Масъалаи паст ё баланд гуфтани Омин дар намоз. Масъалаҳои ихтилофӣ дар Намоз.
Дар байни уламои чаҳор мазҳаб дар масъалаи паст ё баланд гуфтани омин ихтилофи назар аст ва дар ин масъала бояд чанд нуктаро дониста шавад:
1- Омин дуост ва омин гуфтан дуо кардан аст ва маънои омин иҷобат намо ва бипазир аст. Аммо омин мисли бақияи дуъоҳо дуои мустақил намебошад ва баъди шахси дигаре дуъо кардан омин гуфта мешавад ва касе бар дуои дуъокунандае омин бигӯяд дар дуои ӯ шарик мешавад .
2-Омин аз ҷумлаи оятҳои сураи “Алҳамд” ё сураи дигари Қуръон намебошад, балки дуъост, ки дар суннат бо санади саҳеҳ ривоят шудааст.
2- Ба иттифоқи фатвои чаҳор мазҳаб дар намозҳои хуфия, яъне ба овози паст хонда шаванда ба овози паст омин гуфтан суннат аст.
Фуқаҳои чаҳор мазҳаб иттифоқ доранд, ки дар намозҳои хуфия, яъне ба овози паст хонда шаванда барои танҳогузор, имом ва муқтадӣ баъди хондани “Валаззоллин” омин гуфтан суннат аст. Ин мавзӯъро дар “Мавсуъаи фиқҳии Кувейтӣ” (1/112) чунин баён кардааст:
“وفي الموسوعة الفقهية الكويتية -1/ 112: لاَ خِلاَفَ بَيْنَ الْمَذَاهِبِ الأْرْبَعَةِ فِي أَنَّ الصَّلاَةَ إِنْ كَانَتْ سِرِّيَّةً فَالإْسْرَارُ بِالتَّأْمِينِ سُنَّةٌ فِي حَقِّ الإْمَامِ وَالْمَأْمُومِ وَالْمُنْفَرِدِ”.
“Дар байни фуқаҳои чаҳор мазҳаб дар ин, ки дар намозҳои хуфия (ба овози паст хондашаванда) ба овози паст омин гуфтан суннат аст, ҳеҷ ихтилофе нест. Дар чунин намозҳо суннат будани ба овози паст омин гуфтан, дар ҳақи имом, муқтадӣ ва танҳогузор аст”.
3- Бояд дар намозҳои хуфия қироъати Қуръон ва оминро ба миқдоре талафуз бикунад, ки қироъати Қуръон ва омини гуфтаи худашро бо гушҳояш бишунавад. Ин мавзӯъро Имом Абулҳасани Марғелонӣ муаллифи китоби “Ҳидоя” чунин баён кардааст:
“وفي الهداية في شرح بداية المبتدي -1/ 55: المخافتة أن يمسع نفسه والجهر أن يسمع غيره وهذا عند الفقيه أبي جعفر الهندواني رحمه الله لأن مجرد حركة اللسان لا يسمى قراءة بدون الصوت“.(وفي البناية شرح الهداية -2/ 300:م: (ثم المخافتة أن يسمع نفسه) ش: أشار بهذا إلى بيان الاختلاف. في حد المخافتة والجهر فقال: حد المخافتة أن يسمع القارئ نفسه؛ لأن ما دون ذلك حمحمة وليس بقراءة م: (والجهر أن يسمع غيره) ش: سواء كان ذلك الغير في الصلاة بجنبه أو خارج الصلاة م: (وهذا) ش: أي الذي ذكرنا من حد المخافتة والجهر م: (عند الفقيه أبي جعفر الهندواني – رَحِمَهُ اللَّهُ -)
“Меъёри дуруст шудани бо овози паст хондан, он қадар аст, ки худаш ончиро мехонад бишунавад ва миъёри баланд хондан он қадар аст, ки ончиро мехонад бар дигаронро бишунавонад. Ин назари фақиҳ Абуҷаъфари Ҳиндувонии Балхӣ аст, зеро ҷунбонидани забони бидуни овозро қироъат гуфта намешавад.”
4-Дар масъалаи ба овози паст ё баланд гуфтани омин дар намозҳои ҷаҳрия, яъне ба овози баланд қироъатшаванда ихтилоф аст.
Дар ин масъала дар байни фуқаҳои чаҳор мазҳаб се назар аст ва онҳоро дар “Мавсуъаи фиқҳии Кувейтӣ” (1/113) чунин баён кардааст:
“وفي الموسوعة الفقهية الكويتية-1/ 113:وَأَمَّا إِنْ كَانَتْ جَهْرِيَّةً فَقَدِ اخْتَلَفُوا فِي الإْسْرَارِ بِهِ وَعَدَمِهِ عَلَى ثَلاَثَةِ مَذَاهِبَ:الأْوَّل:نَدْبُ الإْسْرَارِ،وَإِلَيْهِ ذَهَبَ الْحَنَفِيَّةُ وَالْمَالِكِيَّةُ،….الثَّانِي:نَدْبُ الْجَهْرِ.وَهُوَ مَذْهَبُ الشَّافِعِيَّةِ وَالْحَنَابِلَةِ،…. الثَّالِثُ: التَّخْيِيرُ بَيْنَ الْجَهْرِ وَالإْسْرَارِ،وَبِهِ قَال ابْنُ بُكَيْرٍ وَابْنُ الْعَرَبِيِّ مِنَ الْمَالِكِيَّةِ”،
“Дар намозҳои ҷаҳрия дар масъалаи ба овози паст ё ба ғайри он омин гуфтан фуқаҳо се назарро ихтиёр кардаанд:
- Назари аввал назари фуқаҳои ҳанафӣ ва моликӣ ҳаст, ки мегӯянд мустаҳаб паст гуфтани омин аст.
- Назари дуввум назари фуқаҳои шофеъӣ ва ҳанбалӣ ҳаст, ки мегӯянд мустаҳаб ба овози баланд гуфтани омин аст.
- Назари саввум назари баъзе фуқаҳои моликӣ, мисли Ибни Букайр ва Ибни Арабӣ мебошад, ки мегӯянд дар баланд ё паст гуфтани омин ихтиёр дорад.”
Баъзе далелҳои мавзӯъ
1-Далели суннат будани омин. Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” (1/156/780) омадааст, ки Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“وفي صحيح البخاري-1/ 156 780-– عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ:أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:”إِذَا أَمَّنَ الإِمَامُ، فَأَمِّنُوا، ….- وَكَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: آمِينَ”.
“Ҳар вақто, ки имом омин гуфт, пас шумо (низ) омин бигӯед!Ровӣ мегӯяд: Пайғамбар (с) омин мегуфт.”
2-Далели баланд гуфтани омин. Дар ривояти “Сунани Абудовуд” (1/246/932) бо санади саҳеҳ аз саҳобии бузургвор ҳазрати Воил (р-з) чунин ривоят кардааст:
“وفي سنن أبي داود -1/ 246/ 932 – عَنْ وَائِلِ بْنِ حُجْرٍ، قَالَ: كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِذَا قَرَأَ {وَلَا الضَّالِّينَ} (الفاتحة: 7)، قَالَ: «آمِينَ»، وَرَفَعَ بِهَا صَوْتَهُ”. (وحكم المحقق: صحيح).
“Пайғамбар (с) ҳар вақто “Валаззоллин”-ро тиловат мекард, омин мегуфт ва овозашро баланд мекард”.
3-Далели паст гуфтани омин. Дар ривояти “Мустадрак” (2/253/2913) бо санади саҳеҳ саҳобии бузургвор ҳазрати Воил (р-з) чунин гуфтааст:
“وفي المستدرك على الصحيحين للحاكم -2/ 253/ 2913 – عَنْ عَلْقَمَةَ بْنِ وَائِلٍ، عَنْ أَبِيهِ، أَنَّهُ صَلَّى مَعَ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ حِينَ قَالَ:{غَيْرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَلَا الضَّالِّينَ} (الفاتحة: 7) قَالَ:«آمِينَ» يَخْفِضُ بِهَا صَوْتَهُ “. («هَذَا حَدِيثٌ صَحِيحٌ عَلَى شَرْطِ الشَّيْخَيْنِ، وَلَمْ يُخَرِّجَاهُ» وفي التعليق – من تلخيص الذهبي: 2913 – على شرط البخاري ومسلم).
“Ҳамроҳи Пайғамбар (с) намоз хондааст ва ҳине “Ғайрил мағзуби алайҳим валаззоллин” гуфтанд, бо овози паст омин гуфтааст”.
Ҳофизони ҳадис ривояти ба овози паст гуфтани оминро бо вуҷуди иқрори ба саҳеҳ будани санадаш хатои аз ровиёни ҳадис ва ривояти баланд гуфтанашро саҳеҳ гуфтаанд, вале фуқаҳои ҳанафӣ ва моликӣ назари онҳоро ҳамчун эҳтимоли заъиф ё мардуд медонанд ва аз чанд ҷиҳат паст гуфтани оминро тарҷиҳ додаанд:
1. Чуноне гузашт омин дуост ва асл дар дуо ва зикр бояд хуфия ва сиррӣ, яъне бо овози пасте, ки танҳо худи омин гӯянда ва зикркунанда бишунавад бошад. Аз ҳамин ҷиҳат Аллоҳ таоло дар ояти 55 сураи “Алаъроф” чунин гуфтааст:
{ادْعُوا رَبَّكُمْ تَضَرُّعًا وَخُفْيَةً إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْمُعْتَدِينَ } (الأعراف: 55)
“Парвадигори худро бо зорӣ ва пинҳон дуо бикунед! Ҳамоно Ӯ аз ҳадгузарандагонро дӯст намедорад”.
Дар “Тафсири Ҷалолайн” (1/201) аз ҳадгузарии дар дуоро чунин тафсир кардааст:
“وفي تفسير الجلالين -ص: 201: {اُدْعُوا رَبّكُمْ تَضَرُّعًا} حَال تَذَلُّلًا {وَخُفْيَة} سِرًّا {إنَّهُ لَا يُحِبّ الْمُعْتَدِينَ} فِي الدُّعَاء بِالتَّشَدُّقِ ورفع الصوت”.
“Ҳамоно Ӯ (таоло) аз ҳадгузарандагонро дӯст намедорад”, яъне бо чарбзабонӣ ва овози баланд дуокунандагонро”.
Аммо дар мавриди хуфия ва сиррӣ анҷом додани зикр Аллоҳ таоло дар ояти 205 сураи “Ал-аъроф” чунин гуфтааст:
{وَاذْكُرْ رَبَّكَ فِي نَفْسِكَ تَضَرُّعًا وَخِيفَةً وَدُونَ الْجَهْرِ مِنَ الْقَوْلِ بِالْغُدُوِّ وَالْآصَالِ وَلَا تَكُنْ مِنَ الْغَافِلِينَ}(الأعراف: 205)
“Ва Парвардигори худро дар замири худ бо зорию тарсгорӣ ва бо каломи пасттар аз овози баланд, бомдоду шабонгоҳ ёд кун ва аз ҷумлаи ғофилон мабош.”
Дар ривоят “Саҳеҳи Бухорӣ” (5/133/4205) Пайғамбар (с) ашхоси зикру дуои баландкунандаро чунин манъ кардааст:
“وفي صحيح البخاري -5/ 133/ 4205 – عَنْ أَبِي مُوسَى الأَشْعَرِيِّ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، قَالَ: …..، فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «ارْبَعُوا عَلَى أَنْفُسِكُمْ، إِنَّكُمْ لاَ تَدْعُونَ أَصَمَّ وَلاَ غَائِبًا، إِنَّكُمْ تَدْعُونَ سَمِيعًا قَرِيبًا وَهُوَ مَعَكُمْ»”.
“Бар нафсҳои худ раҳм бикунед!Ҳомоно шумо Зоти ношунаво ва ғоиберо дуо намекунед ва ҳамоно шумо Зоти шунавоӣ қариберо дуо мекунед, ки Ӯ ҳамроҳи шумост.”
2. Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” (1/156/782) Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“وفي صحيح البخاري- 1 / 156- 782- عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ: أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:” إِذَا قَالَ الإِمَامُ: {غَيْرِ المَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَلاَ الضَّالِّينَ} (الفاتحة: 7) فَقُولُوا:آمِينَ، فَإِنَّهُ مَنْ وَافَقَ قَوْلُهُ قَوْلَ المَلاَئِكَةِ غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِه”.
“Ҳарвақто имом” Ғайрил мағзуби алайҳим ва лаззоллин” гуфт, шумо омин бигӯед: Зеро агар омини шахсе бо омини фариштагон мувофиқ бияфтад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешаванд.”
Уламои ҳанафӣ бо ин ҳадиси шариф истидлол ба паст гуфтани имом оминро мекунанд ва чунин мегӯянд: Агар омин гуфтани ба овози баланд дуруст мебуд, Пайғамбар (с) ба ҷои “Ҳар вақто имом” Ғайрил мағзуби алаҳим ва лаззоллин” гуфт, шумо омин бигӯед”, чунин мегуфт: Ҳарвақто имом омин бигӯяд, шумо омин бигӯед.
Аммо ончи дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” (1/156/780) омадааст, ки Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“وفي صحيح البخاري-1/ 156 780--عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ:أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:”إِذَا أَمَّنَ الإِمَامُ، فَأَمِّنُوا، …. وَكَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: آمِينَ”.(وفي البناية شرح الهداية -2/ 214: قال الأترازي: خلافا لمالك. قلت: لم يقل مالك بأن الإمام لا يقول آمين ولكن يقولها على وجه الفضيلة دون السنة على ما حكاه القاضي أبو محمد عنه، ذكره في ” الجواهر “).
“Ҳар вақто, ки имом омин гуфт, пас шумо (низ) омин бигӯед! Ровӣ мегӯяд: Пайғамбар (с) омин мегуфт”.
Ҳеҷ шаке нест, ки ин ҳадис ба омин гуфтани имом далолат мекунад, вале агар ба баланд гуфтани оминаш далолат мекард, ҳеҷ зарурате набуд ровӣ илова бар қавли Пайғамбар (с):“Ҳар вақто, ки имом омин гуфт, пас шумо (низ) омин бигӯед!” боз хабардор бикунад, ки Пайғамбар (с) омин мегӯфт.
Шояд Пайғамбар (с) оминро паст мегуфт ва баъзеҳо аз омин гуфтанаш ғофил мемонданд аз ҳамин ҷиҳат зарурат ба чунин хабар дар идомаи ҳадис пеш омада бошад. Бо ин ҳадис истидлол кардан ба омини баланд гуфтани имом мушкил аст ва дар ин мавзӯъ аллома Туркмонӣ дар “Алҷавҳарун-нақӣ” (2/56) каломи Ибни Дақиқи Идро дар ҳошияи ҳадиси мазкур зикр кардааст, ки чунин мегӯяд:
“وفي الجوهر النقي -2/ 56: ذكر ذلك شارح العمدة (ابن دقيق العيد) انه يدل على ان الامام يؤمن ثم قال دلالته على الجهر اضعف من دلالته على نفس التامين قليلا لانه قد يدل على تامين الامام من غير جهر”.
“Ин ҳадис ба омин гуфтани имом далолат мекунад, вале далолат карданаш бар ба овози баланд гуфтани омин, аз далолаташ бар омини мутлақ гуфтан каме заъифтар аст. Зеро ин ҳадис далолати ба омини имом мекунад, вале бидуни далолат бар баланд гуфтанаш.”
2.Дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” (1/310) Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“وفي صحيح مسلم -1/ 310: عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ، قَالَ: كَانَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُعَلِّمُنَا يَقُولُ: ” لَا تُبَادِرُوا الْإِمَامَ إِذَا كَبَّرَ فَكَبِّرُوا وَإِذَا قَالَ:وَلَا الضَّالِّينَ فَقُولُوا:آمِينَ،وَإِذَا رَكَعَ فَارْكَعُوا،وَإِذَا قَالَ:سَمِعَ اللهُ لِمَنْ حَمِدَهُ،فَقُولُوا: اللهُمَّ رَبَّنَا لَكَ الْحَمْدُ “.
“Дар адои афъоли намоз бар имом пешдастӣ макунед! Ҳар вақто такбир гуфт баъди вай такбир бигӯед ва ҳарвақто “Валаззоллин” гуфт, баъди вай омин бигӯед ва ҳар вақто рукуъ кард, баъди вай рукуъ бикунед ва ҳарвақто самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ гуфт, баъди вай Аллоҳумма Раббано лакалҳамд бигӯед”.
Ин ҳадиси саҳеҳ аз ду ҷиҳат бар паст гуфтани омин далолат мекунад:
1.Агар имом оминро баланд мегуфт, муносибтар мутобиқи таълимоташ Пайғамбар (с) мисли таълими бақияи афъоли намоз, мегуфт ки ҳарвақто имом омин гуфт, омин бигӯед.
2.Агар омини имом ба овози баланд мебуд ҳеҷ ҳоҷате набуд, ки ишора ба мавзеъи омин гуфтан, ки баъди “Валаззолин” аст, карда шавад, зеро қавм ҳамроҳи имом омин мегӯяд.
Хулосаи мазҳаби ҳанафӣ
Хулосаи назарҳои уламои ҳанафӣ дар масъалаи ба овози паст ё баланд омин гуфтан чунин мебошад:
1.Фатвои мазҳаби ҳанафиро дар масъалаи кайфияти гуфтани омин Имом Алоуддини Самарқандӣ дар “Туҳфаи фуқаҳо” чунин баён кардааст:
“وفي تحفة الملوك –ص: 71/ 94 – وَإِذا قَالَ الإِمَام وَلَا الضَّالّين أَمن هُوَ وَالْقَوْم سرا”.
“Ва ҳар вақто имом “валаззоллин” гуфт, ӯ ва қавм ба овози паст омин мегӯянд.” Далели ин фатворо Имом Муҳаммад дар “Муатто” (1/65/135) чунин баён кардааст:
“وفي موطأ مالك رواية محمد بن الحسن الشيباني -ص: 65 /135 – عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ، أَنّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَ: «إِذَا أَمَّنَ الإِمَامُ فَأَمِّنُوا، فَإِنَّهُ مَنْ وَافَقَ تَأْمِينُهُ تَأْمِينَ الْمَلائِكَةِ غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ» ، قَالَ: فَقَالَ ابْنُ شِهَابٍ: كَانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: آمِينَ. قَالَ مُحَمَّدٌ: وَبِهَذَا نَأْخُذُ، يَنْبَغِي إِذَا فَرَغَ الإِمَامُ مِنْ أُمِّ الْكِتَابِ أَنْ يُؤَمِّنَ الإِمَامُ، وَيُؤَمِّنَ مَنْ خَلْفَهُ، وَلا يَجْهَرُونَ بِذَلِكَ”،
“Пайғамбар (с) гуфтааст: Ҳар вақто имом омин гуфт омин бигӯед. Зеро агар омини шахсе бо омини фариштагон мувофиқ бияфтад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешаванд. Ибни Шиҳоб мегӯяд: Пайғамбар (с) омин мегуфт”.
Имом Муҳаммад дар ҳошияи ин ривоят чунин гуфтааст: Ба муқтазои ин ҳадис амал мекунем. Сазовор ин ҳаст, ки ҳар вақто имом аз хондани сураи “Алҳамд” фориғ гардид, омин бигӯяд ва касони аз пушташ буда омин бигӯянд ва оминро ба овози баланд нагӯяд”.
2.Тарҷиҳ додани паст гуфтани омин бар баланд гуфтанаш маънои онро надорад, ки уламои ҳанафӣ далелҳои ба овози баланд гуфтани оминро заъиф медонанд ва ё рад мекунанд. Дар ин мавзӯъ Имом Абулҳасаноти Лакҳнавӣ дар “Таълиқи мумаҷҷад” (1/446) чунин гуфтааст:
“وفي التعليق الممجد على موطأ محمد -1/ 446: والإنصاف أنَّ الجهر قويّ من حيث الدليل، وقد أشار إليه ابن أمير حاج في ” الحَلبة”.
“Инсоф дар иқрор кардан аст, ки оминро ба овози баланд гуфтан аз ҳайси далел қаввӣ ҳаст ва ба чунин буданаш Ибни Амири Ҳоҷ дар китоби “Ал-ҳулбаҳ” ишора кардааст”.
- Ибни Амири Ҳоҷ аз уламои ҳанафӣ дар он китоб чунин иқрор кардааст:
“وفي التعليق الممجد على موطأ محمد -1/ 446:وقد ورد في السنَّة ما يشهد لكل من المذهبين، ورجح مشايخنا ما للمذهب بما لا يعرى عن شيء لمتأمِّله”.
“Дар суннат барои ҳар ду мазҳаб, яъне паст ё баланд гуфтани омин далел вуҷуд дорад, вале машоихи мо ҳанафиҳо барои мазҳабамон ончиро тарҷиҳ додаанд, ки агар касе бо диққат назар бикунад аз қилу қол холӣ намебошад”.
3.Яке аз уламои маъруфи ҳанафӣ шореҳи китоби “Ҳидоя” Камолуддин ибни Ҳуммои Сайвосии Искандарӣ назари ҷамъ кардан байни ба овози паст ва баландро тарҷиҳ додааст ва дар “Шарҳи Ҳидоя” (1/295) чунин гуфтааст:
“وفي فتح القدير للكمال ابن الهمام -1/ 295: وَلَوْ كَانَ إلَيَّ فِي هَذَا شَيْءٌ لَوَفَّقْت بِأَنَّ رِوَايَةَ الْخَفْضِ يُرَادُ بِهَا عَدَمُ الْقَرْعِ الْعَنِيفِ، وَرِوَايَةَ الْجَهْرِ بِمَعْنَى قَوْلِهَا فِي زِبْرِ الصَّوْتِ وَذَيْلِهِ يَدُلُّ عَلَى هَذَا مَا فِي ابْنِ مَاجَهْ «كَانَ – صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ – إذَا تَلَا {غَيْرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَلا الضَّالِّينَ} )الفاتحة: 7( قَالَ آمِينَ حَتَّى يُسْمِعَ مَنْ فِي الصَّفِّ الْأَوَّلِ فَيَرْتَجُّ بِهَا الْمَسْجِدُ» “.
“Агар ман дар ин масъала ҳақи назар додан медоштам, чунин назар медодам: Мурод аз ривояти паст гуфтани омин ба шиддат баланд нагуфтани омин аст ва мурод аз ривояти баланд гуфтани омин ба овози поинтар омин гуфтан аст. Бар ин назар ривояти “Сунани Ибни Моҷа” далолат мекунад, ки дар он чунин омадааст: Пайғамбар (с) ҳар вақто “ ғайрил мағзуби алайҳим валаззоллин”-ро тиловат мекард ончунон омин мегуфт, ки касони дар сафи аввал будагӣ мешуниданд ва масҷид дар изтироб меафтид ва мавҷ мезад”.
Оминеро, ки Ибни Ҳуммом баён кардаанд аз овози паст каме болотар ва аз овози баланд каме поинтар аст ва чунин омини имомро танҳо касони дар сафи аввал буда мешунаванд.
Ҳукми қироати сураи “Алҳамд” – Масъалаҳои ихтилофӣ дар Намоз