Саҳари барвақт ҳангоми хестан аз хоб, мегӯйӣ ки машқи субҳгоҳӣ мекунам, аммо тамбалӣ туро намемонад, ки ин амалро иҷро кунӣ. Имрӯз ваъда медиҳӣ ки фардо ҳатман ба назди ҳамсинфонам меравам. Боз худатро фиреб медиҳиву ин амалашро низ иҷро намекунӣ. То ба ягон мушкилӣ дучор нашавӣ, фикри зиндагӣ ва роҳи рост дар сарат намезанад. Чаро? Намедонӣ магар? Чунки худфиреб ҳастӣ. Ба виҷдонат ваъда медиҳиву иҷрояш намекунӣ. Оқибаташро боре фикр кардаӣ? Ҳеҷ корат барор надорад. То ба кай худатро фиреб медиҳиву зери танқиди дигарон қарор мегирӣ? Мард на онест, ки худфиребу дурӯғгуву ғайбатчӣ бошад. Мард онест, ки худбовар бошад. Ба гуфтаи худ амал карда тавонад. Виҷдонашро идора карда тавонад.
Зиндагӣ ончунон гуногун ва печдарпеч аст, ки то ба ҷузъиёти он ворид нашавӣ, аз он чизе нахоҳӣ фаҳмид. Касонеро зикр кардан мумкин, ки ба зиндагиашон аҳамияте намедиҳанд. Зиндагиашонро намесозанд. Интизор мешаванд, ки зиндагӣ барояшон тағйироте ворид кунад. Кам касоне ҳастанд, ки думболи ризқи ҳалолу зиндагии осоишта мегарданд. Ҳеҷ кас аз пеши зуд чизе нашудааст. Оё фикр мекунӣ ки Бил Гейтс сарватмандтарин одами дунё яку якбора милиардер шудааст? Ё дар он фикри, ки Стив Ҷопс бе меҳнату заҳмат чунин шахсияти муътабар шудааст. Зиндагӣ агар осон мебуд, бо гиря оғоз намешуд. Ҳама касоне, ки дар зиндагӣ муваффақанд, ҳеҷ гоҳ худфиреб набуданд. Ба умеди ҳама чиз намешуданд. Мунтазир намешуданд, ки фардо ба сарашон чӣ меояду мувофиқи он амал кунанд. Ҳамеша барои беҳтар гардонидани зиндагиашон кӯшиш мекарданд. Ноумеду дилшикаста намешуданд. Ба худ бовар мекарданд. Ана барои ҳамин онҳо муваффақу муътабар шудаанд.
Ту низ метавонӣ, ба шарте ки тарки ин одат кунӣ. Аслан гирем, дар инсон калимаи наметонам бояд вуҷуд надошта бошад. Ҳама кореро, ки аз худат бовар дошта бошӣ, ҳатман аз ӯҳдааш мебароӣ. Барои ҳамин аз имрӯз шуруъ кун, то каме ҳам бошад зиндагиатро тағйир диҳӣ. Фикри майишату гаштану хушгузаронии вақтро макун. Фикри онро кун, ки чӣ гуна дар зиндагиат муваффақ мешавӣ. Вақте муваффақ шудӣ, майишат ҳам мешаваду гаштан ҳам. Фикри ҳеҷ касро накардӣ, аққалан падару модаратро фикр кун. Боре андешидӣ, ки ба заҳматҳову меҳнатҳои волидонат кай ҷавоб мегардонӣ. Дар лаҳзаҳои пириашон чӣ гуна дастгирашон мешавӣ. Биё худфиребиро бас куну чашмонатро пӯшида, аз худат пурс, ки чӣ гуна касӣ. Барои сохтани зиндагиат ҳоло ҳам дер нашудааст. Пас, кӯшиш мебояду халос.