Мақолаи аҷиберо бо номи Агар Шумо аз гурӯҳи телеграмии Садои тоҷик бознашр мекунем.

Дар курраи Замин зиёда аз 7 миллиард одам зиндагӣ мекунад. Аз онҳо: 57 дарсад осиёӣ, 21 дарсад аврупоӣ, 14 дарсад амрикоӣ ва 8 дарсад африкоиҳоянд. Боз ҳам 52 дарсадро занҳо ва 48 дарсадро мардон ташкил медиҳанд, ки дар ин шумора мову шумо ҳам ҳастем.
Агар ин субҳ аз хоб сиҳату саломат бедор шудед, аз як миллион сокини рӯи дунё, ки то охири ҳафта мемиранд, хуштолеътар ҳастед.
Агар дар давоми зиндагиатон ҷанг, ранҷи зиндон, шиканҷа ва гуруснагиро надида бошед, аз 500 миллион одами ба ин ранҷҳо гирифтор хушбахттар ба шумор меравед.
Агар манзили зист, ғизо ва дар тан либос дошта бошед, аз 45 дарсади сокинони сайёра доротаред.
Агар дар хона пасандоз ва дар ҳамёнатон пули муайянро соҳиб бошед, ба шумори 8 дарсади одамоне, ки таъминоти хуб доранд, ворид мешавед.
Агар шумо ин «агар»-ҳоро хонда истода бошед, толеи боз ҳам фаррухтаре доред. Зеро шумо яке аз 1 миллион одаме, ки хондаву навишта наметавонад, нестед!
https://donish.net/maslihati-mufid-1-jo-lajfkhaki-tochiki/


