Анвоъи ҳаҷи Фарзӣ – намудхои Хачи Фарзи

0

Анвоъи хачи Фарзи – намудҳои ҳаҷи Фарзӣ. Шарҳи Чоркитоб.


Ҳаҷи фарзӣ се навъ мешавад:

1-Ҳаҷи муфрад ё ифрод. Касе нияти ҳаҷи танҳо, яъне ҳаҷи бидуни умра ният бикунад вай ҳаҷи муфрад ё ҳаҷи ифрод ният кардааст ва худашро муфрид, яъне шахси  нияти ҳаҷи танҳо карда мегӯянд.

2- Ҳаҷи қирон.  Касе ҳаҷи умра ва ҳаҷи фарзиро бо ҳам қарин бикунад ва ҳар дуро якҷоя дар як вақт ният бикунад, чунин ҳаҷро ҳаҷи қирон ва шахси чунин ҳаҷкунандаро қорин меноманд. Қорин аввалан умраро адо мекунад ва онро ба итмом мерасонад, вале аз иҳроми умра худашро хориҷ намекунад ва то оғози ҳаҷ дар ҳолати иҳром боқӣ мемонад ва аз дохили ҳарам ба ҳаҷи фарзӣ  иҳром мебандад ва баъди адои ҳаҷ худашро аз ихром хориҷ мекунад.

3-Ҳаҷи таматтуъ.  Касе дар моҳҳои ҳаҷ нияти умра бикунад ва умраро анҷом дода аз иҳроми умра хориҷ шавад ва то оғоз шудани ҳаҷи фарзӣ мунтазир бимонад ва чун ҳаҷи фарзӣ оғоз гардид аз дохили ҳарам нияти ҳаҷи фарзӣ мекунад. Чунин ҳаҷро ҳаҷи таматтуъ ва шахси чунин ҳаҷкунандаро мутаматтеъ меноманд.

Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” модари муъминон ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо чунин гуфтааст:

“خَرَجْنَا مَعَ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَامَ حَجَّةِ الوَدَاعِ، فَمِنَّا مَنْ أَهَلَّ بِعُمْرَةٍ، وَمِنَّا مَنْ أَهَلَّ بِحَجَّةٍ وَعُمْرَةٍ، وَمِنَّا مَنْ أَهَلَّ بِالحَجِّ”. (كذا في صحيح البخاري – -2 / 142-1562 – عَنْ عَائِشَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا)

“Дар соли ҳаҷҷатул ваддоъ ҳамроҳи Пайғамбар (с) ба қасди ҳаҷ ба роҳ баромадем. Баъзеи мо нияти умра (ҳаҷи таматтуъ) ва баъзе дигар нияти ҳаҷҷу умра (ҳаҷи қирон) ва баъзе дигар нияти ҳаҷ (ҳаҷи ифрод) карда буданд”.

Аз ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” дониста мешавад, ки аксари ҳамроҳони Пайғамбар (с) ҳаҷи таматуъ кардаанд. Зеро ровии ин ривоят ҳазрати Анас разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:

“فَلَمَّا قَدِمْنَا أَمَرَ النَّاسَ، فَحَلُّوا حَتَّى كَانَ يَوْمُ التَّرْوِيَةِ أَهَلُّوا بِالحَجِّ” (كذا في صحيح البخاري – 2 / 139/ 1551 -عَنْ أَنَسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ)،

“Ҳангоме вориди Макка шудем Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи саллам дастур доданд ва мардум аз иҳроми умра хориҷ шуданд, то ки рӯзи тарвия (ҳаштуми зулҳиҷҷа) фаро расид ва нияти ҳаҷ карданд”.


Фарқ дар байни ҳаҷи муфрад ва ҳаҷи қирон

Фарқ дар байни ҳаҷи муфрад ва ҳаҷи таматтуъ

Нияти Ҳаҷ (нияти хачи умра / фарзи)

Мақолаи қаблӣМавсими ҳаҷи Умра ва ҳаҷи Фарзӣ
Мақолаи баъдӣНияти Ҳаҷ (нияти хачи умра / фарзи) – шарҳи Чоркитоб