Дуои шукри неъмат

0

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ғанномии Баёзӣ (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: «Ҳар шахсе вақти субҳ ин дуоро бихонад, он шахс шукри ҳамаи неъматҳои он рӯзро ба ҷо оварда бошад ва ҳар шахсе ҳангоми шом ин дуоро бихонад, ӯ шукри ҳама неъматҳои он шабро ба ҷо оварда бошад»[1].

дуои шукр

Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма мо асбаҳа бӣ мин ниъматин фа минка ваҳдака ло шарика Лака фа Лака-л-ҳамду ва Лака-ш-шукр.

Тарҷума: Эй бор Худоё, ҳар он неъмате, ки насиби ман, ё яке аз махлуқоти Ту имрӯз субҳ шудааст, танҳо аз тарафи Ту ато шудааст. Ту шарике надорӣ, ҳамаи ҳамду ситоиш барои Ту ҳастанд ва ҳамаи шукр барои Туст.

Дуо ва тасбеҳоти баъди НАМОЗ


[1] Ин ҳадисро Абӯдовуд ва Насоӣ ривоят кардаанд.


Дуъои/Дуои шукр, точики, Худоро шукр гуям, шукр кун, дуо барои.

Мақолаи қаблӣДуо чист? Тарзи дуо кардан (Дуъо)
Мақолаи баъдӣДуои аз хона берун омадан