Фарки закот аз садака
Закот аз чанд ҷиҳат аз хайроту садақот фарқ мекунад:
1. Аз ҷиҳати ҳукм: Закот фарз аст ва хайроту садақот мустаҳаб мебошанд. Аз ҳамин ҷиҳат аҷру савоби як сомонии моли закот аз як милион сомонии садақаи нафлӣ бештар ва бузургтар аст.
2. Аз ҷиҳати масориф. Моли садақаро ба мусулмону ғайри мусулмон, ғанию фақир, ҳайвоноту дарандаҳо, парандаҳову моҳиҳо ва ҳатто дар шинондани дарахту бино кардани хона барои дигарон додану сарф кардан дуруст мебошад. Аммо закотро танҳо ба табақаҳои ашхосе дода мешавад, ки шариъат онро муқарар кардааст ва танҳо ба фақиру мискини мусулмони табақаҳои шариъат муқараркарда дода мешавад.
Он ашхоси шариъат муқараркарда инҳоянд: Фақиру мискин, сарф кардани закот барои озод кардани ғуломон ва сарф кардани закот дар ашхоси ба сабаби надоштани нафақа ва туша дар роҳ монда аз рафтан ба ватанашон оҷиз мондаанд, ба касоне дар роҳи Аллоҳ буда, мисли ҳоҷие, ки ба сабаби нарасидани маблағ аз идомаи ҳаҷ оҷиз мондааст ва ба қарздорон ва ба шахсони навмусулмоншуда барои гарм кардани дилҳояшон ба ислом.
Дар масъалаи сарф кардани моли закот дар бинои масҷид, мадраса, мактаб, шифохона, ятимхона ва ғайра ба сабаби ҳосил нашудани тамлик, яъне чӣ касеро молик гардонидани моли закот, уламо ихтилофи назар доранд.
3. Аз ҷиҳати баровардани моли закот аз мулк. Закотро бояд закотдиҳанда аз мулки худаш хориҷ бикунад ва моли садақаро хориҷ кардан аз мулк шарт нест. Аз ҳамин ҷиҳат ба касоне, ки нафақаи онҳо бар уҳдаи закотдиҳанда аст, мисли падару модар ва зану фарзанд закот додан дуруст нест, зеро дар ин сурат моли закот аз мулкаш хориҷ намешавад. Аммо садақа додан ба падару модар ва зану фарзанд на танҳо дуруст мебошад, балки садақа ва силаи раҳим мешавад ва савобаш бештар аст.
4. Аз ҷиҳати тамлик, яъне молик гардонидани фақир. Агар касе маблағи закотро таъом бипазад ва фақиронро даъват намояд ва онҳо бихуранд, садақа мешавад, валекин аз закот намешавад. Зеро дар ин сурат хурдани таъомро барои фақир мубоҳ гардонидааст ва таъомро моли фақир нагардонидааст. Аммо барои аз закот шудан бояд маблағи молии воҷибшуда ва ё таъоми бо он маблағ пухташударо ба фақир ё мискин таслим бикунад ва онҳо онро молик бигарданд ва ихтиёр ҳосил бикунанд, ки онро бихуранд ё бифурушанд ё садақа бикунанд.
5. Аз ҷиҳати шарт будани тамлики мол на манфиати мол, яъне молик гардонидани айни мол на манфиати мол. Агар касе хона ё мошинашро аз ҳисоби моли закот ба фақир бидиҳад закоташ дуруст мешавад, вале агар мошину хонаро нею балки маблағи иҷораи хона ё маблағи иҷораи мошинашро аз фақире, ки он хона ё мошинро истифода бурдааст нагирад ва онро аз моли закот ҳисоб бикунад, аз закот намешавад, балки садақа мешавад. Зеро закот ин худ додани айни мол ба фақир аст ва дар инҷо додани манфиати мол мешавад на айни мол. Аммо агар маблағи иҷораи хона ва ё иҷораи мошинро аз фақир аввалан бигирад ва баъди гирифтанаш онро ҳамчун моли аз закоти бар вай воҷибшуда биҳад, аз закот мешавад.