Маърифати закот. Шархи ибодатхои моли. Садака.
Маърифати закот
Масъулиятҳо ва ибодатҳои молӣ дар ислом даҳ навъ мебошанд:
- Закот.
- Садақаҳои нафлӣ.
- Хумс.
- Ушр.
- Хароҷ.
- Ҷизя.
- Садақаи фитр.
- Кафорати қасам.
- Назрҳо.
- Нафақаҳои аҳлу авлод ва ғайра.
Шарҳи ибодатҳои молӣ
1. Закот миқдори муъаяни аз молеро меноманд, ки он мол ба нисоб, яъне ба миъёри шариъат барои сарватманд маҳсуб шудани соҳибаш муқараркарда расида бошад. Он миқдори муъаяни аз чунин молро баъзе анвоъаш ҳақи давлат аст ва баъзе дигараш ҳақи табақаҳои фақиру муҳтоҷи мусулмонони ҷомеъа мебошанд, ки шариъат онҳоро муқарар ва мушаххас кардааст.
2. Садақаи нафлӣ мол ё таъомеро меноманд, ки садақакунандаи мусулмон онро аз моли ҳалоли худаш бидуни ин, ки бар вай воҷиб бошад, хос барои дарёфти ризои Аллоҳ таоло ва андухтани аҷру савоб ба инсонҳои мусулмон ва ғайри мусулмон, парандагону дарандагон, ҳашароту хазандагон, моҳиҳои баҳрҳо ва ба тамоми дигар зиндаҷонҳо медиҳад.
3. Хумс миқдори панҷяки молро мегӯянд, ки ҳақи давлат буда, онро аз кону маъданҳо, хазинаҳои аз зери замин ёфташуда ва аз моли аз душман ғанимат гирифташуда мегирад.
4. Ушр даҳяки молро мегӯянд, ки ҳақи давлат буда, онро аз ҳосили заминҳои ушрӣ, ва аз гумруки молии тоҷирони ғайри мусулмони аз хоки кишварҳои исломӣ убуркунанда гирифта мешавад.
5. Хароҷ ҳиссаи муъаяни молиест, ки ҳақи давлат буда, онро аз заминҳои хароҷӣ ва ё аз душман дар ивази сулҳ мегирад.
6. Ҷизя миқдори молест, ки солона як маротиб давлат аз сокинони ғайри мусулмонаш дар ивази ҳифзи ҷону моли онҳо мегирад ва инчунин ҷизя молест, ки давлати ғолиби дар ҷанг аз давлати мағлуб меситонад.
7. Садақаи фитр миқдори муъаяни пӯл ё молест, ки мусулмонон онро ҳар соле як маротиб қабл аз хондани намози иди рамазон ба фақирон медиҳанд.
8. Кафорати қасам миқдори шариъат муқараркардаи молест, ки баъди шикастани қасам пардохт карда мешавад.
9. Назр миқдори молест, ки шахси назркунанда онро барои дарёфти ризои Аллоҳ таоло ва баровардани ҳоҷаташ бар уҳдаи худаш воҷиб кардааст.
10. Нафақа масъулияти молиест, ки онро шариъат бар уҳдаи мардон барои пардохти нафақаи зану фарзандонашон воҷиб кардааст.


