Аз чи метарсед?

0

Якчанд пурсиш оиди тарс дар зиндагӣ аз падар, модар, писар ва духтаре бо ҷавобҳои аҷиб оварда мешаванд. Шумо низ дар шарҳ нависед, аз чи чизе метарсед? 

Аз падаре пурсиданд:
– Дар ҳаёт бештар аз чӣ метарсӣ? Дар ҷавоб гуфт:
– Ба тӯҳмату бало гирифтор шудани фарзандонам.

Аз модаре пурсиданд:
– Туро чӣ бештар ба тарс меорад? Дар ҷавоб гуфт:
– Ба доми шайтон афтодани ҷигарбандонам.

Аз ҷавонмарде пурсиданд:
– Ҳастии туро аз чӣ тарс ҳаст? Дар ҷавоб гуфт:
– Аз мӯҳтоҷ шудан ба дӯсти номард.

Аз духтаре пурсиданд:
– Оё дар рӯзгор аз чизе метарсӣ? Дар ҷавоб гуфт:
– Бале. Аз хонавайрон шудан метарсам.


Шумо низ дар шарҳ нависед, аз чӣ чизе метарсед? 

Гипноз чист? Чанд маълумот оид ба он

Мақолаи қаблӣХислатҳое, ки инсонро хушбахт месозанд
Мақолаи баъдӣМаънои Аузубилох ва Бисмилох

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед