
Паёмбар Хазрати Мухаммад (ﷺ) чанд фарзанд дошт? Чӣ ном доштанд? Ҷавоб ба ин ҳама суолҳо дар ин мақолаи сомонаи www.donish.su
Расули Акрам (ﷺ) соҳиби ҳафт фарзанд буд, се писар ва чаҳор духтар. Исмҳои писарон Қосим, Абдуллоҳ, Иброҳим ва исмҳои духтарон Зайнаб, Руқия, Умму Кулсум, Фотима мебошанд. Иброҳим аз ҳазрати Мория (р.а.) буда, дигар шаш фарзанди Расулуллоҳ (с.а.с.) аз ҳазрати Хадиҷа (р.а.) мебошанд. Иброҳимро бо исмҳои (тахаллус) Тоҳир ва Тайиб ҳам зикр мекунанд.
- Қосим:
Фарзанди якуми Расулуллоҳ (с.а.с.) Қосим мебошад. Аз ин хотир Расулуллоҳ (с.а.с.)-ро Абул-Қосим мегуфтанд, ки худи Расулуллоҳ (с.а.с.) аз ин ном хушаш меомад. Тибқи ривояти Ибни Саъдо, Қосим ду сол умр дид. Дар Макка вафот кард.
- Зайнаб:
Зайнаб духтари бузурги Расулуллоҳ (с.а.с.) Зайнаб аст. Баъд аз Қосим дар Макка ба дунё омадааст. Зайнаб бо писари холааш Абулос издивоҷ кард. Абулос исломро қабул накард. Дар ҷанги Бадр асир меафтад ва ваъда медиҳад, ки Зайнабро ба Мадина мефиристад. Расулуллоҳ (с.а.с.) барои овардани Зайнаб аз Макка ба Мадина Зайд бин Ҳорисаро равон кард. Зайнаб ба Мадина омад, аммо Абулос дар Макка монд. Абулос дар ҷанге дубора асир меафтад ва ин маротиб бо ҳимояи Зайнаб озодаш мекунанд. Абулос ба Макка рафта амонатҳои гирифтаашро ба соҳибонаш баргардонида дини Исломро қабул мекунад ва баъдан ба Мадина ҳиҷрат мекунад. Барои мусулмон шуданаш бо Зайнаб аз нав никоҳ мекунанд. Абулос бо Зайнаб муомилаи хуб дошт. Расулуллоҳ (с.а.с.) Абулосро эҳтиром мекард. Зайнаб соли ҳаштуми ҳиҷрат вафот кардааст ва ҷасади ӯро Умму Айман ва ҳазрати Савдо шустанд. Намозашро Расулуллоҳ (с.а.с.) хонд. Абулос Зайнабро ба қабр гузошт.
- Руқия:
Руқия духтари дуюми Расулуллоҳ (с.а.с.) мебошад. Руқия пеш аз паёмбарии Расулуллоҳ (с.а.с.) бо фарзанди Абулаҳаб бо исми Утба оиладор шудааст. Замоне, ки Расулуллоҳ (с.а.с.) мардумро ба Ислом даъват кард, Абулаҳаб фарзандашро наздаш хонда таъкид кард, ки агар аз духтари Муҳаммад (с.а.с.) ҷудо нашавӣ, ман аз ту ҷудо мешавам. Утба бо ташфиқи падар аз Руқия (р.а.) ҷудо мешавад. Баъдан Руқия (р.а.) бо ҳазрати Усмон (р.а.) хонадор мешавад. Ҳазрати Усмон (р.а.) бо Руқия (р.а.) дар ҳиҷрати якум бо қофилае ба Ҳабашистон меравад.
Руқия (р.а.) дар аснои ҷанги Бадр бемор мешавад. Аз ин сабаб ҳазрати Усмон (р.а.) дар ҷанги Бадр иштирок карда наметавонад. Ҳазрати Руқия (р.а.) вафот мекунад. Расулуллоҳ (с.а.с.), ки дар ҷанги Бадр буд, дар ҷанозаи Руқия (р.а.) иштирок накардааст.
- Умму Кулсум:
Умму Кулсум (р.а.) пеш аз Ислом таваллуд шудаст. Модараш ҳазрати Хатиҷа (р.а.) мебошад. Умму Кулсум (р.а.) бо фарзанди дуюми Абулаҳаб бо исми Утайба оиладор шудааст. Абулаҳаб Исломро қабул накард ва ҳатто душмани ашадии Ислом буд. Сураи “Таббат” барои Абулаҳаб нозил шуд. Абулаҳаб аз ғазаби зиёд ба фарзандаш гуфт, то аз Умму Кулсум (р.а.) ҷудо шавад. Утайба низ сухани падарашро гирифта аз Умму Кулсум (р.а.) ҷудо мешавад.
Баъд аз ҷанги Бадр, як сол баъд аз вафоти ҳазрати Руқия (р.а.), ҳазрати Усмон (р.а.) бо ҳазрати Умму Кулсум (р.а.) хонадор мешавад.
Тибқи ривояти Бухорӣ, ҳазрати Ҳафса (модарамон, ҳамсари Расулуллоҳ (с.а.с.)), духтари ҳазрати Умар (р.а.)) бешавҳар мемонад. Ҳазрати Умар (р.а.) барои оиладор кардани духтараш Ҳафса (р.а.) ба ҳазрати Усмон (р.а.) муроҷиат мекунад. Ҳазрати Уcмон (р.а.) бетарафӣ нишон медиҳад.
Ин дафъа ҳазрати Умар (р.а.) духтараш ҳазрати Ҳафса (р.а.)-ро ба ҳазрати Абубакр (р.а.) пешниҳод мекунад. Ҳазрати Абубакр (р.а.) ҳам хомӯшӣ риоя мекунад. Ҳазрати Умар (р.а.) ғамгин мегардад.
Рӯзе Расулуллоҳ (с.а.с.) ба ҳазрати Умар (р.а.) мефармояд.
«Ман барои ту аз Усмон (р.а.) хубтару ба Усмон (р.а.) хубтареро меёбам. Духтаратро ба ман деҳ ва ман духтарамро ба Усмон медиҳам». Ҳазрати Абубакр (р.а.) ва Усмон (р.а.) ба ҳазрати Умар (р.а.) мегӯянд, ки рӯзе аз даҳони мубораки Расулуллоҳ (с.а.с.) исми Ҳафса (р.а.)-ро шунидем, аз ин хотир сукут кардем. Баъдан ҳазрати Расулуллоҳ (с.а.с.) бо ҳазрати Ҳафса (р.а.) оиладор мешаванд.
Ҳазрати Умму Кулсум (р.а.) бо ҳазрати Усмон (р.а.) шаш сол зиндагӣ кардааст. Умму Кулсум (р.а.) соли нуҳуми ҳиҷрат вафот мекунад. Ҷанозаашро Расулуллоҳ (с.а.с.) хондааст. Ҳазрати Алӣ (р.а.), ҳазрати Фадл (р.а.) ва ҳазрати Усамо (р.а.) ҳазрати Умму Кулсумро (р.а.) ба хок супурданд.
Ҳазрати Усмон (р.а.) бо ду духтари мубораки Расулуллоҳ (с.а.с.) хонадор шудааст. Аз ин хотир ҳазрати Усмон (р.а.)-ро «зиннурайн» мехонанд, яъне «соҳиби ду нур».
- Фотима:
Фотима духтари охирин ва дӯстдоштатарини Расулуллоҳ (с.а.с.) аст. Дар соли аввали ваҳй дар Макка ба дунё омадааст. Соли дуюми ҳиҷрӣ дар Мадина бо ҳазрати Алӣ (р.а.) хонадор мешавад, ки Фотима 15 сол дошту ҳазрати Алӣ (р.а.) 24 сол.
Ҳазрати Алӣ (р.а.) хост завҷаи дуюм гирад. Расулуллоҳ (с.а.с.) аз ин хабардор шуд ва хело ғамгин шуду дар хутбае фармуд:
– Духтарам ҷигарпораи ман аст. Он чизе, ки духтарамро ғамгин месозад, маро ҳам ғамгин месозад.
Баъди хондани хутба ҳазрати Алӣ (р.а.) дар замони ҳаёт будани ҳазрати Фотима (р.а.) бо дигаре хонадор нашудааст. Ҳазрати Фотима (р.а.) соли ёздаҳи ҳиҷрӣ, шаш моҳ баъд аз риҳлати Расулуллоҳ (с.а.с.) дар синни бисту панҷ солагӣ вафот кардааст. Ҳазрати Фотима (р.а.) панҷ фарзанд дошт: Ҳасан, Ҳусайн, Муҳсин, Умму Кулсум, Зайнаб. Муҳсин дар сини хурдсолӣ вафот мекунад.
- Абдуллоҳ:
Абдуллоҳ соли ёздаҳи пеш аз ҳиҷрат дар Макка таваллуд шудааст. Се моҳ умр дидааст. Бо номҳои Тоҳир ва Тайиб низ машҳур аст.
- Иброҳим:
Иброҳим фарзанди хурдии Расулуллоҳ (с.а.с.) аст. Соли ҳаштуми ҳиҷрӣ ба дунё омадааст. Модари Иброҳим, ҳазрати Мория (р.а.) мебошад. Тибқи ривоят аз модарамон ҳазрати Оиша (р.а.), Иброҳим дар 17-18 моҳагӣ вафот кардааст. Расулуллоҳ (с.а.с.) намози ҷанозаашро хонд ва Фадл ибни Аббос, Усамо бин Зайд, Усмон ибни Мазъун Иброҳимро дар мазори Боқия ба хок супурдаанд.
Рӯзи вафоти Иброҳим ҳодисаи гирифтори офтоб рӯх дод. Халқ гуфт, ки офтоб низ мотам карда истодааст.
Расулуллоҳ (с.а.с.) фармуданд:
– Офтобу моҳ аз оятҳои Аллоҳ таъоло (ҷ.ҷ.) аст. Аз барои марги фонӣ ҳодисаи гирифтори офтобу моҳ рӯх намедиҳад.
ХУДОБАХШ 28.02.2010с.


