Саломнома шеър ва сухан барои баромад дар мактаб ва дигар ҷойҳо, ҳатто барои дар аввали гуфтор ва мақола навиштан лозим аст. Салом нома дар туй ва туйёна — туёна ҳам гуфта мешавад. Дар инҷо ҳама шеърҳо ва суханҳое, ки ба саломнома бахшида шудаанд меорем. Саломнома аз сайти Суи ДОНИШ — DONISH.SU >>

Сар оғози сухан расми қадим аст,
Ба бисмиллоҳу раҳмону раҳим аст.
Салому сад салом ай нури дида,
Салом аз ҷониби моён расида.
Ассалом эй шоҳи даврон ассалом,
Ассалом эй хубрӯён ассалом.
Ассалом эй дӯстон, ҳаммиллатон,
Боз гӯем аз дилу ҷон ассалом.
Салом, эй ки диламро ба нур пайвастӣ,
Салом, эй ки аз таҷаллият ҷаҳон зебост.
Салом, эй ки сукутат сукати кавкабҳо,
Салом, эй ки садоят садои боронҳост.
Саломнома ба пешвози субҳ
Ассалом, эй роҳрӯби тозакор,
Мерасад мусиқии марғуби ту.
Рашха-рашха субҳ мерезад ба роҳ
Аз сари ҳар шохаи ҷорӯби ту.
Рӯзи ту, эй кошки хуш бигзарад!
Ассалом, эй хоҳари куҳнафурӯш,
Гарчи медонӣ надорӣ муштарӣ,
Куҳнаколои бисотатро саҳар
Бо умеди нав ба раҳ мегустарӣ.
Рӯзи ту, эй кошки хуш бигзарад!
Ассалом, омӯзгори шабфурӯз,
Сӯи фардо ноқили хуршедҳо.
Чашмҳоят манбаи барқи умед,
Ҷузвдонат ҳомили хуршедҳо.
Рӯзи ту, эй кошки хуш бигзарад!
Ассалом, эй он ки ойини саҳар
Асли ойинномаи ҳар кори туст.
Бомдодон ишқи гарми зиндагӣ
Корфармои дили бедори туст.
Рӯзи ту, эй кошки хуш бигзарад!
Ассалом, эй он ки бо рӯхи мунир
Шабзудоӣ, шабситезӣ мекунӣ.
Зиндагиву орзуи тозаро
Ҳар сахар барномарезӣ мекунӣ.
Шеърҳо ва суханҳои бештари САЛОМНОМА дар инҷо <<


