Тафсири Сураи Фотир Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 14
اِنۡ تَدۡعُوۡهُمۡ لَا يَسۡمَعُوۡا دُعَآءَكُمۡ ۚ وَلَوۡ سَمِعُوۡا مَا اسۡتَجَابُوۡا لَـكُمۡ ؕ وَيَوۡمَ الۡقِيٰمَةِ يَكۡفُرُوۡنَ بِشِرۡكِكُمۡ ؕ وَلَا يُـنَـبِّـئُكَ مِثۡلُ خَبِيۡرٍ ١٤
Ин тадъуҳум ла ясмаъу дуъаакум ва лав самиъу мастаҷабу лакум. Ва явма-л-Қийамати якфуруна би ширкикум. Ва ла юнаббиука мислу Хабӣр. 14.
14. Агар онҳоро бихонед, хондани шуморо нашунаванд, агар (билфарз) бишнаванд, гуфтаи шуморо Қабул накунанд, рӯзи Қиёмат шарик муқаррар кардани шуморо мункир шаванд ва ҳеҷ кас монанди (Худои) доно туро хабардиҳанда нест.
Дар идомаи сухани Қабли Худованд дар ин оят гуфтааст, ки барои ҳалли мушкилоташон агар бутпарастон бутҳояшонро хоҳ дар дунё, хоҳ дар охират ба кумак бихонанд, ё аз онҳо ёрӣ пурсанд, ҳаргиз садои онҳоро намешунаванд ва онҳо ба кӯмакашон намешитобанд. Зеро онҳо Қитъае аз чӯбу сангеанд, ки Худованд онҳоро бе шуъур офаридааст. Билфарз, нолаву зораи онҳоро шунаванд ҳам, ҳаргиз барои ниёзи онҳо тавони посухгӯй надоранд. Онҳо, чуноне ки дар ояти Қаблӣ гузашт, чизеро ба андозаи пӯсти нозуки болои донаи хурмо бошад ҳам, офарида наметавонанд. Агар он ҷимодҳоро (сангҳоро) Худованд дар рӯзи Қиёмат ҷон бахшад ҳам, онҳо парастиши шумо ва ба Худо шарик ҳисобидани шуморо мункир мешаванд. Онҳо мегӯянд, ки Худовандо! Инҳо парастиши моро намекарданд, балки дар ихтиёри ҳавои нафси худ буданду ҳавопарастӣ мекарданд. (Аз ин, ки бутҳо ҷимоданд, дар он рӯз чӣ хел ба сухан медароянд, ҳеҷ ҷойи таъаҷҷуб нест. Зеро Худованд Зотест, ки на ин ки ҷимодатро, балки пӯсту дасту пои инсонро дар он рӯз ба сухан медарорад). Барои таъкиди бештар Худованд гуфтааст, ки ҳеҷ кас туро монанди Худованде, ки аз ҳама чиз огоҳ аст, хабардор карда наметавонад. Яъне он тавре ки Худованд аз аҳволи буту бутпарастон дар ин оят хабар дод, ҳеҷ кас монанди Ӯ таъоло ба яқин хабар дода наметавонад. Он чи Худованд гуфт, ҳаққаст ва албатта, шуданист. Агарчи зоҳиран, дар ин ҷумла Расулаллоҳ (с) мухотаб Қарор дода шуда бошад ҳам, локин ҳама инсонҳо дар назар аст. (Барои маълумоти бештар ба ояти 197-уми сураи «Аъроф», ояти 28-уми сураи «Юнус (а)» ва ба ояти 255-уми сураи «Бақара» муроҷиъат шавад).
Хулоса, бо иттифоқ назди аҳли суннат ва ҷамоъат аз чӯбу сангу дарахт ва дигар бутҳо васила ҷустан дуруст нест.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «