1. Закот бузургтарин ибодати молӣ, рукне аз аркони ислом ва фарзе аз бузургтарин фарзҳои он аст. Пайғамбар (с) фармудааст:
“بُنِيَ الإِسْلاَمُ عَلَى خَمْسٍ: شَهَادَةِ أَنْ لاَ إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ، وَإِقَامِ الصَّلاَةِ،وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ، وَالحَجِّ، وَصَوْمِ رَمَضَانَ “. (كذا في صحيح البخاري -1/ 11/8 – عَنِ ابْنِ عُمَرَ،.)
“Ислом бар панҷ чиз бино шудааст:
1-Гувоҳӣ додан бар ин, ки Аллоҳ якка ва ягона аст ва ҷуз Ӯ ҳеҷ худои дигаре вуҷуд надорад.
2-Барпо доштани панҷ вақт намоз.
3-Пардохтани моли закот.
4-Ҳаҷ кардани хонаи Каъба.
5- Моҳи рамазонро рӯза доштан”.
2. Фарзияти закот мисли фарзияти намоз аст. Аз ҳамин ҷиҳат дар чандин оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои саҳеҳи набавӣ намозу закот якҷо зикр шудаанд. Дар ояти 43 сураи“Бақара”Аллоҳ таоло чунин дастур додааст:
{وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَارْكَعُوا مَعَ الرَّاكِعِينَ} )البقرة: 43(
“Намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва бо намозгузорон намоз бигузоред”.
Аз ҷиҳати фарқ набудан дар байни гузоридани намоз ва пардохтани закот асҳоби киром мункирони закотро ҳукм ба хуруҷи аз дин карданд ва бар муқобилашон лашкар кашидан ва ин бо амри халифаи мусулмонон ҳазрати Абубакр разияллоҳу анҳу буд, ки дар он рӯз чунин гуфт:
” وَاللَّهِ لَأُقَاتِلَنَّ مَنْ فَرَّقَ بَيْنَ الصَّلاَةِ وَالزَّكَاةِ”. (كذا في صحيح البخاري -9/ 94/7284)
“Қасам ба Аллоҳ! Бо ашхосе, ки дар байни намоз ва закот фарқ мегузоранд, қитол хоҳам кард”.
3. Ҳикмат аз фарз шудани закот пок кардани нафсу моли мусулмонони сарватманд, кумак ба фақирону мустамандон ва эҷоди фазои ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ дар байни табақаҳои мухталифи фақиру сарватманди ҷомеъаи мусулмонон аст. Чуноне Аллоҳ таоло мефармояд:
{خُذْ مِنْ أَمْوَالِهِمْ صَدَقَةً تُطَهِّرُهُمْ وَتُزَكِّيهِمْ بِهَا} )التوبة: 103(
“Аз молҳояшон закот бигир то онҳоро бо он тоҳиру пок бисозӣ”.


