Нияти намози Хуфтан

0

Намози хуфтан дорои 9 ракаъат намоз мебошад, ки аз ин 4 ракаъат фарз, 2 ракаъат суннат ва 3 ракаъат витри воҷиб мебошанд.

Вақти намози хуфтан ва витр аз ғоиб шудани шафақи сурх то дамидани субҳ аст, одатан намози витр баъд аз намози хуфтан хонда мешавад.

намози хуфтан картинка

Нияти фарзи намози Хуфтан

Ният кардам бигзорам чор ракаъат фарзи намози хуфтан. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар”

Нияти суннати намози Хуфтан

Ният кардам бигзорам ду ракаъат суннати намози хуфтан. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар”

Нияти намози Витри воҷиб

Ният кардам бигзорам се ракаъат намози витри воҷиб. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар”


Агар намозгузор мард бошад ва бо ҷамоа намоз хонанд, шахсе, ки аз қафои имом намоз мехонад, ҳангоми нияти фарз ва ё намози витр баъд аз калимаи “Каъба” ҷумлаи “иқтидо кардам бо имоми ҳозиристода”-ро зам мекунад. Яъне нияти намозгузор бо ҷамоа чунин аст:

Нияти фарзи намози Хуфтан (бо ҷамоа)

Ният кардам бигзорам чор ракаъат фарзи намози хуфтан. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам бо имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар”


Нияти намози хуфтан, намози хуфтан ният, ишо, ният кардан дар намоз.

Мақолаи қаблӣНияти намози Шом
Мақолаи баъдӣАзон, Дуои баъди азон ва Иқомат