Соли 1877 Томас Эдисон мошинеро ихтироъ кард, ки он садои инсонро сабт мекард ва дубора мехонд. Ин асбоб ӯро машҳур гардонд. Вале ҳанӯз овози сабтшуда пурра фаҳмида намешуд.

Соли 1885 Александр Белл, Чичестер Белл ва Чарлз Тейнтер низ мошини сабти овозро ихтироъ карданд. Пас аз як сол Тейнтер онро такмил дода, дастгоҳеро таҳия намуд ва онро ба мизи мошини дарздӯзие насб кард. Пояи мошини дарздӯзиро ба мисли дучарха гардиш медод, ки аз он неруи барқ ҳосил мешуд ва зимнан он ба кор медаромад. Ин дастгоҳро «графофон» гуфтанд. Барои он графофон, ки ба воситаи ин суханро сабт намуда, бознависӣ кардан, яъне ба график даровардан мумкин буд. Он дар ҳар ду палати Конгресс барои сабти суратҷаласа ва гуфтугӯҳо ба кор мерафт.
Соли 1897 ширкати «CoIumbia Phonograph Co» як навъ графофоне таҳия намуд, ки он ҳам бо батарея ва ҳам бо барқ кор мекард. Эдисон бошад, аввалин дастгоҳеро бо номи фонограф ба бозор баровард. Соли 1907 ҳамон дастгоҳ бо нишонаи «Диктофон» ба фурӯш бароварда шуд, ки он ҳаҷман калон буд.
То охири асри XX ба воситаи диктофон овозро то 12 – 15 соат бидуни фосила сабт кардан мумкин буд. Имрӯзҳо воситаҳои техникӣ хеле пеш рафта, диктофонҳои рақамӣ ба вуҷуд омадаанд.
Сарчашма: рӯзномаи «Ҷумҳурият» ( таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА)
диктафонро ки ихтироъ кардааст, ихтироъкори диктафон


