Бардоштани ангушти ишора ё саббоба ё мусаббиҳа дар Намоз. Масъалаҳои ихтилофӣ дар намоз. Шарҳи Чоркитоб. Бардоштани ангушти ишора ё саббоба ё мусаббиха дар Намоз. Масъалахои ихтилофи дар намоз. Шархи Чоркитоб.
Дуввумин ангушт, ки дар назди ангушти бузург аст бо се ном маъруф аст:
1- Ишора, яъне ангуште, ки ҳангоме ба чизе ишор кардан онро бардошта ва бо он ишора карда мешавад.
2-Саббоба, ки маънояш дашномдиҳанда мебошад. Ин ангуштро барои он саббобаҳ гуфтаанд, ки ҳангоми таҳдид ва дашном додани касе бо он ба сӯяш ишора карда мешавад.
3-Мусаббиҳа, ки маънояш покгӯянда мешавад. Ин ангуштро барои он покгӯянда номидаанд, ки ҳангоми ишора ба тавҳид ва пок гуфтани Аллоҳ таоло аз ширк онро бардошта ва бо он ишора карда мешавад.
Ихтилофи уламои ҳанафӣ
Ихтилофи уламои мазҳаби мо ҳанафиҳоро дар масъалаи ишораи бо мусаббиҳаро Ибни Обидин дар “Ради муҳтор” чунин баён кардааст:
“وفي الدر المختار وحاشية ابن عابدين”رد المحتار”-1/ 509:لَيْسَ لَنَا سِوَى قَوْلَيْنِ:الْأَوَّلُ وَهُوَالْمَشْهُورُ فِي الْمَذْهَبِ بَسْطُ الْأَصَابِعِ بِدُونِ إشَارَةٍ. الثَّانِي بَسْطُ الْأَصَابِعِ إلَى حِينِ الشَّهَادَةِ، فَيَعْقِدُ عِنْدَهَا وَيَرْفَعُ السَّبَّابَةَ عِنْدَ النَّفْيِ وَيَضَعُهَا عِنْدَ الْإِثْبَاتِ،وَهَذَا مَا اعْتَمَدَهُ الْمُتَأَخِّرُونَ لِثُبُوتِهِ عَنْ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بِالْأَحَادِيثِ الصَّحِيحَةِ وَلِصِحَّةِ نَقْلِهِ عَنْ أَئِمَّتِنَا الثَّلَاثَةِ، فَلِذَا قَالَ فِي الْفَتْحِ: إنَّ الْأَوَّلَ خِلَافُ الدِّرَايَةِ وَالرِّوَايَةِ”.
“Дар масъалаи ишораи бо сабобаҳ дар мазҳаби мо танҳо ду назар аст:
1-Назари аввал ва машҳур паҳн гузоштани ангуштон болои рони пой бидуни ишора карданд аст.
2- Назари дуввум то расидан ба хондани калимаи шаҳодат паҳн нузоштани ангуштон болои рони пой ва ҳангоми хондани калимаи шаҳодат ангушти бузургро бо ангушти миёна ҳалқа кардан ва ангушти ишораро ( ки ангушти дар байни ангушти бузург ва ангушти миёна қарор дорад) дар аснои нафӣ, яъне “Ло илоҳа” гуфтан бардоштан ва дар аснои исбот, яъне “Иллаллоҳ” гуфтан фаровардан аст.
Уламои мутаахири ҳанафӣ ба назари дуввум, яъне ба ишора кардан бинобар дар ҳадисҳои саҳеҳ аз Пайғамбар (с) собит буданаш ва аз ҷиҳати аз се имоми аввали мо; Абуҳанифа, Абуюсуф ва Муҳаммад ибни Ҳасан раҳимаҳумуллоҳ ривоят шуданаш, эътимод кардаанд. Аз ҳамин ҷиҳат муҳаққиқ Ибни Ҳуммом дар “Фатҳулқадир” яъне дар шарҳи “Ҳидоя” чунин гуфтааст: Ривояти аввал, яъне ишора накардан бо сабобаҳ мухолифи дироят ва ривоят аст”.
Аммо ишораи сабобаҳ накардан мухолифи ривояту дироят буданаш аз чанд ҷиҳат аст:
Аз ҷиҳати собит будани ишораи бо саббоба дар суннат
Мо баъзе аҳодиси исботкунандаи суннат будани ишораи саббобаро меорем:
1- Дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” чунин омадааст:
“عَنِ ابْنِ عُمَرَ: «أَنَّ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ إِذَا قَعَدَ فِي التَّشَهُّدِ وَضَعَ يَدَهُ الْيُسْرَى عَلَى رُكْبَتِهِ الْيُسْرَى، وَوَضَعَ يَدَهُ الْيُمْنَى عَلَى رُكْبَتِهِ الْيُمْنَى، وَعَقَدَ ثَلَاثَةً وَخَمْسِينَ، وَأَشَارَ بِالسَّبَّابَةِ “. (كذا في صحيح مسلم -1/ 40 -115 – 580-ثَلَاثَةً وَخَمْسِينَ : وَهُوَ أَنْ يَعْقِدَ الْخِنْصَرَ وَالْبِنْصِرَ وَالْوُسْطَى، وَيُرْسِلَ الْمُسَبِّحَةَ، وَيَضُمَّ الْإِبْهَامَ إِلَى أَصْلِ الْمُسَبِّحَةِ، قَالَ الطِّيبِيُّ: وَلِلْفُقَهَاءِ فِي كَيْفِيَّةِ عَقْدِهَا وُجُوهٌ، أَحَدُهَا: مَا ذَكَرْنَا، وَالثَّانِي: أَنْ يَضُمَّ الْإِبْهَامَ إِلَى الْوُسْطَى الْمَقْبُوضَةِ كَالْقَابِضِ ثَلَاثًا وَعِشْرِينَ،فَإِنَّ ابْنَ الزُّبَيْرِ رَوَاهُ كَذَلِكَ.كذا في مرقاة المفاتيح -2/ 729)
“Чун ҳангоми “Аттаҳийёт” хондан менишаст дасти росташро болои зонуи рост ва дасти чапашро болои зонуи чапаш гузошта ва ангӯштонашро мисли адади панҷоҳу се ҷамъ мекард ва бо саббоба ишора мекард.”
Уламои ҳисоб ҳангоме бихоҳанд бо ишораи даст адади 53 –ро баён бидоранд се ангушти дастро, яъне ангушти хурдтаринро, ки хинсар ном дорад ва ангушти қабл аз вайро, ки бинсар ном дорад ҳамроҳи ангушти мобайни якҷоя ҷамъ ва қад мекунанд.
2- Дар ривояти “Сунани Абудовуд” ва ғайри он бо санади саҳеҳ саҳобии бузургвор Саъд ибни Абуваққос (р-з) чунин ривоят кардааст:
“عَنْ سَعْدِ بْنِ أَبِى وَقَّاصٍ قَالَ مَرَّ عَلَىَّ النَّبِىُّ -صلى الله عليه وسلم- وَأَنَا أَدْعُو بِأُصْبُعَىَّ فَقَالَ « أَحِّدْ أَحِّدْ ». وَأَشَارَ بِالسَّبَّابَةِ.” (رواه ابوداود كما في سنن أبى داود:1 / 555 وقد صححه محقق سننه. ورواه ابويعلى كما في مسند أبي يعلى :2 / 123حديث: 793 وقال حسين سليم أسد: إسناده صحيح).
” Пайғамбар (с) аз наздам дар ҳоле мегузашт, ки ман бо ду ангӯштам дуъо мекардам ва ӯ ба ман гуфт: “Бо як ангӯшт бикун, бо як ангӯшт бикун” ва ишора ба саббоба кард”.
3- Дар ривояти “Муснади Имом Аҳмад” бо санади саҳеҳ чунин омадааст:
“كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِذَا جَلَسَ فِي التَّشَهُّدِ وَضَعَ يَدَهُ الْيُمْنَى عَلَى فَخِذِهِ الْيُمْنَى وَيَدَهُ الْيُسْرَى عَلَى فَخِذِهِ الْيُسْرَى وَأَشَارَ بِالسَّبَّابَةِ وَلَمْ يُجَاوِزْ بَصَرُهُ إِشَارَتَهُ.” (رواه أحمد كما في مسند أحمد :26 / 25 وفي تعليق شعيب الأرنؤوط :حديث صحيح )
“Пайғамбар (с) ҳангоми барои “Аттаҳийёт” хондан нишастанаш дасти росташро болои рони рост ва дасти чапашро болои рони чап гузорида ва бо саббоба ишора мекард ва чашмонаш ба ишора карданаш духта шуда буданд.”
4-Дар ривояти дигари “Сунани Абудовуд” бо санади саҳеҳ чунин омадааст:
“وَقَبَضَ ثِنْتَيْنِ وَحَلَّقَ حَلْقَةً وَرَأَيْتُهُ يَقُولُ هَكَذَا. وَحَلَّقَ بِشْرٌ الإِبْهَامَ وَالْوُسْطَى وَأَشَارَ بِالسَّبَّابَةِ.” (رواه أبوداود كما سنن أبى داود-ن :1 / 264 وقد صححه محقق سننه)
“Пайғамбар (с) ду ангӯшташро қабз мекард ва ду ангӯшти дигарашро чунин ҳалқа мекард.Ровӣ, ки Бишр ном дошт (инро гуфту барои нишондодан) ангӯшти мобайниро бо ангӯшти бузург ҳалқа кард ва бо саббоба ишора намуд.”
5-Дар ривояти “Сунани Насоӣ” бо санади саҳеҳ чунин омадааст:
“ووضع يده اليسرى على فخذه اليسرى ويده اليمنى على فخذه اليمنى وعقد ثنتين الوسطى والإبهام وأشار بالسبابة.” (رواه النسائي كما في سنن النسائي وقد صححه محقق سننه)
“Пайғамбар (с) дасти росташро болои рони рост ва дасти чапашро болои рони чап гузорид ва ду ангӯшташ, яъне ангӯшти мобайн ва бузургро ҳалқа кард ва бо саббоба ишора мекард.”
6- Дар ривояти “Саҳеҳи Ибни Ҳиббон” чунин омадааст:
” كان رسول الله صلى الله عليه و سلم إذا جلس في الركعتين افترش اليسرى ونصب اليمنى ووضع إبهامه على الوسطى وأشار بالسبابة…” ( رواه محمد بن حبان كما صحيح ابن حبان بتحقيق الأرناؤوط – :5 / 270 وقال شعيب الأرنؤوط : إسناده قوي)
“Пайғамбар (с) ҳар вақто, ки баъди ду ракаъат намоз менишаст пои чапашро мехобонд ва пои росташро насб мекард, яъне сари ангӯштони пои росташро ба замин мемонд ва ангӯшти бузургашро болои ангӯшти мобайнаш гузошта бо саббоба ишора мекард.”
Аз ҷиҳати суннат будани ишора аз дидгоҳи имомони чаҳор мазҳаб
1- Бо иттифоқи фуқаҳои чаҳор мазҳаб ишораи бо саббобаҳ суннати собитшуда аз Пайғамбар (с) аст. Дар ин мавзӯъ дар “Мавсуъа” чунин омадааст:
الموسوعة الفقهية الكويتية –27/ 100- وَقَدِ اتَّفَقَ الْفُقَهَاءُ عَلَى أَنَّهُ يُسَنُّ لِلْمُصَلِّي أَنْ يُشِيرَ بِسَبَّابَتِهِ أَثْنَاءَ التَّشَهُّدِ، وَإِنِ اخْتَلَفُوا فِي كَيْفِيَّةِ قَبْضِ الْيَدِ وَالإْشَارَةِ.
“Фуқаҳо иттифоқ бар ин доранд, ки барои намозгузор суннат ин ҳаст, ки ҳангоми намоз дар аснои хондани калимаи шаҳодат бо саббобааш ишора бикунад, гарчанде дар кайфияти қабза кардани даст ва чигуна ишора кардан ихтилофи назар доранд”.
Мавлоно Абдулҳай масъаларо дар“Таълиқи мумаҷҷад” чунин баён мекунад:
“اختلفت الأئمة فيما بينهم في مسألتين:أولاهما في كيفية الإشارة في”المغني” ثلاث صور:الأولى التحليق والثانية العقد والثالثة الإشارة باسطا يديه ثم قال:والأول أولى..وأما الثانية:فهي تحريك الأصابع فلا يحرك الإصبع عندنا الحنفية وكذا عند الحنابلة وهي المفتى به عند الشافعية .وبه قال ابن القاسم من المالكية والمشهورعند المالكية التحريك .”(كذا في التعليق الممجد” على الموطأ – رواية محمد بن الحسن :1 / 228)
“Имомони аҳли суннат дар ду масъалаи марбут ба ишораи саббоба назари мухталиф баён кардаанд. Яке аз он дар кайфияти ишора, ки чигуна бояд анҷом дода шавад. Дар китоби “Муғнӣ” се навъи ишора карданро зикр кардааст; аввалаш ҳангоми ҳалқа кардани ангӯштон, дуввумаш ҷамъ кардани ангӯштон ва саввумаш ҳангоми болои рон дароз хобондани ангӯштон ишора кардан. Аз ин се навъи мазкур навъи аввалаш, яъне ҳангоми ишора ҳалқа занондани ангӯштон авло мебошад.
Аммо масъалаи дуввуми ихтилофи ин дар ҳаракат додан ва ё надодани ангӯшти ишора, яъне саббоба мебошад. Назари уламои ҳанафӣ, ҳанбалӣ, шофеъӣ ва инчунин назари Ибни Қосим аз уламои моликӣ ҳаракат надодан мебошад. Аммо машҳур дар мазҳаби моликӣ ҳаракат додани ангӯшти саббоба ҳангоми ишора аст.”
2- Имом Муҳаммад дар китоби “Муатта” ҳадисе дар ин мавзӯъи ишораи бо саббоба ривоят мекунад ва дар охири он назари худ ва назари Имом Абӯҳанифаро чунин иброз медорад:
“عن علي بن عبد الرحمن المعاوي: رآني عبد الله بن عمروأنا أعبث بالحصى في الصلاة فلما انصرفت نهاني وقال : أصنع كما كان رسول الله صلى الله عليه وسلم يصنع فقلت:كيف كان رسول الله صلى الله عليه و سلم يصنع ؟ قال:كان رسول الله صلى الله عليه و سلم إذا جلس في الصلاة وضع كفه اليمنى على فخذه اليمنى وقبض أصابعه كلها وأشار بإصبعه التي تلي الإبهام ووضع كفه اليسرى على فخذه اليسرى.” وقال محمد:وبصنيع رسول الله صلى الله عليه و سلم نأخذ وهو قول أبي حنيفة.” ( رواه الامام محمد في الموطأ – رواية محمد بن الحسن 1 / 228 حديث:145 وسنده: أخبرنا مالك أخبرنا مسلم (وثقه أبو داود والنسائي وابن معين مات في خلافة المنصور كذا في ” الإسعاف ” ) بن أبي مريم (اسمه يسار المدني ) عن علي (وثقه أبو زرعة والنسائي كذا قال السيوطي ) بن عبد الرحمن المعاوي (بضم الميم قال ابن عبد البر : منسوب إلى بني معاوية فخذ من الأنصار تابعي مدني ثقة روى له مسلم وأبو داود قاله الزرقاني ) أنه قال : رآني عبد الله بن عمر وأنا أعبث بالحصى في الصلاة……..)
“Муъовӣ мегӯяд: Абдуллоҳ ибни Умар маро мушоҳида кард, ки ҳангоми намоз бо сангрезаҳо бозӣ мекунам. Баъди ба итмом расонидани намоз маро аз чунин кор манъ карду гуфт: Ту дар намоз ончиро анҷом бидеҳ, ки Пайғамбар (с) анҷом медод. Гуфтам: Он чӣ будааст? Гуфт: Пайғамбар (с) ҳангоме дар намоз барои хондани “Аттаҳийёт” менишаст дасти росташро болои рони пои росташ мегузорид ва тамоми ангӯштонашро чамъ мекард ва бо ангӯшташ, ки дар бари ангӯшти калонияш буд ишора мекард ва кафи дасти чапашро болои рони чапаш мегузорид.”
Имом Муҳаммад инро ривоят карду гуфт: “Ончиро Пайғамбар (с) анҷом додааст анҷом медиҳем ва ин назари Имом Абӯҳанифа мебошад.”
Аз ҷиҳати мухолифат кардани қавл бо феъл ҳангоми ишора накардан
Соҳиби китоби “Аллубоб” чигуна мухолифи ривоят ва дироят будани тарки ишораи бо саббобаро чунин баён кардааст:
“قرأ تشهد ابن مسعود،بلا إشارة بسبابته عند الشهادة في ظاهرالرواية،وعن أبي يوسف في الأمالي أنه يعقد الخنصر والبنصر ويحلق الوسطى والإبهام ويشير بالسبابة؛ونقل مثله عن محمد والإمام، واعتمده المتأخرون لثبوته عن النبي صلى اللّه عليه وسلم بالأحاديث الصحيحة، ولصحة نقله عن أئمتنا الثلاثة؛ ولذا قال في الفتح: إن الأول (يعني بلا إشارة) خلاف الدراية (لأن الفعل يوافق القول فكما أن القول فيه النفي والإثبات يكون الفعل كذلك فرفع الأصبع النفي ووضعه الإثبات) والرواية. (لأنه روي في عدة أخبار) ” (كذا في اللباب في شرح الكتاب :1 / 38)
“Аттаҳийётро мутобиқи ривояти Ибни Масъуд мехонад ва ҳангоми талаффузи калимаи шаҳодат тибқи китобҳои зоҳири ривоят бо ангӯшташ ишора намекунад. Аз Имом Абӯюсуф дар “Омолӣ” омадааст, ки ангӯшти хурди ва ангӯшти дар бари он бударо мехобонад ва ангӯшти миёна ва бузургро ҳалқа карда бо ангӯшти дуввумаш, ки онро саббоба мегӯянд ишора мекунад. Мисли ин ривоят аз Имом Муҳаммад ва Имом Абӯҳанифа низ ривоят шудааст ва уламои мутааххири ҳанафӣ аз чиҳати собит шудани ишора бо аҳодиси саҳеҳ ва саҳеҳ будани нақли он аз се имоми мо ишора карданро ихтиёр кардаанд.
Аз ин рӯ Камол ибни Ҳумом дар “Фатҳулқадир” гуфтааст: Аввал, яъне ривояти бо саббоба ишора накардан хилофи ривоят ва дироят мебошад.”Аммо хилофи ривоят буданаш аз ҷиҳати дар чандин аҳодиси саҳеҳ аз Пайғамбар (с) собит буданаш мебошад. Аммо хилофи дироят буданаш аз он ҷиҳат мебошад, ки дар ишора кардан мувофиқ гардонидани қавл бо амал аст. Зеро ангӯштро бардоштан мисли “Ло илоҳа” маънои нафӣ ва инкорро дорад ва ангӯштро поён кардан, мисли “Иллаллоҳ” маънои иқрор ва исботро дорад.”
Аз ҷиҳати собит будани ишора дар бисёр китобҳои фиқҳи ҳанафӣ
1- Дар китоби “Табйини Ҳақоиқ” мавзӯъи ихтилофи машоихи ҳанафиро дар суннат будани ишора баён мекунад ва онро ҳасан гуфтааст:
“وَكَثِيرٌ من الْمَشَايِخِ لَا يَرَوْنَ الْإِشَارَةَ وَكَرِهَهَا في مُنْيَةِ الْمُفْتِي وقال في الْفَتَاوَى لَا إشَارَةَ في الصَّلَاةِ إلَّا عِنْدَ الشَّهَادَةِ في التَّشَهُّدِ وهو حَسَنٌ.”(كذا في تبيين الحقائق :1 / 120)
“Бисёр машоих ишораро суннат намедонанд ва дар китоби “Муняи Муфтӣ” онро макрӯҳ гуфтааст.Аммо дар Фатово омадааст:”Ишораи саббоба дар намоз раво нест, магар ҳангоми хондани калимаи шаҳодат дар “Аттаҳийёт”, ки дар ин мавзеъ ишора кардан хасан аст.”
2-Дар китоби “Муҳит” ишораи бо саббобаро суннат гуфтааст:
“وَفِي الْمُحِيطِ أَنَّهَا سُنَّةٌ، يَرْفَعُهَا عِنْدَ النَّفْيِ،وَيَضَعُهَا عِنْدَ الْإِثْبَاتِ، وَهُوَ قَوْلُ أَبِي حَنِيفَةَ وَمُحَمَّدٍ، وَكَثُرَتْ بِهِ الْآثَارُ وَالْأَخْبَارُ فَالْعَمَلُ بِهِ أَوْلَى.” (كذا في رد المحتار :4 / 85)
“Дар китоби “Муҳит” омадааст, ки ишораи бо саббоба суннат мебошад. Ҳангоми инкор бардошта шуда ва ҳангоми иқрор фароварда мешавад. Ин назари Имом Абӯҳанифа ва Имом Муҳаммад мебошад ва дар исботи он аҳодис ва осори зиёде ривоят шудааст. Аз ин рӯ ишора кардан авло мебошад.”
3- Зоҳидӣ дар китоби “Муҷтабо” ишора карданро авло мегӯяд:
” قال الزاهدي في المجتبى :لما اتفقت الروايات عن أصحابنا جميعا في كونها سنة وكذا عن الكوفيين والمدنيين وكثرة الأخبار والآثار كان العمل بها أولى كما في الحلبي وابن أميرحاج.” (كذا في حاشية الطحطاوي على المراقي :1 / 180 الزاهدي الغزميني (..- 658 ه =..- 1260 م) مختار بن محمود بن محمد، أبو الرجا، نجم الدين، الزاهدي الغزمينى: فقيه، من أكابر الحنفية.من أهل غزمين (بخوارزم) رحل إلى بغداد والروم.من كتبه (الحاوي في الفتاوي – خ) و (المجتبى – خ) شرح به مختصر القدورى في الفقه، و (الناصرية) رسالة صنفها لبركة خان في النبوة والمعجزات،و(زاد الائمة) و(قنية المنية لتتميم الغنية – ط) كذا في الأعلام للزركلي :7 / 193)
“Ҳангоме, ки ривоятҳо аз имомони мо дар суннат будани ишора иттифоқӣ мебошанд ва инчунин ривоятҳо аз аҳли Куфа ва Мадина низ чунинанд ва аҳодис ва асарҳо дар суннат буданаш бисёр омадааст, ишора кардан авло мебошад, ҳамчуноне Ҳалабӣ ва Ибни Амири Ҳоҷ ин назарро иброз кардаанд.”
4- Дар “Ҳошияи Таҳтовӣ“ ишораи бо саббобаро суннат гуфтааст ва кайфияти ишораро назди уламои ҳанафӣ чунин баён кардааст:
” وتسن الإشارة أي من غير تحريك فإنه مكروه عندنا كذا في شرح المشكاة للقاري وتكون إشارته إلى جهة القبلة….” (كذا في حاشية الطحطاوي على المراقي :1 / 180)
“Ишора кардан бидуни ҳаракат додани саббоба суннат мебошад. Зеро ҳаракат додани саббоба назди уламои ҳанафӣ макрӯҳ аст, ҳамчуноне Алӣ Қорӣ дар шарҳи “Мишкот” яъне дар “Мирқотулмафотеҳ” қайд кардаанд. Бо ангӯшташ ишора ба суи қибла мекунад.”
Аз китоби “Иълои Сунан” дониста мешавад, ки кароҳияти мазкур, яъне кароҳияти ҳаракат додани ангӯшт танзиҳӣ мебошад. Шояд сабаби макрӯҳ гуфтани ҳаракат додани ангӯшти саббоба ин ду ҳадиси шариф бошанд:
1- Дар ривояти “Сунани Абудовуд” ва ғайри он чунин омадааст:
” كان يُشيرُ بإِصبَعِهِ إذا دَعَا ولا يُحرِّكها.” (وفي جامع الأصول :4 / 152حديث 2117وقال أيمن صالح شعبان: إسناده صحيح : أخرجه الحميدي:879 وأحمد :4/3 والدارمي:1344 وأبو داود:989 والنسائي :3/37 ، وفي الكبرى : 1102و حسن الإمام النووي إسناده في المجموع.”)
“Пайғамбар (с) ҳангоми дуъо кардан ишора мекард бо саббобааш вале онро ҳаракат намедод.”
2-Дар ривояти “Сунани Дорамии Самарқандӣ” чунин омадааст:
” كان إذا قعد في آخر الصلاة وضع يده اليسرى على ركبته اليسرى ووضع يده اليمنى على ركبته اليمنى ونصب أصبعه.” (رواه الدارمي كما في سنن الدارمي :1 / 354 حديث:1339وقال حسين سليم أسد : إسناده صحيح”.)
“Пайғамбар (с) ҳар вақто, ки дар охири намозаш менишаст дасти чапашро болои рони чапаш ва дасти росташро болои рони росташ мегузорид ва ангӯшташро мебардошт.”
Танбиҳ
Дар “Ҳошияи Таҳтовӣ” зикр кардааст, ки танҳо бо ангӯшти саббоба ишора кардан дуруст мешавад. Чуноне мегӯяд:
“يدعو بإصبعيه أي بكلتا مسبحتيه من يديه لا يشير بغير المسبحة حتى لو كانت مقطوعة أو عليلة لم يشر بغيرها من أصابع اليمنى ولا اليسرى كما في النووي على مسلم .” (كذا في حاشية الطحطاوي على المراقي :1 / 180.)”
“Ҳангоми дуъо бо саббобаи дасти рост ва ё саббобаи дасти чап (агар аз дасти рост иллате дошта бошад) ишора карда мешавад на ба ғайри он ду. Фаразан агар саббобаи дасти росту чап қатъ карда шуда бошанд ва ё иллате дошта бошанд бо дигар ангӯштони дастонаш ишора кардан дуруст намешавад, ҳамчуноне Имом Нававӣ дар шарҳи “Саҳеҳи Муслим” гуфтааст.”
Хулосаи мавзӯъ
Дар баъзе китобҳои фиқҳи ҳанафӣ мисли “Фиқҳи Кайдонӣ”, ки муаллифаш шахси маҷҳул (номаълум) аст, ишораи сабобаро ҳаром ё макруҳ гуфта шудааст ва инчунин дар китоби “Мактубот” таълифи яке аз уламои машҳури ҳанафӣ маъруф ба Имом Раббонӣ муҷаддиди алфи сонӣ (ҳазораи дуввум) дар тариқаи тасаввуфи Нақшбандӣ, ки аз ҷиҳати изтироби ривоятҳо дар кайфият ва чигунагии ишора кардан ва ғайра суннат будани ишораи бо саббобаро рад кардаанд ва ба накарданаш фатво додаанд.
Ин лағжишҳои бузургони маъруфро уламои ҳадиси ҳанафӣ мисли Кашмирӣ, Алӣ қорӣ, Абдулҳайи Лакҳнавӣ ва дигарон дар таълифоташон баён кардаанд. Ба таври мисол Мавлоно Абдулҳай дар “Таълиқи мумаҷҷад” забони шикоят ба сӯи Аллоҳ таоло аз мавқеи баъзе уламои ишораи бо саббобаро макруҳ гӯянда боз кардаву чунин гуфтааст:
“وإلى الله المشتكى من صنيع كثير من أصحابنا من أصحاب الفتاوى كصاحب ” الخلاصة ” و ” البزازية الكبرى ” و ” العتابية ” و ” الغياثية ” و ” الولوالجية ” و ” عمدة المفتي ” و ” الظهيرية ” وغيرها حيث ذكروا أن المختار هو عدم الإشارة بل ذكر بعضهم أنها مكروهة والذي حملهم على ذلك سكوت أئمتنا عن هذه المسألة في ظاهر الرواية ولم يعلموا أنه قد ثبت عنهم بروايات متعددة ولا أنه ورد في أحاديث متكثرة فالحذر الحذر من الاعتماد على قولهم في هذه المسألة مع كونه مخالفا لما ثبت عن النبي صلى الله عليه و سلم وأصحابه بل وعن أئمتنا أيضا بل لو ثبت عن أئمتنا التصريح بالنفي وثبت عن رسول الله صلى الله عليه و سلم وأصحابه الإثبات لكان فعل الرسول وأصحابه أحق وألزم بالقبول فكيف وقد قال به أئمتنا أيضا ؟”(كذا في التعليق الممجد على الموطأ – رواية محمد بن الحسن – :1 / 228)
“Аз кардаи бисёр уламои мазҳаби мо, амсоли соҳиби фатовои “Хулоса”, “Базозияи Кубро”, “Итобия”, “Ғиёсия”, “Валвоҷия”, “Умдатулмуфтӣ”,
“Заҳирия” ва дигарон ба Аллоҳ таъоло шикоят карда мешавад. Онҳо дар китобҳои худ зикр кардаанд, ки назари мухтор дар мазҳаб ишора накардан мебошад, балки баъзе аз онҳо ишора карданро макрӯҳ гуфтаанд. Ончи ононро ба чунин мавқеъгирӣ водор кардааст ин хомӯш будани имомон дар мавриди ишора дар китобҳои зоҳири ривоят мебошад. Онон надонистаанд, ки суннат будани ишора дар чандин ривоятҳо аз имомони мо собит мебошад ва надонистаанд, ки дар чандин аҳодиси саҳеҳ ишора кардан омадааст. Аз эътимод кардан дар ин масъала ба қавли онон бояд ҳазар карда шавад, зеро қавли онон мухолифи феъли Пайғамбар (с) ва ёронаш ва ҳатто мухолифи назари имомони мазҳаби мо ҳанафиён мебошад.
Агар фаразан аз имомони мо раду инкори ишора ривоят мешуд ва аз Пайғамбар (с) ва асҳобаш исботи он, амал кардан ба қавли Пайғамбар (с) ва асҳобаш дурусттар ва воҷибтар мебуд, пас чигуна ба он амал карда нашавад, ки аз имомони мо низ суннат будани ишора ривоят шудааст.”
Масъалаи паст ё баланд гуфтани Омин дар намоз
Рафъи ядайн, бардоштани дастҳо – Масъалаҳои ихтилофӣ дар Намоз


