Озар – гладиатори тоҷик, дӯсти Спартак, шаҳрванди Рим ва чеҳраи ношинохтаи таърих
Озар кай ба дунё омад, манобеъи таърихи чизе намегӯянд. Фақат маълум аст, ки ӯ дар давлати Устурушана (қаламрави Истаравшани имрӯз) –и асри якуми пеш аз милод ба дунё омада, ба силоҳсозӣ ва ҷанговарӣ шуҳрат ёфта буд. Пас аз ҳуҷуми чиниҳо ба давлати Даван (Фарғонаи имрӯз) давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла афшини Уструшан нерӯҳои худро барои кӯмак фиристоданд. Озар дар ин ҷанг ширкат кард ва асир афтод. Чиниҳо ӯро бо худ бурда, дар сохтмони Садди бузурги Чин ба кор гумоштанд. Озар аз он ҷо ба марзи Чин фирор ва дар сафи марзбонони чинӣ ба хизмат пардохт.
Рӯзе гуннҳои биёбони Гоби ба ин посгоҳи марзбонӣ ҳамла оварда, ҳамаи онҳоро мекушанд, аммо Озарро, ки хеле ҷасурона онҳоро яке пайи дигар аз по дармеовард, ба қатл нарасонда, бо худ ба биёбон бурданд.
Паҳлавони суғдӣ ба зудӣ дар миёни гуннҳо маҳбубият пайдо кард, қабл аз ҳама бо ақлу хирад. Роҳи Бузурги Абрешим аз биёбони Гоби мегузашт ва гуннҳо ба корвонҳои тоҷирон ҳамла намуда, онҳоро ғорат мекарданд. Озар ба гуннҳо маслиҳат дод, ки корвонҳоро набояд ғорат кунанд, балки аз онҳо боҷ ситонанд ва ҳам амнияташонро бигиранд, зеро дар акси ҳол онҳо дигар аз ин роҳ намегузаранд ва гуннҳо аз даромади муфт маҳрум мешаванд.
Гладиатор Озар
Озар минҳайси фармондеҳи посбонони як корвони тоҷирони юнонӣ роҳии Аврупо шуд, аммо дар Финикия (қаламрави имрӯзи Шарқи наздик – Лубнон, Фаластин, Сурия, Исроил) ба асорати раҳзанон афтод. Ӯро ба бозори бардафурӯшии Рим бурданд, ҷойе, ки ба тасодуф бо Спартаки маъруф дучор омад ва гладиатори бузург ӯро харидорӣ кард.
Он замон Спартак аз Озар мепурсад, ки киву аз куҷост? Озар посух медиҳад, ки аз шаҳри Уструшани Суғд аст. Спартак ҷуғрофиёро хуб намедонист. Озар ба ӯ шарҳ дод, ки Суғд дар ҳамсоягии давлати Форс ҷойгир аст. Он гаҳ Спартак гуфт: “Туро минбаъд “Форс” хоҳем хонд!”
Ҳамин тавр, Озар ба мактаби маъруфи гладиатории Лентул Батиати шаҳри Капуяи Италия афтод ва бо лақаби “Форс” борҳо рӯи Саҳнаи бузурги ҷангҳои гладиатории Рим баромада, ба гладиаторӣ ва ҳам силоҳсозӣ шуҳрат пайдо кард.
Миёни ӯ ва Спартак риштаи дӯстӣ танида шуд ба ҳадде, ки Озар як шамшери махсусеро ба Спартак тӯҳфа намуда, лақаби “Шамшери Спартак” – ро низ камоӣ кард. Ӯ бо иттифоқи Спартак аз мактаби Лентул Батиат фирор намуд ва дар яке аз бузургтарин исёни ғуломон дар таърих – шӯриши Спартак (73 – 71 то милод), ки ҳудуди 70 ҳазор ғуломро дарбар мегирифт, низ ширкат кард.
Пас аз шикасти шӯриш ва қатли Спартак қайсари Рум фармон дод, ки “Форс” – ро зинда назди ӯ оранд. Ӯ ба Озар ва гладиаторони боқимондаи шӯриши Спартак шарт гузошт, ки агар бо иттифоқи Легиони Рим Ҳаллия (имрӯза Фаронса, Шветсария ва Белжик) – ро забт кунанд, ҳар яке мукофоти пулӣ ва озодӣ ба даст хоҳад овард.
Озар дар ин сафари ҷангӣ ширкат намуда, бо пирӯзӣ ба Рим баргашт ва аз дасти Гай Юлий Сезар, императори маъруфи Рим озодӣ ва мукофот гирифт ва расман шаҳрванди Рим, ҳатто бо аксарияти оро дар Сенати Рим нозири аслиҳаи анбори император интихоб шуд.
Ӯ бо як зани римӣ хонадор шуда, дар синни 82 – солагӣ, тақрибан як сол қабл аз мавлуди паёмбар Исои Масеҳ, ҷон ба ҷонофарин таслим кард.
Бино ба манобеъи таърихӣ, ӯро дар қабристони легионерҳо ва гладиатороне, ки дар Саҳнаи бузурги Рим шӯҳрат ёфта буданд, ба хок супурданд ва дар сари қабри ӯ бо ҳуруфи лотинӣ навиштаанд: “Форс”, устои силаҳсоз ва гладиатор. Дӯсти Спартак”.
МАВОДИ ҶОЛИБ >>



