Феминизм чист? Маълумот дар бораи феминизм бо забони тоҷикӣ / точики.

СУОЛ:
Бародар Шумо дар баъзе наворҳо ва навиштаҳоятон ба равияи Феминизм ишора кардед. Ин чӣ равия аст ва чи афкоре дорад?!
Каме масаларо равшан мекардед. Пешопеш ташаккури зиёд.
ҶАВОБ:
Бале бародари гиромӣ.
Ба ин равия ва равияҳои монанд ба он ҳамеша ишора карда аз зиёну зарари он мегӯем.
Аз баски тавзеҳи масала баёни пурра мехоҳад, мақола каме дароз мешавад ва аз хонанда сабри хондан мехоҳад.
МОҲИЯТ ВА МАЪНОИ ИН КАЛИМА
Решаи вожаи Феминизм (Feminism) калимаи фаронсавии feminin ба маънои зан ва занона аст.
Феминист ва ё феминистка (ҳамчун сифат) ба касе гуфта мешавад, ки муътақиди андешаҳои ин равия аст.
Феминизм равияи сиёсӣ ва иҷтимоии дар ғарбу амрико зуҳур намуда буда “иборат аз маҷмуае аз афкор ва назарияҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фалсафиест, ки пайравони он иддио доранд мақсадашон ба озодӣ расидани занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ва соҳибҳуқуқ гаштан ва мутлақан бо мардон баробар будани онон аст.”
Ин равия дар натиҷаи аз ҳуқуҳои зиёде маҳрум будани зан дар урупои асримиёнагӣ ва амрико ба вуҷуд омада аст.
Масалан, маҳрум будани занон аз ҳама навъ ҳуқуқ ва ҳақиру нокас донистани онон дар Бритониё ба ин ҳад расида буда, ки қонуни давлатии Бритониё то соли 1805 мил, ба мард фурӯхтани занашро иҷоза медод.
Нархи занон чунон паст буд, ки ҳатто заноне ба 6 (шаш) бенс (тин) фурӯхта мешуданд.
Ин ҳақиқатҳои таърихӣ та танҳо дар гуфтаҳои мо мусалмонон, балки дар китобҳои муаррихону мутафаккирони ғарбӣ низ баён мешавад.
Инчунин, таҳсили занону духтарон дар урупо то нимаи қарни 19 ум аз нигоҳи қонун амали мамнуъ буд.
НИГОҲИ ТАҲҚИРОМЕЗ БА ЗАН ДАР ФАЛСАФАИ ҒАРБӢ
Рӯҳонии насронӣ Кристум дар бораи зан мегӯяд: Зан бадӣ ва мусибат ва хатари хонагӣ аст. Ӯ фитнаи ҳалокатбор ва зиштиест, ки бо тилло рупӯш шуда аст.
Буно Фантур, қиддиси машҳури дигар ба шогирдонаш гуфт аст: Агар Шумо дар куча занеро дидед, гумон накунед инсонро дидед, балки шумо мавҷуди ваҳшие ва ё худи шайтонро дидаед.
Нигоҳи таҳқиронаи ғарби асримиёнагӣ то ба ҷое расида буд, ки соли 586 фаронса ҳамоише баргузор намуд, ки мавзуи дар он муноқишашуда ин буд, ки оё зан инсон маҳсуб аст ё на, ӯ руҳ дорад ё на?
Нахустин фаъолзаноне, ки дар роҳи дифоъ аз ҳуқуҳи занон талош карда аз пешвоёни Феминизм ба ҳисоб меравад, Mary Wollstonecraft (Мэ́ри Уо́лстонкрафт ) аст, ки барои раисдани занону духтӣарон дар Амрико ба ҳаққи таҳсил буда аст.
РАВИЯЕ, КИ ШИОРҲОИ ҶОЛИБ, ВАЛЕ ҲАДАФҲОИ БАД ДОРАД
Дар асл ин равия ба мақсади соҳибқуқу шудани занон ба вуҷуд омада сипас ба шохаҳор зиёду гуногуне тақсим шуда ба ифрот (зиёдаравӣ) роҳ дода аст.
Яъне, метавон гуфт феминистҳо ифротгароёне дар соҳаи ҳуқуқи занонанд.
Зиёдаравӣ дар ин майдон ба ҷое расида аст, ки дар баъзе кишварҳое, ки занон зери таъсири афкори ин равия қарор гирифтаанд, мардон аз ҳуқуқи худ маҳрум шуда даъвои таъсиси равияе барои дифоъ аз ҳуқуқи мардон шудаанд.
МАҲШУРТАРИН ШОХАШОИ ФЕМИНИЗМ:
- Феминизми либералӣ ва ё ислоҳталаб (Либеральный феминизм);
- Феминизми радикалӣ (Радикальный феминизм);
- Феминизми марксӣ (Марксистский феминизм).
МАҲУРТАРИН ШАХСИЯТҲОИ РАВИЯИ ФЕМИНИЗМ:
- Mary Wollstonecraft (ваф 1797) нависандаи бритонӣ (Бритониё)
- Hubertine Auclert фаъоли сиёсӣ (ваф 1914) (Фаронса)
- Elizabeth Cady Stanton фаъоли ҷамъиятӣ (Амрико)
- Germaine Greer рӯзноманигор ва нависандаи устролӣ. (Устролиё)
- Betty Friedan фаъоли ҷамъитӣ, нависанда (Амрико)
- Ҳудо Шаъровӣ, هدى الشعراوي нависанда ва фаъоли сиёсӣ (Миср)
- Навол Саъдовӣ نوال السعداوي нависандаи мисрӣ (Мирс)
ШАММАЕ АЗ ЗАРРАҲОИ АФКОРИ ИН РАВИЯ
Яке аз ҳадафҳои равияи бар оила ва ҷомеа хатарбори Феминизм ба шиорҳои “озодӣ” ва “соҳибҳуқуқ сохтан” занро аз манзил ба кӯчаву тарабхонаву кошонаҳо баровардан ва аз зери “фармони шавҳар” берун сохта ба “озодӣ” дар коргоҳу корхонаҳо “соҳиби кор” намудан аст.
Феминизм, ки реша аз фалсафаи бединии ғарбӣ маншаъ мегирад, мардро душмани зан муаррифӣ намуда будёди оила ва тавалуди кудакро монеъи пешрафти зан меҳисобад.
АЗ ЗАБОНИ ХУДИ ОНҲО
Масалан бонувон Helen Sullinger ва Nancy Lehmann, ки аз фаъолони Феминизм ҳастанд дар баёнияе ҳанӯз соли 1971 гуфтаанд:
لقد روج علينا الرجال فكرة الزواج ونحن الآن نعلم أن مؤسسة الزواج هي التي أفشلتنا وعلينا أن نعمل على تدميرها
“Бешак, мардҳо болои мо андешаи издивоҷро ривоҷ додаанд. Мо (пайравони феминизм) медонем, ки сабаби нокомиҳои мо занон оила аст ва бар мо зарур аст, то барои вайронсозии оилаҳо саъй намоем.”
Қабл аз ин ду бону Robin Morgan низ гуфта аст:
لا يمكن أن ندمر عدم المساواة بين الرجال والنساء إلا بتدمير الزواج
“Имкон надорад мо нобаробариро миёни мардону занон аз байн бубарем, магар ба ин роҳ, ки низоми издивоҷро вайрон намоем.”
Феминисткаи дигар, Simone Beauvoirи фаронсавӣ (ваф 1986), ки тули ҳаёташ маъшуқаи файласуф Сартер буда аст ва чун Сарет ба ӯ пешниҳоди издивоҷ мекунад, ӯ рад карда мегӯяд, на ҳамсар, балки то охири умр “дӯст” боқӣ мемонем ва феълан онҳо то ахири умр бо ҳам “дӯстӣ” мекарданд ва аз худ фарзанде ҳам нагузоштанд.
Ин зани феминистка мегӯяд:
“Издивоҷ ин як зиндони якумра барои зан ва қатъ гаштани ҳама орзӯву ҳавасҳои ӯст. Зан вақто издивоҷ мекунад, дигар ояндае надорад…”
МУҲИМТАРИН АҚИДАҲОИ ИН РАВИЯ:
- Инкори эҳтиёҷмандии зан ба мард.
- Инкори зери роҳбарии мард қарор доштани зан.
- Мардро дар назари зан душман ва ғосиби ҳақуқи ӯ намоиш додан.
- Инкори арзишҳои динӣ ва урфу одатҳои ҷамъиятӣ.
- Оиларо дар назари занону духтарон зиндон намоиш додан.
- Иҷрои вазифаҳои хонагӣ (рубӯчину пухтану духтан ва ғайра)-ро ғуломӣ шуморидан.
- Инкори фарз будани ҳиҷоб. (хоси феминисткаҳои ҷомеаҳои мусалмонӣ)
- Дар ҳама кору вазифаҳо баробар донистани зан бо мард.
- Озодии мутлақ доштани зан дар ҳаёти оилавӣ.
- Зарур нашуморидани изнпурсии зан аз шавҳар дар ҳеҷ умари зиндагӣ.
- Бидуни изни шавҳар ҳаққи исқоти ҳамл доштани зан.
- Эътироф намудани сиҳоқ (амали фаҳшо миёни ду зан) ва онро аз ҳуқуҳҳои шахсии ҳар зану духтар донистан.
- Тағйири мафҳуми оила дар зеҳни мардум ва ҷой додани шаклҳои нави оила. (ҷамъ шудани ҷуфтҳои ҳамҷинс).
Ба ақидаи Феминизм зан набояд зери итоати шавҳар бошад. Бояд комилан озод ва бидуни ҳеҷ гуна дахолати каси дигар “зиндагии худ”- ашро дошта бошад.
Аз ин сабаб аст, ки вазъи оила дар ҷомеаҳое, ки ин афкорро пазируфтаанд то рафт вахимтар гашта амалҳои зишт ва фаҳшо бештар мунташир мегардад.
ФЕМИНИЗМ ХИЛОФИ ҚОНУНИ ОФАРИНИШ
Роҳбар доштани ҳар муассиса ва ҳар ҷамъият ва итоат шудани он роҳбар шарти асосӣ барои пойдории ҳар корхонаву муассиса ва инчунин шарти солим мондани ҳар ҷомеа аст.
Ин қонуни офариниш дар ҳастӣ аст, ки Худованд низоми оламро бо чунин шакл ҳаст намуда аст.
Ҳар шахси соҳиби ақлу хирад дар ин қазияи шак надорад, ки ҳеҷ давлате, вазорате, корхонае ва муассисае бидуни роҳбар буда наметавонад.
Оила муҳимтарин муассисаи ҳаёт ва асоси ҷомеи солим аст табиист, ки бидуни роҳбар низомаш халалдор ва дар ниҳоят аз адои рисолати хуб оҷиз мегардад.
РОҲБАРИ ОИЛА БУДАНИ МАРДҲОРО ХУДОВАНД ТАЪЙИН КАРДА АСТ
Худованди Ҳаким барои бардавомии ҷинси башарӣ низоми оиладориро бо роҳи ҳалол машруъ сохта барои поёдор будани ин муассисаи инсонбарор, ки оила дом дорад ба ҳар як марду зан муносиб бар ҷисму бар офариниши ҳар яке вазифаҳои хосе вогузор карда ба ин “корхона” мардро мудир таъйин карда аст.
Ӯ Таъоло дар Сураи Нисо фармуда аст:
الرِّجَالُ قَوَّامُونَ عَلَى النِّسَاءِ
“Мардон сарпараст ва тадбиркунандагони (корҳои) занонанд.”
(Нисо, 32).
Онугуна, ки роҳбарону ҳокимон болои раъият фармораво ҳастанд ва суханашон гузарост, мард дар оила ин сифатро дорад.
Албатта роҳбар будан ба маънои раво дидани зулму ситам ва дурӣ аз раҳмату шафақат нест.
Роҳбарӣ пеш аз инки вазифа ва имтиёз бошад, масъулият аст ва роҳбар мебояд бо зердасташ бо камоли раҳамату шафақат муносибат кунад.
Нафақаи зан, ки иборат аз манзил, таом, об, либос ва давои зан аст бар зиммаи шавҳар аст.
Шаръан фарз аст, ки мард барои зан ваё занҳояш ин ҳама ниёзҳоро фароҳам созад.
Дар муқобил зан дар умури зиндагӣ бо шавҳараш ҳақ дорад машварат кунад, назар диҳад, раҳнамоӣ кунад, вале агар ҷойе шаҳвар амр намояд, мебояд зан ӯро итоат намояд.
Дар ин ҳеҷ гуна поймол шудани ҳақи зан вуҷуд надорад.
МАРДУ ЗАН КОМИЛСОЗАНДАИ ЯКДИГАРАНД НА ДУШМАНИ ҲАМ
Итоати зан шавҳари худро амру фармони Худованд ва ибодат аст онгуна, ки меҳрубониву дӯстдории мард ҳамсарашро низ амри шарит асту ибодат маҳсуб аст.
Дар оила зан ба корҳое тавоност, ки мард он корҳоро наметавонад ва низ мард бар корҳое қодир аст, ки зан аз адои он оҷиз аст. Ин ду ҷуфт бо адои вазифаи хоси худ якдигарро такомул мебахшанд ва низоми оила бадин шакл пйдор мемонад.
ҚИЁСЕ БАРОИ АНДЕШИДАН
Тафаккури феминистӣ (ки ақидаҳои зиддидинии леберализму капитализм маншаъ мегирад) бе ягон эроду эътироз қабул дорад, ки занро (масалан) ширкати ҳавопаймоӣ ба пушидани либоси танги хос, ба пушидани кафши баландиаш фалон миқдор, ба доштани вазни муайян ва наъви хоси бастани мӯй ва ғайра амр кунад.
Мактаби феминизм бе ягон навъ эътироз қабул дорад, ки зан вақто дар ҷое ба кор медарояд бояд аз амру фармони мудири он корхона берун ҳаракат накунад, аз кор дер накунад ва бидуни изни мудир бояд ба ҷое наравад.
Зану духтареро, ки дар дуконҳо кор мекунанд, амри иҷборӣ мекунанд, то ҳатто сидқан ҳам набошад бо мизоҷон табассум кунад ва бо онҳо бо камоли меҳрубонӣ муносибат намояд.
Феминистҳо дар иҷрои ин ҳама амру фармонҳо ва дар пойбандии зан ба ин қонунҳо ҳеҷ ишколе намебинанд ва дар назарашон занону духтарон инҷо ҳеҷ гуна маҳдуд нашудаанд ва бояд комилан дар итоати амри ширкат бошанд, вале агар шавҳари онҳо, ки сарпарасти ҳамешаигии онон ва мудири хона аст, ӯро амре кунад ва аз чизе манъ кунад, инҷо гуё ҳуқуқи онҳо поймол шуда аст ва агар нафаре ӯро ба итоат фаро хонад, гуё ӯро ба ғуломӣ мехонад.
ХУЛОСА
Хулоса равия феминизм дар натиҷаи беҳуқуқ будани занон дар урупои миёнаасрӣ ва ҳамчун бархурди аксӣ бар зулму пастшумории зан ба вуҷуд омада аст, ки сипас дар ин соҳа ба ифрот роҳ дода то ҳадде ба занон озодӣ бахшида аст, ки на танҳо аз зулму таҳқир балки аз барпо намудани оила ва модар шудан озодӣ бахшида издивоҷ миёни ҳамҷинсро аз ҳуқуқи занон меҳисобад.
Мардро дар назари зан на ҳамчун ҷуфти комилсозанда (онгуна, ки Худованд ӯро офарида аст) балки ҳамчун душмани ғосиби ҳуқуқу озодиҳои зан муаррифӣ карда аст.
Андешаҳои ин равия бо дину имон ва бо урфу одоти дурусти ҳар ҷомеи солим дар тазод аст.
Пеш аз мутафаккирони мусалмон, оқилону донишмандони худи урупо ҳамчун Алексес Каррел (табиб ва физиологи фаронсавӣ ва дорандаи ҷоизаи Нобел) ва дигарон ин андешаҳоро ба нақд кашида зиёнашро бар низоми оила ва ҷомеа ва нақши онро дар паҳн гаштани амалҳои фаҳшо баён намудаанд.
Андешаҳои феминистӣ илова бар инки бар оила ва ҷомеа хатарзо ҳастанд, бар имону эътиқоди мусалмон низ зиён доранд.
Зеро андешаҳои ин равяи бар хилофи фармудаҳои Қуръон, балки бар асоси инкори гуфтаҳои Қуръон ва шариат бунёд ёфта аст.
САРЧАШМАҲО:
- Амал бинти Носир. Мафҳум-ун-нисавия, дироса нақдия фи зав-ил-ислом.
- Наргис Рудгард. Фиминизм, мафҳумуҳо, усулуҳ-ан-назария ва тайёротуҳ-ал- иҷтимоия.
- Хадиҷа Азизӣ. Усус-ул-фалсафия ли-л- фикр-ин-нисавӣ.
- Холид Қутб. Алҳаракат-ун-нисавия ва халхалат-ул-муҷтамаъот-ул-исломия.
- Мусанно Амин Курдистонӣ. Ҳаракоту таҳрир-ил-мар”а, мин-ал-мусовот ил-ал-ҷандар.
- Имон бинти Муҳммад Усайрӣ. Қазияту таҳрир-ил-мар”а фи-л-ғарб ва усулуҳ-ал-фалсафия ва осоруҳа ал-ал-олам-ил-исломӣ.
- Башир Исом Марокашӣ. Ҷиноят-ун-нисавия ал-ал-мар”а ва-л-муҷтамаъ.
16.01.2023, Иброҳими Саиднуриддин


