Якчанд маслиҳати муфид барои занон аз сомонаи www.DONISH.su барои шумо азизон >>

Барои зуд надаридани колготкаи занона рӯйи он пошидани лак барои мӯйи сар кифоя аст. Барои васеъ нашудани ҷойи дарида ба ду ҷониби он лаки нохун мемоланд.
Тугма ва қулфакҳои либосҳо аксаран ҳангоми ҷомашӯӣ даруни мошина меафтанд. Барои роҳ надодан ба ин ҳолат, пеш аз шустан онҳоро маҳкам карда, либосро чаппа гардондан муҳим аст.
Чарми локиро метавон бо ёрии воситаи шустушӯи тирезаҳо тоза намуд. Он камбудиҳои хурдро номаълум карда, ҷилои пешини онро бармегардонад.
Барои тоза кардани доғи либос рӯйи он упои кӯдакона рехта, то саҳар нигоҳ доред.
Барои беҳтару хубтар тоза кардани пойафзолҳои латтагӣ омехтаи маҳлули сода ва хокаи ҷомашӯӣ мувофиқ аст, ки бо ёрии чӯткаи дандоншӯӣ ба роҳ монда мешавад.
Барои тоза кардани либос аз сақичи часпида, либосро ба яхдон гузоред, баъдан ҷои сақиччаспидаро соиш диҳед, сақич мерезад.
Таҳияи Л.РАҲИМОВА (@ovozisamarqand)


