ХАКЕР КИСТ?

0

Хакер ва ё рахнагар – мутахассиси корозмуда ва маҳоратнокеро меноманд, ки таҷрибаи бойи корӣ дар соҳаи барномасозӣ, забонҳои барномасозӣ, таъминоти барномавии компютер ва тамоми чизҳое, ки бо барномаҳои компютерӣ рабт доранд, доро мебошад.

Мафҳуми “хакер” алакай солҳои 1960 пайдо шуда буд.  Сараввал жаргони “хак” (hack) пайдо шуда буд, ки маънои шикастан ва вайрон карданро дорад. Бо ин мақсад метавон гуфт, ки калима ва ё жаргони мазкур аз он пайдо шуд, ки баъзе донишҷӯён ба барномаҳо тағйиротҳои худро ворид мекарданд ва калимаи “hack” маънои натиҷа додани тағйирот дар барномаро дошт.

Айни ҳол хакерҳо хело зиёданд. Онҳо дар интернет ва дигар соҳаҳои компютерӣ бо “кор”-ҳои зиёде ҳам машғуланд. “Кор”-и онҳо метавонад, аз сохтани як барномаи оддӣ то ягон “дуздӣ”-и ҷиддӣ, ки боиси зарари миллиардҳо доллар мегардад, бошад. Яке сомонае месозад ва аз ин пул кор мекунад, дигаре бо фармоиш системаеро мешиканад ва ё ҳамёнеро медуздад.

Хакерҳоро асосан ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: “Black Hat” (кулоҳи сиёҳ) ва “White Hat” (кулоҳи сафед).


Хакерҳои “Black Hat”

Интернет аз зиёдии хакер, чун рахнагарон ва ё “Black Hat” (кулоҳи сиёҳ)-ҳо ҷӯш мезанад. Инҳо ҳамон киберҷинояткорҳое мебошанд, ки дар бораашон дар ахборҳо сухан меронанд. Барои баъзеи онҳо машғул шудан бо амалҳои хакерӣ як дилхушӣ аст, барои баъзеи дигар манфиати шахсӣ.


Хакерҳои “White Hat”

Хакерҳое, ки малакаи худро дар роҳи дуруст истифода мебаранд, хакерҳои “White Hat” (кулоҳи сафед) номида мешаванд. Ин дӯстонамон дар ширкатҳои гуногун ба таври расмӣ ё ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд ва асоси пешравии таъминоти барномавӣ ва интернет ба ҳисоб мераванд. Ин афрод барномаҳои ҷолиб сохта, бе вайрон намудани қонунҳо фаъолият мебаранд.


10 хакер, ки дунё аз онҳо ҳарос дорад

Дар таҳияи мавод сарчашмаҳои зер ёрӣ расонданд:
www.star-force.ru
kurs-pc-dvd.ru

Мақолаи қаблӣКитоби калонтарин ва хурдтарин дар ҷаҳон
Мақолаи баъдӣРавоншиносӣ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед