Масъалаи машруъияти “ва баракотуҳ” дар салом дар Намоз. Масъалаҳои ихтилофӣ дар Намоз. Шарҳи Чоркитоб. Масъалаи машруъияти “ва баракотух” дар салом дар Намоз. Масъалахои ихтилофи дар Намоз. Шархи Чоркитоб.
Уламои ҳанафӣ дар масъалаи изофа кардани ва баракотуҳу дар охири саломи намоз ихтилофи назар доранд, ки баъзеҳо онро бидъат ва баъзе дигар ҷоизаш мегӯянд.. Ба таври мисол дар “Мароқи фалоҳ” чунин омадааст:
“وفي مراقي الفلاح شرح نور الإيضاح -ص: 102- ولا يزيد وبركاته لأنه بدعة وليس فيه شيء ثابت”
“Ва баракотуҳуро изофа бар саломаш намекунад, зеро бидъат аст ва дар мавриди дуруст буданаш ҳеҷ чизе, яъне ҳадиси саҳеҳе собит нест”.
Аммо дар “Ҳошияи Таҳтовӣ” дар мавриди ҷоиз будани изофа карданаш чунин гуфтааст:
“وفي حاشية الطحطاوي على مراقي الفلاح شرح نور الإيضاح ص: 274 – وفي الحلبي عن مختلف الفتاوى أنه يزيد وبركاته في التسليمتين”.
“Дар “Ҳалабӣ” аз “Мухталифулфатово” овардааст, ки ва баракотуҳуро дар ҳар ду саломаш изофа мекунад”.
Назари бидъат будани изофа кардани “ва баракотуҳу”аз ду ҷиҳат мардуд аст:
1-Ҳофиз дар “Булуғи маром” зиёдати ва баракатоҳуро дар ривояти Воил (р) собит гуфтааст ва Азимободӣ дар “Авни Маъбуд” ин мавзӯъро чунин баён кардааст:
“وفي عون المعبود وحاشية ابن القيم -3/ 207- وَحَدِيثُ التَّسْلِيمَتَيْنِ رَوَاهُ خَمْسَةَ عَشَرَ مِنَ الصَّحَابَةِ بِأَحَادِيثَ مُخْتَلِفَةٍ فِيهَا صَحِيحٌ وَحَسَنٌ وَضَعِيفٌ وَمَتْرُوكٌ وَكُلُّهَا بِدُونِ زِيَادَةِ وَبَرَكَاتُهُ إِلَّا فِي رِوَايَةِ وَائِلٍ هَذِهِ وَرِوَايَةٍ عن بن مسعود عند بن ماجه وعند بن حِبَّانَ وَمَعَ صِحَّةِ إِسْنَادِ حَدِيثِ وَائِلٍ كَمَا قَالَ الْحَافِظُ فِي بُلُوغِ الْمَرَامِ يَتَعَيَّنُ قَبُولُ زِيَادَتِهِ إِذْ هِيَ زِيَادَةُ عَدْلٍ وَعَدَمُ ذِكْرِهَا فِي رِوَايَةِ غَيْرِهِ لَيْسَتْ رِوَايَةً لِعَدَمِهَا وَقَدْ عَرَفْتَ أَنَّ الْوَارِدَ زِيَادَةُ وَبَرَكَاتُهُ وَقَدْ صَحَّتْ وَلَا عُذْرَ عَنِ الْقَوْلِ بِهَا وَقَالَ بِهِ جَمَاعَةٌ مِنَ الْعُلَمَاءِ”.
“Ҳадиси ба ду тараф салом додани Пайғамбар (с) аз тариқи понздаҳ саҳобӣ бо санадҳои саҳеҳ, ҳасан, заъиф ва матрук ривоят шудааст ва ба ҷуз дар ривояти Воил разияллоҳу анҳу дар “Сунани Ибни Моҷа” ва “Саҳеҳи Ибни Ҳиббон” бо санади саҳеҳ, дар дигар ривоятҳо “ва баракотуҳу” наомадааст. Ҳофиз дар “Булуғи маром” зиёдати “ва баракотуҳу”-ро собит гуфтааст ва ҳеҷ узре барои напазируфтанаш боқӣ намондааст ва ҷамоъате аз уламо ба изофа карданаш назар додаанд”.
2-Дар ривояти Имом Муҳаммад дар китоби “Алҳуҷҷа” Имом Абуҳанифа (р.ҳ) ба изофа кардани “ва баракотуҳу” назар дода чунин гуфтааст:
“وفي الحجة على أهل المدينة -1/ 136- وَقَالَ ابو حنيفَة رَحمَه الله السَّلَام فِي الصَّلَاة مرَّتَيْنِ يسلم الامام عَن يمنيه السَّلَام عَلَيْكُم وَرَحْمَة الله وَبَرَكَاته ثمَّ يسلم عَن يسَاره السَّلَام عَلَيْكُم وَرَحْمَة الله وَبَرَكَاته”.
“Имом Абуҳанифа (р.ҳ) гуфт: Салом дар намоз ду маротиб аст, имом аз ҷониби росташ Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ мегӯяд ва сипас аз ҷониби чапаш Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ мегӯяд”.