бухоро оварда бошад, низ эҳтимол дорад.

Иллати дигари омадани «Аҳли байт» ба ин сарзаминиҳо фирорӣ шудани баъзе афроди онҳо ҳангоми ихтилофашон бо уммавиҳо ва ғайра шуда метавонад.

Аз ин нигоҳ баъзе эшонони мо дар ҳақиқат аз «Аҳли байт» мебошанд ва баъзе дигарашон аз «Аҳли байт» набуда ходимони аҳли байтанд ва дар хидмати онҳо ва бо дуои онҳо номи эшониро касб кардаанд.

Бо вуҷуди ин эҳтимолҳо ҳуҷҷату далели насабнома ё ҳамчуноне мегӯянд шаҷаранома зарур аст. Зеро «Аҳли байт» дар байни мусулмонон мақоми хосе доранд ва муҳаббату эҳтироми онҳо дар шариъат матлуб аст, валекин исботи чунин амри муҳим бидуни далел мақбул нест.


Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣРаҳими Ғармӣ кист? Рахими Гарми кист?
Мақолаи баъдӣТабақаҳои аҳли байт – Табакахои ахли байт