![]() |
|
Номи расмӣ | Republik Singapura |
Истиқлол | 09.08.1965 |
Пойтахт | Сингапур |
Парчам | ![]() |
Нишон | ![]() |
Масоҳат | 724,2 км2 |
Аҳолӣ | 5,5 млн |
Домени интернетӣ | .sg |
Рамзи ISO | SG |
Рамзи МОК | SGP |
Пешшумораи телефон | +65 |
Минтақаи замонӣ | UTC+8 |
Ҷумҳурии Сингапур шаҳр, мамлакат ва ҷазирае мебошад, ки дар ҷанубу шарқии Осиё ҷойгир аст. Сингапур яке аз кишварҳои поктарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, зеро қонунҳо дар бораи ифлоскунӣ ниҳоят сахтанд. Масалан, соҳибони автомобил, агар ба маркази шаҳр раванд, андози иловагӣ месупуранд, зеро барои ворид шудан пардохти махсуси ситондашавандаи роҳ мавҷуд аст.
Масоҳаташ 715,8 километри мураббаъ буда, 5,5 миллион аҳолӣ дорад. Сарвазир ва Ҳукумат ҳамеша аз пайи беҳбудии тарзи зисти сокинон чораҷӯӣ менамоянд. Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар 55 000 долларро ташкил медиҳад, ки ин кишварро нисбат ба бисёр кишварҳои бузург дар ҷойи нисбатан боло мегузорад. Сингапур барои бисёр давлатҳо чун дарвозаи вуруд хизмат мерасонад, масалан, барои Бали, Чин, Малайзия. Аз ин рӯ, бештари сайёҳон барои шиносоӣ бо фарҳанги ин кишвар ва ҳаловат бурдан аз зебоиҳои он, дар ин ҷо таваққуф мекунанд. Меҳмонон имкон пайдо месозанд, ки давоми се – чор соат дар бораи таърих, фарҳанг, дин, анъанаҳо, урфу одатҳои мардумӣ бисёр маълумот пайдо намоянд.
Сингапур бо забони точики, сингапур на таджикском языке, сингапур точики, сингапур сингапур какая, сингапур столица, сингапур +на карте, сингапур страна