Ман барои харидани мурғи бирён ба бозор рафтам. Интизори фармоиш худ дар каноре истодам. Ногоҳ марде дар тан либоси фақирона омад аз соҳиби тарабхона, ки мурғи бирён низ мефурӯхт пурсид:
– Мурғ чанд аст?
Мард ба ӯ гуфт:
– Аз 40 сомонӣ то 120 сомонӣ.
Марди фақир аз назди фурушанда каноре рафт, ман дидам, ки чигуна пули худро ҳисоб мекард.
Баъд ба назди фурушанда соҳиби тарабхона баргашту гуфт:
– Лутфан метавонистед ба ман як мурғи хурдтареро, бо нархи арзонтар нишон медодед, зеро фарзандам бемор аст, дили ӯ мурғи бирён мехоҳад.
Соҳиби тарабхона ногоҳ телефонро аз ҷайбаш баровард ва ба занг ҷавоб дод дар ҳузури марди фақир табассум мекард, бо хушнудӣ сари худро меҷунбонид.
Зуд зангро бо ин сухан тамом кард:
– Худоро шукр, Парвардигоро, барои ин неъматад.
Пас аз хомуш кардани телефон, зуд ду мурғи калони бирёнро овард ба марди фақир доду гуфт:
– Ин ширини аст. Худованд ба ман ду писари дугоник насиб гардонид. Аз ман ба ту туҳфа мехоҳам дар имрӯз ту низ хуш боши ва ба фарзандад Худо шифои комил ва оҷил насиб гардонад.
Мард туҳфаро пазируфт, аз шодӣ чунин дуо намуд:
– Ифтихори туро баланд гардонанд ва туро бо ҳузури фарзандонад баракат диҳад.
Мард рафт, ман ба назди соҳиби тарабхона омадам ва беихтиёр гуфтам:
– Табрик, соҳиби ду писар гаштен…
Мард ба ман табассум намуду гуфт:
– Ба ман умуман касе занг назадааст. Ман роҳе пайдо кардам, ки ба ин одам кумак кунам, зеро ӯ ниёз дорад, мехоҳад хостаи фарзанди беморашро иҷро кунад, ман ин усулро барои нигоҳ доштани шаъну эътибори ӯ иҷро кардам, то эҳсос накунад, ки ин хайр буд…
Ба худ гуфтам, Худоро шукр, ки дунё ҳоло ҳам хуб аст… Дуо кунед дар ҳаққии онҳое, ки ба мо ахлоқ омӯхтанд, яъне ба #устод, #падар, #модар ❤️
Аз саҳифаи фейсбукии #S_M_


