Якчанд шеър дар бораи Ватан меорем, шеърҳо дар васфи Ватан – Тоҷикистон, шеърхо дар васфи Ватанам — Точикистон аз сайти Дониш — www.Donish.su

Ватанам
Тоҷикистони азизам, дилу ҷонам, Ватанам,
Шарафи ҳастии ман, ному нишонам, Ватанам.
Набувад беҳ зи забони ту забоне ба ҷаҳон,
Набувад беҳ зи ту ҳарфе ба забонам, Ватанам.
Гарчи фаслест ҷавонӣ гузарон мисли баҳор,
Ба канори ту ҳама умр ҷавонам, Ватанам.
Зарраи хоки туам, ё ки пари коҳи туам,
Ба лаби марзи ту чун кӯҳи гаронам, Ватанам.
Мисли тифлони ту ҳар субҳ дилам бархезад,
То ки аз дарси вафо дер намонам, Ватанам.
Килки хуршеди ту “Шаҳнома” нигорад ҳама рӯз,
Достони зафариншои ту хонам, Ватанам.
Зинати дафтари таърих бузургони туанд,
Мешиносад ба сипоси ту ҷаҳонам, Ватанам.
Нур аз синаи рӯди ту ба олам ҷорист,
Шеди зулматшикани нурфишонам, Ватанам.
Карда Симрурғи ту кайҳони хирадро таҳи пар,
То абад фотеҳи бе тиру камонам, Ватанам.
Номи нек аст нишон сарвару солори туро,
Хиттаи сулҳу гулистони амонам, Ватанам.
То ки ҳастам ба ҷаҳон зинда ба паймони туам,
Нафасам, набзи дилам, рӯҳу равонам, Ватанам.
Сулаймони Аҳтам
Ман бимирам аз бароят эй Ватан,
Мекунам ҷонам фидоят эй Ватан.
Санги хороят бароям гавҳар аст,
Ман бигирям аз бароят эй Ватан.
Кӯҳҳои сарбаландат лолазор,
Обҳоят ҳамчу қалбат беғубор,
Мардумонат софдилу хоксор,
Чор фаслат менамояд чун баҳор.
Эй Ватанҷонам, Ватанҷонам Ватан,
Ҳар хасу хорат маро бахшад чаман.
Булбулонат ҳар тараф чаҳ- чаҳкунон,
Фахр месозад зи ту дорад Ватан!!!
Умеда Шукурова
Шеърхо дар васфи Ватан, Шеър дар бораи Ватан – Точикистон.


