Пайдоиши рузи Валентин, рузи ошикон – 14 феврал

0

Дар ин саҳифа пайдоиши рузи Валентин, рузи ошикон – 14 феврал оварда мешавад.

Роҳибе буд ба номи Валентин, ки дар 14 феврали соли 269 мелоди ба дастури императори Рум ба далели кумак кардан ба завчҳои масеҳӣ барои издивоҷ, сарбурида шуд, аммо сокинони рум кушиши Валентинро фаромӯш накардаанд ва ҳатто калисоеро ба ёди ӯ номгузорӣ кардаанд.

Ба тадриҷ низ Валентин ба рӯзи ошиқон табдил шуд.


Матнро хондед?

Пас чи рабт ба дину мазҳаби мо дорад?

Мо Алҳамдулиллоҳ мусалмон ҳастем ва бояд пайравӣ аз пайғамбари худ кунем!!!

Мутаассифона имрӯз дар Тоҷикистони мо рӯзи ошиқон ривоҷ ёфтааст, назар ба ин ки ҳама калима арз мекунанд ки мусалмон ҳастем…

Мусалмони лафзӣ набошед, қалбӣ бошед!

Аз расму оини бегона пайравӣ накунед!

Ба бидъат иҷозат надиҳед!

Дини ислом комил аст ва ҳеҷ изофаеро қабул надорад

Рузи ошиқон дар дини мо набуд, нест ва намешавад

Худро ташбеҳ ба қавмҳои масеҳӣ накунед

Ибни Умар (Р) ривоят кардааст:

Паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам фармудаанд: «من تشبه بقوم فهو منهم»

Ҳаркас худро ба қавме ташбеҳ кунад, аз онҳо аст. (Абу Довуд (4031)

Мақолаи қаблӣМасдари динии Аҳли Суннат ва Ҷамоъат
Мақолаи баъдӣШарҳи масодири Дин-ҳукмҳои шариат аз куҷо гирифта мешаванд?