Якчанд далели ҷолиби математикӣ дар Қуръони карим, инҷо хонед >>
Дар китоби Қуръони карим ҳатто ҳар як калима бо ҳикмати хосаи ҳам илми динӣ ва ҳам риёзиёту дигар улум нозил шудаанд. Барои мисол:
Дар тамоми китоб калимаи “Ҷазо” 117 маротиба зикр шудааст. Калимаи “Бахшидан” бошад, 234 маротиба зикр шудааст. Яъне Худованд бахшиданро расо ду баробар бештар ёдрасамон мекунад. Бораҳму шафқат буданамонро талқин менамояд.
Инчунин калимаҳои “Дунё” ва “Охират” ҳар кадом 115 маротибагӣ зикр шудаанд. Калимаҳои “Иблис” ва “Малоика” бошанд , ҳар кадоме 88 маротибагӣ зикр шудаанд. Калимаи “Ҷаннат” 77 маротиба ва “Дӯзах” 77 маротиба зикр шудаанд. Калимаҳои “Закот” ва “Баракат” ҳарду баробар 32 маротибагӣ зикр шудаанд. Калимаи “Сарватмандӣ” 26 маротиба, “Фақирӣ” ду баробар камтар, яъне 13 маротиба зикр шудааст. Калимаҳои “Зан” ва “Мард” ҳар кадоме 23 маротибагӣ зикр шудаанд. Ҳамаи ин далоили илмӣ ишорат ба китоби Аллоҳ будани Қуръон менамояд.