Пайванди мӯй бо мӯйҳои маснуъӣ барои занону мардон! Ё бо забони лаҳҷавӣ парик мондан аз нигоҳи Ислом.

Асмо духтари Абубакр (разияллоҳу анҳо) фармудаанд:
«Зане назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омада гуфт: Эй Расули Худо! духтаре дорам, ки бар асари беморие мӯи сараш рехтааст ва акнун мехоҳам ӯро ба марде арусӣ кунам, оё метавонам мӯяшро пайванд кунам? Паёмбар(с) фармуданд:
“Худованд занеро, ки мӯй пайванд мекунад, ва он ки мӯяш пайванд мешавад (мӯяшро дигар кас пайванд мекунад) нафрин ва лаънат намудааст” Муслим 3/1676.
Пас аз ин бар меояд, ки набояд муйҳои худро ҷамъ намуда, ба шахсоне, ки муй мехаранд фурӯшем, чунки Паёмбар ба он нафаре, ки муяшро дигар кас дар муи худаш пайванд мекунад (парик мекунад) лаънат кардааст.
Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳумо) фармудаанд:
«Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз ин ки зане мӯяшро пайванд кунад манъ намудааст» Муслим 3/1679.
Истифода бурдани мӯйҳои маснуъи, ки имрӯза ҳунарпешаҳо ва бозигарон дар филмҳо ва театрҳо истифода мекунанд низ ҳаром ва ноҷоиз мебошад.
Аз шабакаи Ҳидояти занон
Чаро аз болои хонаи Каъба парвоз кардан манъ аст? (Бисёр ҷолиб)


