Фарқи саҳобагон аз бақияи уммат (мардуми омма)

0

Фарки сахобагон аз бакияи уммат


1-Ба хилофи бақияи уммат авсофи неки саҳобагон дар Қуръони карим ва Тавроту Инҷил омадааст.

2-Ба хилофи бақияи уммат саҳобагони Пайғамбар (с)-ро бо чашми сар дидаанд ва ӯро дар роҳи интишори дин ҳамроҳӣ ва ёрӣ кардаанд ва шогирдони мадрасаи нубувват мебошанд.

3-Ба хилофи бақияи уммат дӯст доштани саҳобагон ин дӯст доштани Пайғамбар (с) ва бад диданашон бад дидани он ҳазрат аст.

4- Ба хилофи бақияи уммат саҳобагон садрнишини хайрулқурун, яъне пешвоёни асрҳои тилогини исломанд ва шахсияти ҳамаи онҳо одил ва сиқаву муътамад дониста мешаванд ва ҳеҷ кадомашон зарурат ба тасдиқу шаҳодати дигарон барои сиқаву муътамад ва одил буданаш надорад.

5- Ба хилофи бақияи уммат дӯст доштани саҳобагон аломати аз аҳли суннат будан ва бад диданашон аз нишонаҳои аз аҳли бидъат ва залолат будан аст.

6- Ба хилофи бақияи уммат ақида ва сирати саҳобагон ҳамчун ақида ва сирати “Сироталлазина анъамта алайҳим” дониста мешавад ва пайравӣ аз онҳо дар ин роҳ матлуб аст.

7- Ба хилофи бақияи уммат розӣ будани Аллоҳ ва Расулаш аз асҳоби киром дар Қуръон ва Суннат собит аст, ҳамчуноне биҳиштӣ будани баъзе шахсиятҳои маълуми асҳоби киром дар ҳадисҳои саҳеҳ омадааст.


Мавзӯи пурраро инҷо хонед >> Саҳобишиносӣ
Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<
Саволу ҷавоби исломӣ

Мақолаи қаблӣФарқи саҳобагон аз пайғамбарон
Мақолаи баъдӣФазилати саҳобагони Муҳаммад (с)