Дуои хамхобаги бо зан, дуо пеш алокаи чинси

0

Дуо пеш аз хамхобаги. Дуои хамхобаги бо зан хамхобаги кардан. Дуо пеш аз ҳамхобагӣ / алоқаи ҷинсӣ. Дар ин саҳифа >>

Дуо ва тасбехоти намоз, духтари мусулмон, мусулманка

✅ Дуои ҳамхобагӣ

✍?Аз Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят аст ки Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи вассалам фармуданд:

«Ҳар гоҳ яке аз шумо қасди ҳамхобӣ бо ҳамсарашро дошта бошад, ин дуоро бихонад:

 “بسم الله اللهم جنبنا الشیطان و جنب الشیطان مارزقتنا”

«Бисмиллоҳ. Аллоҳумма ҷанибнаш-шайтона ва ҷаннибиш-шайтона мо разақтано».

“Бисмиллоҳ эй Аллоҳ! Аз шарри шайтон моро нигаҳ дор ва фарзанде ки ба мо иноят хоҳӣ кард онро низ аз шарри шайтон нигаҳ дор”.

Пас агар дар ин сурат ба онҳо фарзанде иноят шавад, шайтон ба ӯ газанде наметавонад бирасонад ва ҳамеша аз шарри шайтон маҳфуз мемонад»

?[ривояти Бухорӣ]


❗️Шарҳ:

?Шайх Абдулҳақ муҳаддиси Деҳлавӣ дар шарҳи ин ҳадис навишта аст:

 «Аз ин ҳадис маълум мешавад ки агар ба ҳангоми ҳамхобӣ чунин дуоҳое хонда нашавад (ва аз Худо ғофил буда монанди ҳайвонот ғаризаи ҷинсии худро ишбоъ кунад) фарзанде ки дар натиҷаи ҳамхобӣ мутаваллид мешавад аз шарри шайтон маҳфуз намемонад пас аз он мефармоянд: “Аз ин ҷо аст фасоди аҳволи фарзандон ва табоҳкории ишон”

 ? Худованди мутаол ба мо тавфиқи қадршиносии ин роҳнамоиҳои Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи вассалам ва амал бар онҳоро насиб фармояд.

Мақолаи қаблӣАҳкоми қасм (адолат байни занҳои мард)
Мақолаи баъдӣҲушдор ба муллоҳои Google, Facebook, YouTube, Instagram