Пневмония (газаки шуш) ва тарзи табобати он

0

Пневмония чист? Маълумот бо забони точики / тоҷикӣ, пневмония ё газаки шуш ва тарзи табобати пневмония дар ин мақола аз сомонаи www.DONISH.su

пневмония

10 рохи табобати газаки шуш (пневмония)

Газаки шуш (#Пневмония)— ин ҷараёни илтиҳобиест, ки дар бофтаҳои шуш ба амал меояд. Газак метавонад ҳамаи бофтаҳо ё як қисми шушро фаро гирад. Газаки шуш бештар дар моҳҳои январ-март ва камтар дар моҳҳои август-сентябр вомехурад.

Одамони солхурда ва кудакон ин бемориро вазнин аз сар мегузаронанд. Сабаби ин иллат бактерияҳо, вирусхо ва замбуруғҳо мебошанд. Газаки шуш шадид ва музмин шуда метавонад.

Газаки шадиди шуш ба газаки маҳдудӣ (ҷузъӣ) ва зотуррия (крупозӣ) ҷудо мешаванд.

Газаки шуши ҷузъӣ хар хел чараён гирифта, ҳарорати баланди бадан, 4-7 руз давом мекунад. Сабабгори ин иллат мураккабшавии грипп, илтиҳоби шадиди хекиртак, зуком ва дигар бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ мебошад. Бемор аз хастагӣ, баланд шудани ҳарорати бадан, дарди сар, дард дар мавқеъи қафаси сина, сулфаи хушк бо хориҷшавии балғами луобӣ — римӣ шикоят мекунад. Аз табобати дар сари вақт сар шуда, бемор дар муддати 2 ҳафта сиҳат мешавад.

Газаки зотуррия (крупозӣ) ногаҳон, шадид пайдо шуда, аз бемор ҳарорати баланди то 39-40°С, ларзаи сахт, дарди сар, дардмандӣ дар қафаси сина дар мавзеъи иллатёфта, сулфа бо хориҷ шудани балғами хунин мушоҳида мешавад. Агар табобатро дар сари вақт сар накунанд, ҳарорати баланди бадан то 2 ҳафта давом карда, яку якбора паст мешавад.

Ногуфта намонад, ки газаки шадиди шуш ба ҳаёти бемор хатаровар аст. Бинобар ин, беморе, ки аломатҳои газаки шадиди шушро дорад, фавран бояд дар бемористон бистарӣ шавад.

Тарзи табобат:

  1. Як чумчаи хурокхурӣ (20 г) алафи раҳдавакро дар 1 истакон оби ҷуш, 1 соат печонда дам дода, бо андозаи ним истаконӣ, 3 бор дар 1 руз, пеш аз таом менушанд.
  2. Як чумчаи хурокхурӣ алафи райҳонро дар 1 истакон оби ҷуш, 1 соат печонда дам дода, бо андозаи ним истаконӣ, 3 бор дар 1 руз, пеш аз таом менушанд.
  3. Орд
  4. Як чумчаи хурокхурӣ решаи майда резакардаи ширинбияро дар 500 мл оби ҷуш, 10 дақиқа дар оташи паст ҷушонида, 45 дақиқа хунук карда, бо андозаи 1 чумчаи хурокхурӣ, 3 бор дар 1 руз, пеш аз таом менушанд. Давраи табобат — 1-2 ҳафта.
  5. Ду чумчаи хурокхурӣ меваи хушки олуболуро дар 2 истакон оби ҷуш, 10 дақиқа дар оташи ҷушонида, ним истаконӣ 3-4 бор. Дар 1 руз, пеш аз таом менушанд.
  6. Дах адад лундаи пиёз, 1 сарак сирро майда реза карда, дар 1 литр шир то мулоим шудани таркиба чушонда, 1 чумчаи хурокхурй асал илова карда, бо андозаи 1 чумчаи хурокхурй, 1 соат баъд, дар муддати руз истеъмол мекунанд.
  7. Мумиеёро бо андозаи 0,2 г дар 50 & 100 мл шири гарм махлул карда, пагохй ва бегохй менушанд.
  8. Як чумчаи хурокхурй баргчойро дар 1 истакон оби чуш, 1 соат печонида дам дода, бо андозаи ним истаконй, 3 бор дар 1 руз, пеш аз таом менушанд. Давраи табобат — 1-2 хафта.
  9. Равгани бодиёнро бо андозаи 1 чумчаи хурокхурй, 3-4 бор дар 1 руз, пеш аз таом менушанд.
  10. Ба 100 г шираи турби сиёх 200 г асалро омехта, бо андозаи 1 чумчаи хурокхури, 3—4 бор дар 1 руз, пеш аз таом, дар муддати 5 руз менушанд.
Мақолаи қаблӣТазоҳуроти гургон барои гусфандон -ҳикояи ҷолиб
Мақолаи баъдӣФарзандони Паёмбар Ҳазрати Муҳаммад (ﷺ)