Бисёр менишинӣ? Зуд пир мешавӣ!

0

Мутахассисони Донишгоҳи Калифорния дар Сан-Диего пайвастагӣ байни тарзи нишастаи ҳаёт ва пиршавии зуди ҳуҷайраҳои инсонро муайян карданд. Ба ақидаи олимон, камфаъолиятӣ раванди пажмурдашавии организмро фаъол мегардонад.

Дар тадқиқот 1,5 ҳазор занҳои аз 64 то 95 – сола иштирок карданд. Баъди омӯзиши тартиби рӯз ва хӯрокхӯрӣ ва одатҳои зарарнок мутахассисон ба хулоса омаданд, ки синни биологии ҳуҷайраҳои занҳои беш аз 10 соат дар як рӯз менишаста, нисбат ба занҳое, ки бештар ҳаракат мекунанд, ҳашт сол «калонтаранд».

«Агар шумо хоҳед, ҳар чи бештар ҷавонтар тобед, ҳамчунин, умри бардавом ва пурсаодат дошта бошед, пас бадани худро ба ҳаракат кардан маҷбур созед»,- мегӯяд роҳбари гурӯҳ Аладдин Шадяб.

Ғайр аз ин, занҳои камфаъол бештар хавфи гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд ва ҳатто саратонро доранд.

Ин хулосаҳои баровардашуда на танҳо ба занҳо, балки ба мардҳо ҳам тааллуқ доранд.

Пас, Бисёр менишинӣ? Зуд пир мешавӣ!

То 30-солагӣ чиро бояд аз худ кард?

Мақолаи қаблӣНаркозро кӣ ихтироъ кардааст?
Мақолаи баъдӣМаълумотҳои ҷолиб аз Кори Ишкамба