Фанат кисту Фанатизм чист?

0

Маълумот дар бораи Фанатизм бо забони тоҷикӣ / точики.

Макка Каъба Ҳаҷи фарзи


Дирӯз бо нафаре, ки назди касони зиёде муътабар аст, мубоҳисаам шуд.

Чун гуфтаи ғалаташро бо риъояти эҳтиром нақд намудам, гуфт “аз ришат маълум фанат (мутаассиб) ҳастӣ.”  ))

Бале, ба ҳамин осонӣ, ба ҳамин зудӣ, бо ҳамин услуби бемантиқ ҳукм содир мекард.

Ҳоло акси аслии ин сафҳаро дида чунин хулосабарорӣ кардааст, агар донад, ки дар карантин боз риши мардум баландтар шуда аст, чи ҳукме содир мекарда бошад?! )

Метавон пешгӯӣ кард, ки (масалан) пас аз сад сол наслҳои мо хоҳанд гуфт, ки  яке аз далелҳои иштибоҳ будани афкори ҳукмфармо дар он замон ин буд, ки ҷомеаро дар асоси сару либос, ришдориву беришӣ баҳо дода тақсимбандӣ мекарданд.

Инки чунин ақлҳо дар ҷомеа мавҷуд аст ҷой аҷаб нест, ин чизест маъмулӣ. Аммо аҷаб дар ин аст, ки шахсе бо чунин ақлу андеша роҳбари муассисаи таълимие, директори китобхонае, масъули шифохонае… таъин шуда бошад. Инаш мусибатест сахтар.

Дар ҷомеаи имрӯзи мо ду офати аслӣ аст.

  • Яке вазифадорони бесавод.
  • Дигар саводдорони бевазифа.

Албатта ин ҳукм ағлабӣ аст на куллӣ.

Баъдан аз ин ду офат дигар офатҳои хурду бузург, ки ҳамарӯза мушоҳида мекунем таваллуд шудаанд.

Дӯсти азиз!

Чаро ин мавзӯро рӯи сафҳа овардам.

Зеро агарчи хомушӣ гоҳо аз ахлоқи ҳамида маҳсуб ҳам бошад, вале гоҳи дигар аз ахлоқи разила аст.

Аз ин хотир бояд донист куҷо ҳарф зад ва куҷо мебояд сукут кард.

“Ду чиз тираи ақл аст дам фуру бастан,
Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомушӣ.”

Аз ин рӯ агар мардумон гузоранд, ки чунин афкори ғалат, чунин муҳокамаҳои орӣ аз ақлу мантиқ дар ҷомеа паҳн ва ҳукмфармо гардад, ба ин маъност, ки онҳо ҳама дар якҷоягӣ ҷомеаро ба бунбаст, ба парокандагӣ, ба тақсими ваҳдат мекашанд.

Хатари афкори зиёновар хеле ҷиддӣ аст, инро ҷомеашиносон хуб медонанд.

Касоне, ки дар ҷомеаҳо афкори зиёновар доранду онро бо забон ё қалами худ боз ба дигарон талқин мекунанд, аз ҷинояткорон камӣ надорнад.

Вале чун ҷиноятҳои фикрӣ на ба ҳама маълум аст, ин навъ ҷинояткорон на дар маҳбас, балки дар озодӣ ва ҳатто дар ҷоҳу мансабу манзалат умр ба сар мебаранд.

Инчунин, онҳоро ба беморон ҳам монанд кардан мумкин аст.

Бемороне, ки бемории худро ба дигарон сироят мекунонанд.

Бемори ҷисмиро ба “Қаряи боло” мебаранд, бемори руҳӣро ба шифохонаи ноҳияи Рудакӣ, вале беморони фикриро дар идораву муассисаҳо вазифа медиҳанд.

Агар ҳар ришдореро фанату ифротӣ ҳукм мекунему ҳар беришеро шахси муътадил, бояд ба духтури ақл муроҷиат намоем. Албатта агар чунин духтуре ёфта тавонем.

Таассуб (фанатизм) чи динӣ бошад чи дунявӣ амали зишт аст.

Равоншинос, ҷомеашинос ва муаррихи шаҳири фаронсавӣ Густав Любен (1841- 1921) дар китоби худ “Қонуниятҳои психологӣ дар тараққии миллатҳо” мегӯяд:

“Мутаассибон (фанатҳо) шахсони дорои зеҳнияти маҳдуд ҳастанд.” (саҳ 105)

Аз мазмуни ин гуфта метавон чунин мафҳумро гирифт:

“Шахсоне, ки зеҳнийяи кофӣ доранд, мутассиб намешаванд.”

Агар инсон ақлу мантиқи солим дошта бошад, ақлу фаҳмаш ӯро намегузорад таасубгар шаваду танҳо зоҳири шахсеро дида ҳукм содир намояд.

“На ҳамин либоси зебост нишони одамият”.

Аммо чи илоҷ, ки бисёр вақтҳо дар зеҳнияти инсонҳо ваҳму хурофот ҷой ақлу мантиқро ишғол карда мегирад.

Инки “зиёие”, “мутафаккире” “вазире” дар торҳои риши одамон, ё рӯсарии хоҳарон делели ифротӣ буданро мебинаду дар либоси нимбараҳнаи духтарон шарти пешравиро ҷойи аҷаб нест.

Ин ваҳму хаёл ном дорад, ки иддаи зиёде аз башарият дар ҳар марҳилаи таърихаш ба ин беморӣ гирифтор шуда асту мешавад.

Магар ваҳму хаёли  “дар гур рӯзгори тозае доштан” боис нагашта буд, ки дар Мисри қадим барои мурдаҳои худ аҳром (пирамида)-ҳо месохтанду даруни онро ба ҳама лавозимоту ниёзҳои рӯзгор пур мекарданд?!

Магар ҳамин ваҳму хаёл нест, ки боис шуда дини милионҳо шахси ҳушёр дар Ҳинд говпарастӣ бошад?!

Рафик “мутафаккир”!

Аз ин хотир ҷойи инкор ин нест, ки шумо барои худ ақидаи муайянеро, ва ё шакли пушишеро, ё тарзи рӯзгореро интихоб менамоед. Ин ҳаққи шумост.

Балки кори номақбули шумо ин аст, ки барои дигарон раво намебинед онҳо низ тибқи эътиқод ва мувофиқ ба завқи худ шакли руй (риш доштан ва ё надоштан) ва ё либоси писандидаи худро интихоб намоянд.

Ба ин далел лақаби фанат (мутаассиб) ва ифротӣ (зиёдарав) аслан ба Шумо мувофиқтар аст.

Зеро бо вуҷуди қабул карданатон бехудоӣ, зардуштӣ ва ё ҳар дину равияи дигареро зиёдаравӣ карда онро ё ба дигарон таҳмил мекунед, ва ё намегузоред онҳо тибқи оини интихобкардаи худ осуда зиндагӣ кунананд.

Ин айни ифроту айни таассуб (фанатизм) аст.

Тоҷикистон масоҳаташ васеъ аст, шарт нест ба хоҳари рӯсаридоре гӯем рафта дар Афғонистону Покистон умр ба сар бар. Ватан дар оғуши худ ҳамаи моро мегунҷонад, агар фанатҳо (мутаасибон)-е чун шумо аз таассубашон боз монанд.

Ихтиёри либос мисли ихтиёри таом, интихоби нушока, хона…ва ғайра аз масоили хусусии одамон аст.

Масалан агар нафаре на таоме, ки шумо фармоиш додед, балки дигареро бихоҳад, шумо ба худ иҷоза намедиҳед ӯро аз хоҳишаш боз доред.

Инчунин ӯро дар интихоби хонааш, ё мошинаш шахси озод медонед, вале аз чи бошад, ки дар пушишаш бояд хостаи шуморо бипӯшад ва ришашро низ мисли шумо бояд тарошад?!

Магар дахолат ба кори хусусии дигарон кори шахси соҳибақл аст?!

Ҳарки сарашро пушонад гуё арабу арабпараст шуда ва ҳар кас, ки риш монад дар назари шумо ифротӣ аст. Магар Рӯдакиву Фирдавсиву Саъдӣ риш надоштанду ҳамсарону духтаронашон рӯсарӣ намепӯшиданд?!

Чаро аз фарҳанги худ дур шудаед ва боз дигаронро мехоҳед дур созед?!

Яке аз шаклҳои беинсофӣ дар муҳокима таҳрифи истилоҳ (термин)-ҳо аст.

Яъне агар мо калимаи “ифротӣ”-ро мунсифона ба маънои аслии худаш истифода барем, (ки бояд чунин кунем) мебояд нафареро, ки риш мемонаду боз дигаронро маҷбур мекунад, ки риш монанд,  ва низ нафареро, ки ришашро метарошаду дигаронро низ мехоҳад мисли худаш бубинад, ҳардуро бояд ифротӣ унвон диҳем.

Ин ҳарду таассубгаранд ва амали ин ҳарду фанатизим аст.

Роҳбари мактаб, ки русарии духтарбачаҳоро маҷбур аз сарашон мекашаду падарашон ба хотири таҳсили фарзандонаш маҷбур шуда ба Русия, Миср, Туркия, ё ба Аврупо сафар мекунад, агар ин муаллима ифротӣ (зиёдарав) набошад, дигар дар дунё киро метавон ифротӣ гуфт?!

Чаро нафаре, ки Маркс, Ленин, Зардушт, Буддо…ва ё дигаре аз номваронро ба ҷон дӯст дошта оини бехудоӣ, буддоӣ, оташпарастии ононро пазирад, ӯро фанат намегӯед, вале нафаре, ки паёмбараш Муҳаммад (с) ё пешвоёни динашро чун Умару Абубакр ва ғайра дӯст дорад, фанаташ меномед?!

Чаро даъвои ақлу мантиқ дорему оддитарин қонуниятҳои тафаккури мантиқро зери по мекунем?!

Чаро ин калима (ифротӣ, фанат)-ро таҳриф намуда далолати онро танҳо барои як тараф (танҳо барои нафаре, ки мехоҳад тибқи оини мусалмонӣ зиндаги кунад) хос менамоем?!

Ин таҳриф хилофи қоидаи забон, хилофи адлу инсоф, ва аз ҳама бадтар хилофи қонуни ақлу мантиқ аст.

Онгуна, ки ифрот метавонад дар диндорӣ сурат гирад, дар бединӣ низ сурат мегирад ва чун мусалмон зардуштиву секулёру бехудо ҳам ифротӣ шуданаш имкон дорад.

Инки ин хилофи ақлу мантиқ аст ҷой шак нест. Ҳатто зани нохондаи деҳотӣ ҳам ақлаш ба ин мегиред.

Магар надидаем, вақто занони масъули ҳукумат “фаҳмондадиҳӣ” карда модар ё хоҳареро ба кашидани русариаш амр мекунанд, ӯ ба онҳо хитоб карда мегӯяд, чаро худатон либоси аврупоӣ пушидаеду касе ба шумо кор надорад, аммо барои мо либоси интихобнамудаамон манъ бошад?!

Яъне ҳатто ин зани кӯчарӯби нохонда ҳам (аз инки тинати олуданошуда ва ақлу мантиқи солим дорад) нодуруст будани ин амалкардро ба осонӣ дарк мекунад. Аммо ақли секулёри мутаассиб, ки бо як чашм мебинад, дар ин ишколе намебинад.

Дирӯзхо, рӯзи 22 май (ҳамчун яке аз садҳо мисол) дар Бритониё дар вилояти “Мидленди ғарбӣ” (West Midlands) хоҳари мусалмони ҳиҷобпӯше, ба номи Раффия Аршад (Raffia Arshad) қозӣ (додситон) таъин шуд.

Яъне мактабу донишгоҳҳои ҳама олам, пешрафтатарин пойтахҳои дунё ҳам духтарони сарлучу ҳам рӯсаридор, ҳам ҷавонони беришу ҳам ришдорро дар худ ҷой дода тавонистанд, вале мо чунон фанат (мутаассиб)-и интихоби худамон ҳастем, чунон зиёдаравӣ (ифрот) намудаем, ки дидани дигар тарзи либос, ҳатто дидани ранги сиёҳро дар одамон таҳаммул карда наметавонем.

Магар кишварҳои пешрафта намунае хубе нестанд, ки пайи онҳо қадам ниҳода ба пешрафте, ки расидаанд бирасем?!

Аз дин ку баҳрае набурдем, лоақал ба аҳли дунё бипайвандем то тараққӣ ёбем.

Бале, дуруст.

Пешрафт ба ҷуръату ҷасорат ниёз дорад.

Нафаре, ки тасмим мегирад тараққӣ кунад, набояд ҳарос дошта бошад, ки дар зери руймоли хоҳарони сатрпуш маводи таркандае пинҳон аст. Онгуна, ки вазири “муҳтараме” баён дошта буд. Воқеан ин турфаест, ки наслҳои оянда барои амиқтар хандидан онро ба ёд хоҳанд овард.

Агар ҷаноби вазирро онҷо суол мекарданд, ки ончизе, ки аз он эҳсоси хатар доред, дар сумкаҳои занон низ метавонад бошад, пас биёед занонро аз гирифтани сумкачаҳо бо худ боз дорем.

Ҷавоби ҷаноби вазир маълум аст.

Аз баски пазируфтани ҳақиқат душвортар аз вазир будан аст, яқинан ӯ моро чанд баҳонаи дигар меораду аз ҷавоби дуруст мегурезад. Хоссатан имрӯзҳо, ки аз суол гурехтан намоёнтарин хислати вузарои мо гашта аст.

Агар ҳама қақиқатро мепазируфтанд, ҳоло дар  ҷомеаи мо ҳам ришдору ҳам бериш, ҳам рӯсаридору ҳам сарлуч ҳама осуда, бо таҳаммулу бо эҳтироми якдигар умр ба сар мебурданд.

Аммо онгуна, ки дар боло ишора шуд, вақто аҳли ақлу хирад канор мемонанд  ва ё сукутро интихоб мекунанд, аҳли ваҳму хаёл бо “хурофотҳои динӣ” ва ё “хурофтоҳои бединӣ” ҷомеаҳоро роҳбарӣ мекунанд.

Роҳбарӣ мекунанд ва дар муддати аҳди номубораки худ бо ваҳму хаёлҳояшон мардумро ба бунбаст мекашанду ҷомеаро фалаҷ мекунанд.

Магар ҷомеаеро, ки вазираш хаёл мекунад, ки зери рӯсарии занон чизи моддаи тарканда аст.

Ҷомеае, ки ҳамасола ҳазорҳо нафар ба хотири рӯсарии зану духтараш тарки ватан карда муҳоҷиратро бо ҳама душвориҳояш интихоб мекунанд.

Ҷомеае, ки фарде дар он ришаш баландтар шавад “зиёиёну равшанфикронаш” ӯро фанату ифротӣ хонанд… магар метавон онро ҷомеаи солим гуфт?!

Дӯсти азиз!

Инки ба ин суол ҷавоб наменависед, ин ҳам дигаре аз нишонаҳои носолимии ин ҷомеа аст.

Зеро муҳимтарин унсури ҷомеаи солим фароҳам будани озодии баён аст, ки дар мо нест.

Дӯсти азизи ҳуқуқшиносе дорам, ки аз аҳли Мадинаи Мунаввара асту айни ҳол дар Вашингтон, дар риштаи қонуншиносӣ номзадии худро ҳимоя мекунад.

Рӯзе тамос гирифта суҳбат мекардем ва чунин шуд, ки аз зулму ситами шоҳи золимашон, Ибни Салмон мегуфт.

Гуфтам, дӯстам оҳистатар! )

Гуфт, дӯсти азиз! Он ҳама маҳдудияту эҳтиёт дар Мадина буд, инҷо шаҳрванд ҳуқуқ дораду ҳатто Трампро ҳарчи хоҳад гуфта метавонад. )

Шумо ҳам дӯстон вақто Амрико рафтед, баъдан ба вазири хоҳед гуфт, ки набояд аз русарии тоҷикдухтарон метарсидед, дар зераш бомбае набуд. )

Модарону момаҳоямон низ ҳамин либосро мепушиданду ҳеҷ ҷоеро натарконда буданд.

Гарчи аксҳои зиёде бо галстуку бо либосҳои варзишӣ ҳам пешамон ҳаст.

Гарчи китобҳо бо забони русиву тоҷикӣ аз фанҳои гуногун дар китобхонаам ҳаст, вале инҷо ин аксро гирифтам, то акс низ бигуяд, ки ҳар шахси ҳушманд бидуни инки фикру ақидааш иваз шавад ё фанат шавад, метавонад китобҳои гуногун хонад, бо шахсони гуногунандеш шинад, мошинҳои гуногун савор шавад, ва инчунин либосҳои гуногун пушад. )

(Аксе, ки дар нашри аввали мақола буд, бо ҷилбоб (куртаи дароз)-и арабӣ  буд, аммо ин акси аз ду соли қабл, рӯзи маҳфили хатми барномаи докторантӣ дар риштаи фиқҳ ва усули фиқҳ дар яке аз донишгоҳҳои кишвари Туркия аст).

Равоншиносон мегӯянд: “Дӯст доштани гуногунӣ дар тинати ҳар инсон мавҷуд аст.” )

Ба умеди шифо ёфтан аз бемории фанатизим.


Иброҳими Саиднуриддин 25/05/2020


Руйхати Сураҳои Қуръон – Тафсири осонбаён

Саволу ҷавоби исломӣ

Мақолаи қаблӣФеминизм. Равияҳои муосир (маълумот)
Мақолаи баъдӣЗиндагиатонро дар 7 рӯз тағйир диҳед