Шоҳбайтҳо #1

0

Дуруд корбарони гиромӣ!

Тасмим гирифтем дар силсиламақолаҳо шоҳбайтҳои хубро аз ганҷинаи шеъри форсӣ-тоҷикӣ гулчин карда ба шумо пешниҳод кунем.

Эй номи ту беҳтарин сароғоз,
Бе номи ту кай нома кунам боз?

Зи худ пеши Худо бояд гиристан
Хамӯшу бесадо бояд гиристан.
Барои мурдаҳо ашкам намонда,
Барои зиндаҳо бояд гиристан.
©️ Гулрухсор

Дарвеш наям, агарчӣ кам мекӯшам,
Девона наям, агарчӣ гум шуд ҳушам.
Гар бебаргӣ ба барг молад гӯшам,
Озодиро ба бандагӣ нафрӯшам.
©️ Саноӣ

Онон, ки хокро ба назар кимиё кунанд,
Оё бувад, ки гушаи чашме ба мо кунанд?
©️ Бедил

Дар ғарибӣ бишканад дил, ёди меҳан мӯмиёст,
Дар ватан гар бишканад дил, дарди бедавост.
©️ Рустами Ваҳҳоб

Мактабу муллову асрори китоб,
Кӯри модарзоду нури офтоб.
©️ Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ

Борон, ки дар латофати табъаш хилос нест,
Дар боғ лола рӯяду дар шӯрабум хас.
©️ Шайх Саъдӣ

Шохи бебар гарчӣ бошад аз дарахти мевадор,
Чун наёрад мева бор, андар шумори ҳезум аст.
©️ Абдурраҳмони Ҷомӣ

Дар сухан бо дӯстон оҳиста бош,
То надорад душмани хунхор гӯш.
Пеши девор он чӣ гӯӣ ҳуш дор,
То набошад дар паси девор гӯш.
©️ Шайх Саъдӣ

Ҳар касе, ки ҳурмати инсон ба ҷо овардааст,
Ҳурмати Парвардгори он ба ҷо овардааст.
©️ Рустами Ваҳҳоб


Шоҳбайтҳои навро дар навиштаҳои оянда мунтазир бошед 💚

Барчаспи силсиламақолаҳо

Мақолаи қаблӣТаълими Ислом. Савол ва посух. Саволҳои 1-10
Мақолаи баъдӣВахдати милли – шукуфоии ватан