Шарҳи муқаддимаи Чаҳоркитоб

0

Ҳамд бодо бар Худованду сано,
Бар Худои меҳубони бандаҳо.

Бар расулаш сад дуруду офарин,
Аз ҷамиъи аҳли эмону яқин.

Баъди ҳамду ҳам дуруди бардавом,
Банда мехоҳад баён дорад маром.

Чанд сухан андар сифоти чоркитоб,
Мекунам тақрир андар ин хитоб.

Чоркитоб мақбули қалби солиҳон,
Чоркитоб мақбули ҳар пиру ҷавон.

Чоркитоб устоди устодони мо,
Чоркитоб муршиди фарзандони мо.

Чоркитоб сарчашмаи илму адаб,
Чоркитоб сармояи дину ҳасаб.

Чоркитоб фонуси роҳи бандагӣ,
Чоркитоб муниси роҳи зиндагӣ.

Баъди чанд авсофи неки чоркитоб,
Ки баён гардид андар ин хитоб.

Ёди як ходими он орем ба ёд,
То ки равшантар шавад қасду мурод.

Бибиям устоду омузгор буд,
Ходими дину басо диндор буд.

Бар занон таълими дин медод мудом,
Хондани Қуръону форсӣ бардавом.

Чун замоне хурд будаму ҷавон,
Пеши ӯ Қуръон бихондам он замон.

Баъди он таълим бидодам чоркитоб,
Раҳмати Ҳақ бар равонаш беҳисоб.

Ҳадя кардам ман ба руҳи шодравон,
Аҷри ончи дар китоб гардид баён.

Ё илоҳо ходимони чоркитоб,
Дар ду олам сарбаланд кун эй таввоб.

Гарчи ҳастам ман ғарибу пурқусур,
Дарбар аз хешу аз дӯстон дур.

Ғарқ дар баҳри гуноҳу вому қарз,
Пеши Ту аҳволи худ дорам ъарз.

Ҳоли мо ислоҳ соз Парвардигор,
Ҷуз Ту кас ислоҳ насозад кору бор.

Бо камоли эҳтиром инро Сабур
Мефиристад туҳфае аз роҳи дур.

Ҳарки моро дар дуъо орад ба ёд,
Раҳмати Ҳақ шомили ҳоли ӯ бод.

Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣКасам хурдан ва баргардонидани он дар Ислом
Мақолаи баъдӣИбтидо мекунам ба номи Худо … (шарҳи Чоркитоб)