Азон, Дуои баъди азон ва Иқомат

2

Намозхон бояд пеш аз намоз хондан таҳорат кунад ва азон гӯяд. Оиди таҳорат мо мақолае дорем, ки инҷо метавонед хонед: Тарзи таҳорат кардан<<

Хотиррасон мешавем, ки Азон ва иқомат барои мардҳо зарур аст. Занҳо Азон ва иқомат намегӯянд.

азон расм картинка

Агар таҳорати комил дореду ба намоз шурӯъ мекунед, пас калимаҳои Азон чунинанд:

Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар.

Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳ, Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳ.

Ашҳаду анна Муҳаммаду-р-расулуллоҳ, Ашҳаду анна Муҳаммаду-р-расулуллоҳ.

Ҳайя ъала-с-салоҳ, Ҳайя ъала-с-салоҳ.

Ҳайя ъалал фалоҳ, Ҳайя ъалал фалоҳ.

Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар.

Ла илоҳа иллаллоҳ.

Азон бо хати арабӣ

азон бо хати араби, точики


Муаззин (шахсе, ки азон мегӯяд) дар вақти Азон гуфтан, ҳангоми “Ҳайя ъала-с-салоҳ” рӯяшро ба тарафи рост ва ҳангоми “Ҳайя ъалал фалоҳ” рӯяшро ба тарафи чап мегардонад.

Дар намози бомдод, баъди “Ҳайя ъалал фалоҳ” ду маротиба “Ассалоту хайрум минаннавм” мегӯяд, ки маънои “намоз аз хоб беҳтар аст”-ро дорад.

Шахсе, ки азонро мешунавад, он чӣ муаззин мегӯяд, бояд такрор кунад ва дар вақти шунидани  “Ҳайя ъала-с-салоҳ” ва “Ҳайя ъалал фалоҳ”  ҷумлаи “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил ъалийил ъазим” мегӯяд. Хотиррасон мешавем, ки ин ҷумларо шахсе, ки азонро мешунавад, такрор мекунад, на Муаазин.

Муаззин ва шунавандаи азон баъди азон ин дуоро мехонанд:

Дуои баъди Азон

Аллоҳума рабба ҳозиҳид-даъвати томмати, вассалотил қоимати оти Муҳаммадан нил василата вал фазилати ва дараҷатаррафиъата вабъасҳу мақоман маҳмуданиллазӣ ваъаттаҳу варзуқно шафоъатаҳу явмал қиёмаҳ, иннака ло тухлифул миъод


Такбир-Иқомат

Пеш аз намози фарзро оғоз кардан бояд такбир гӯем. Такбир худи азон аст, фақат тезтар гуфта мешавад. Баъд аз “Ҳайя ъалал фалоҳ”, 2 маротиба “Қад қомати-с-салот” гуфта мешавад. Ҳангоми иқомат гуфтан мисли азон дастҳоро бар гушҳо намебардорем.

Яъне иқомат чунин гуфта мешавад:

Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар.

Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳ, Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳ.

Ашҳаду анна Муҳаммаду-р-расулуллоҳ, Ашҳаду анна Муҳаммаду-р-расулуллоҳ.

Ҳайя ъала-с-салоҳ, Ҳайя ъала-с-салоҳ.

Ҳайя ъалал фалоҳ, Ҳайя ъалал фалоҳ.

Қад қомати-с-салот

Қад қомати-с-салот

Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар.

Ла илоҳа иллаллоҳ.

Чи тавр бояд намоз хонд? (Тарзи хондани намоз)


Азон бо хати точики, азон бо забони точики, калимахои Азон, дуъои баъди азон, такбири Икомат, комат дар намоз, комати салот

Мақолаи қаблӣНияти намози Хуфтан
Мақолаи баъдӣТарзи хондани намози БОМДОД

2 ШАРҲ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед