Табақаҳои аҳли байт
Аз таҳқиқи масъалаи “Аҳли байти Муҳаммад” (с) зоҳир мешавад, ки онҳо дар се табақа қарор доранд:
- Табақаи ом.
- Табақаи хос.
- Табақаи хосулхос.
Табақаи оми аҳли байт
Дар табақаи оми “Аҳли байт” фарзандон, наберагон, ҳамсарон ва он ақрабои Пайғамбар (с), ки барояшон гирифтани моли закот ҳаром аст, дохиланд.
Далели дар табақаи оми “Аҳли байт” дохил будани ҳамаи ҳамсарони Пайғамбар (с) ҳамроҳи фарзандон, наберагон ва он ақрабояш, ки барояшон гирифтани закот ҳаром аст, ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” мебошад. Дар ин ривоят Пайғамбар (с) аз покдомании ҳамсараш ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо хабар дода ӯро аз аҳли байташ гуфтааст. Лафзи ривоят чунин аст:
«مَنْ يَعْذِرُنَا فِي رَجُلٍ بَلَغَنِي أَذَاهُ فِي أَهْلِ بَيْتِي،فَوَاللَّهِ مَا عَلِمْتُ مِنْ أَهْلِي إِلَّا خَيْرًا”. (كذا في صحيح البخاري -3/ 168)
“Чӣ касе дар мавриди марде, ки боиси азият ва озори аҳли байтам шудааст, (яъне модари муъминон ҳазрати Оишаро туҳмат ба зино кардааст) моро маъзур медорад. (Яъне агар барои чунин азият доданаш ҷазояш бидиҳам манро сарзаниш намекунад) Қасам ба Аллоҳ! Ман аз аҳли худам (аз ҳазрати Оиша) ба ҷуз хайр чизеро намедонам”.
Табақаи хоси “Аҳли байт”
Ин табақаи “Аҳли байт” ҳамсарони Пайғамбар (с)-ро дарбар намегирад ва дар он фарзандон, наберагон ва он ақрабояш дохил мешаванд, ки барои онҳо гирифтани закот ҳаром аст. Ақрабое, ки барояшон гирифтани закот ҳаром мебошад, зурияи ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб, зурияи ҳазрати Ақил ибни Абутолиб, зурияи ҳазрати Ҷаъфар ибни Абутолиб ва зурияи ҳазрати Аббос ибни Абдулмуталиб разияллоҳу анҳум аҷмаъин мебошанд.
Далели дохил будани ашхоси мазкур дар табақаи хоси “Аҳли байт” ривояти “ Саҳеҳи Бухорӣ” аст, ки дар он Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
عن زَيْدِ بْنِ أَرْقَمَ رضي الله عنه ثُمَّ قَال )رسول الله – صلى الله عليه وآله وسلم(:وَأَهْلُ بَيْتِي أُذَكِّرُكُمُ اللهَ فِي أَهْلِ بَيْتِي، أُذَكِّرُكُمُ اللهَ فِي أَهْلِ بَيْتِي،أُذَكِّرُكُمُ اللهَ فِي أَهْلِ بَيْتِي» فَقَالَ لَهُ حُصَيْنٌ:وَمَنْ أَهْلُ بَيْتِهِ؟ يَا زَيْدُ أَلَيْسَ نِسَاؤُهُ مِنْ أَهْلِ بَيْتِهِ؟ قَالَ:نِسَاؤُهُ مِنْ أَهْلِ بَيْتِهِ،وَلَكِنْ أَهْلُ بَيْتِهِ مَنْ حُرِمَ الصَّدَقَةَ بَعْدَهُ،قَالَ: وَمَنْ هُمْ؟ قَالَ:هُمْ آلُ عَلِيٍّ وَآلُ عَقِيلٍ،وَآلُ جَعْفَرٍ،وَآلُ عَبَّاسٍ قَالَ:كُلُّ هَؤُلَاءِ حُرِمَ الصَّدَقَةَ؟ قَالَ:نَعَمْ”.(كذا في صحيح مسلم- 4/ 1873- عن زَيْدِ بْنِ أَرْقَمَ رضي الله عنه)
“Ва аҳли байтам! Аз Аллоҳ битарсед ва ҳуқуқи аҳли байти манро риоя кунед! Аз Аллоҳ битарсед ва ҳуқуқи аҳли байти манро риоя кунед! Аз Аллоҳ битарсед ва ҳуқуқи аҳли байти манро риоя кунед!”
Саҳобии бузургвор Имрон ибни Ҳусайн разияллоҳу анҳу аз ровии ин ривоят саҳобии бузургвор Зайд ибни Арқам разияллоҳу анҳу чунин савол кард: Аҳли Байташ кист? Оё ҳамсаронаш аз аҳли байт намебошанд? Зайд ибни Арқам разияллоҳу анҳу гуфт: Ҳамсарони Пайғамбар (с) аз “Аҳли байт” ҳастанд, валекин аҳли байти (хоси) ӯ касонеанд, ки бар онҳо гирифтани закот ҳаром аст. Имрон ибни Ҳусайн разияллоҳу анҳу гуфт: Онҳо чӣ касоне мебошанд? Зайд ибни Арқам разияллоҳу анҳу гуфт: Онҳо Оли Алӣ, Оли Ақил, Оли Ҷаъфар ва Оли Аббос мебошанд. Имрон ибни Ҳусайн разияллоҳу анҳу гуфт: Закот бар ҳамаи инҳо ҳаром аст? Зайд ибни Арқам разияллоҳу анҳу гуфт: Бале!”.
Табақаи хосулхоси “Аҳли байт”
Дар табақаи хосулхоси “Аҳли байт” танҳо фарзандони Пайғамбар (с), домодаш ҳазрати Алӣ, наберагонаш имомон Ҳасан ва Ҳусейн ва зурияи ин ду набераи бузургвораш дохил мебошанд. Пас дар табақаи хосулхоси аҳли байт ҳамсаронаш ва он ақрабояш, ки барои онҳо закот ҳаром аст, дохил намебошанд. Дар ин мавзӯъ дар ривояти саҳеҳи “Сунани Тирмизӣ” чунин омадааст:
“عَنْ عُمَرَ بْنِ أَبِي سَلَمَةَ،رَبِيبِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّم قال:”نَزَلَتْ هَذِهِ الآيَةُ عَلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ {إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ البَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا} (الأحزاب: 33) فِي بَيْتِ أُمِّ سَلَمَةَ، فَدَعَا النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَاطِمَةَ وَحَسَنًا وَحُسَيْنًا فَجَلَّلَهُمْ بِكِسَاءٍ وَعَلِيٌّ خَلْفَ ظَهْرِهِ فَجَلَّلَهُ بِكِسَاءٍ ثُمَّ قَالَ: «اللَّهُمَّ هَؤُلَاءِ أَهْلُ بَيْتِي فَأَذْهِبْ عَنْهُمُ الرِّجْسَ وَطَهِّرْهُمْ تَطْهِيرًا» قَالَتْ أُمُّ سَلَمَةَ: وَأَنَا مَعَهُمْ يَا رَسُولَ اللَّهِ؟ قَالَ:«أَنْتِ عَلَى مَكَانِكِ وَأَنْتِ إِلَى خَيْرٍ». (كذافي سنن الترمذي -5/ 663/ 3787 – وحكم المحقق:صحيح )
“Вақте ояти 33 сураи “Аҳзоб”:”Ҷуз ин нест, ки Аллоҳ мехоҳад палидиро аз шумо аҳли байт дӯр бикунад ва шуморо комилан покиза бигардонад” дар ҳуҷраи Умми Саллама нозил гардид, Пайғамбар (с) духтараш Фотима ва наберагонаш Ҳасан ва Ҳусайн разияллоҳу анҳумро даъват кард ва онҳоро бо ҷомае сатр кард ва ҳазрати Алӣ аз ҷониби пушташ буд ва ӯро низ бо ҷомае бипушонид ва гуфт: “Бор Худоё! Инҳо аҳли байти мананд, аз онҳо палидиро дӯр бисоз ва ба таври комил покизаашон бигардон”.
Дар ин асно модари муъминон Умми Саллама разияллоҳу анҳо гуфт: Ман ҳам дар зери ҷома ҳамроҳашон бошам? Пайғамбар (с) гуфт: Ту дар ҷоят ист ва ту бар хайр ҳастӣ”. Яъне ту аз аҳли байт ҳастӣ, вале на аз табақаи инҳо.
Мавзӯи пурраро инҷо хонед >> Аҳлибайтшиносӣ
Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<


