Фарқи аҳли суннат ва ҷамоат аз аҳли бидъат (шиа-ташайюъ, муътазилия, хавориҷ ва ғайра). Фарки ахли суннат ва чамоат аз ахли бидъат (шиа-ташайюъ, муътазилия, хаворич ва гайра).
1-Аҳли суннат ва ҷамоъат мисли тоифаи ҷуҳамиҳо ва муътазилиҳо ақлро масдари дин қарор надодаанд ва мисли онҳо оятҳои муташобиҳ ва мушкилфаҳмро таъвил ва чунин ҳадисҳоро инкор намекунанд. Балки мо ҳамаи чунин оятҳо ва ҳадисҳоро аз ҷониби Аллоҳ ва Расулаш медонем ва ба онҳо ҳамчуноне ҳастанд имон дорем ва донистани кайфияташонро ба Аллоҳ таоло ҳавола мекунем.
2-Аҳли суннат ва ҷамоъат мисли тоифаи хавориҷ ва муътазила ҳадисҳои оҳод, яъне аз тариқи як саҳобӣ ривоятшударо рад намекунад ва дар ҳамин асос мо ба азоби қабр, пули сирот, дидори Аллоҳ таоло фардои қиёмат ва ғайра имону яқин дорем, вале онҳо ба ин умур имон надоранд.
3-Аҳли суннат ва ҷамоъат мисли тоифаи муътазилаҳ ва бақияи касоне, ки ба тақдир имон надоранд ва онҳоро қадария мегӯянд намебошанд ва аз ҷониби Аллоҳ таъоло муқаддар ва тақдиршуда будани умури хайру шарри дар олам ҷараён доштаро тасдиқ мекунанд ва бовар доранд ва имони ба тақдирро рукне аз аркони имон медонанд.
4-Аҳли суннат ва ҷамоъат мусулмони содиркардаи гуноҳи кабира, мисли зино дуздӣ ва ғайраро то замоне ба ҳаром будани ин умур ақида дорад осиву гунаҳгор ва мустаҳиқи ҷазо ва ҳамчун мусулмони фосиқаш медонанд, вале мисли хавориҷи такфирии гумроҳ ӯро ҳукми ба куфр ва хуруҷи аз дин ва куштанаш ҳалол ва гирифтани зану амволаш ғанимат намекунанд.
5-Аҳли суннат ва ҷамоъат мисли шиъаёни исноашария дувоздаҳ имоми аҳли байтро мисли Аллоҳ ва Расулаш соҳиби шариъат, маҳфузи аз хатову гуноҳ ва ақволашонро масдари дин ва рукне аз аркони имон намегӯянд ё донандаи илми ғайб ё наҷотдиҳандаи аз дӯзах ва дохилкунандаи биҳишт ва ғайра намегӯянд, валекин ҳамаи аҳли байти Пайғамбар (с) –ро бидуни истисно ва маҳдуд кардан ба дувоздаҳ имом дӯст медоранд ва дӯст дошташонро аҷру савоб муътақид мебошанд.
6-Аҳли суннат ва ҷамоъат саҳобагони Пайғамбар (с)-ро баргузида ва ихтиёркардаи Аллоҳ таоло барои нусрати Пайғамбар (с) дар роҳи сахту душвори интишори дин медонанд ва ҳамаи онҳоро бидуни истисно дӯст медоранд ва имому пешвои худ дар кайфияти амал кардан бо Қуръон ва Суннат медонанд. Аммо шиъаён ва хавориҷиҳо аксари асҳоби киромро кофиру гумроҳ ва таҳрифкунандаи дин медонанд.
7-Аҳли суннат ва ҷамоъат ҳамаи ҳамсарони Пайғамбар (с)-ро модарони худ медонанд, балки ба хотири Пайғамбар (с) онҳоро аз модарони худ бештар дӯст медоранд ва аз ҷумлаи бузургтарин занони мусулмон дар олам медонанд. Аммо шиъаён нисбат ба аксари занони Пайғамбар (с) бадбин мебошанд ва ҳатто баъзеи онҳоро туҳмат ба зино мекунанд.
Хулосаи мавзӯъ
Мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат бо чаҳор шохаи фиқҳияш қалъаи усутворе дар дифоъ аз дини мубини ислом аст, ки фатовои умури динро дар дасти ашхоси лоиқи ба фатво додан ва сазовори пешво будан, амсоли имомон Абуҳанифа, Молик, Шофеъӣ ва Аҳмад нигаҳ медорад.
Дар ҳамин асос агар мусулмонон рӯ ба бемазҳабӣ биоранд хоҳ нохоҳ фатво ва пешвоии умури дин ба дасти ноаҳлон, фитнагарон, мансабпарастон ва манфиатпарастони динфурӯш меафтад ва уммати исломӣ мисли яҳудият ва насроният ба оқибати талхи гирифтор шудан ба таҳрифи аҳкоми дин мувоҷиҳ мешавад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
«إِذَا وُسِّدَ الأَمْرُ إِلَى غَيْرِأَهْلِهِ فَانْتَظِرِ السَّاعَةَ» (كذا في صحيح البخاري /1/ 2-عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ)
“Замоне зимоми умур ба ноаҳлон супурда шавад, мунтазири қиёмат бош”.
Чуноне имрӯзҳо бо чашми сар мебинем умури дин ба самти Пайғамбар (с) хабардода оҳиста – оҳиста дар ҳаракат аст.


