Тафсири Сураи Нос Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нос Ояти 6
مِنَ الۡجِنَّةِ وَالنَّاسِ ٦
Мина-л-ҷиннати ва-н-нас. 6.
6. (Хоҳ) аз ҷинси ҷин (бошад) ё аз ҷинси инсон».
Ин оят дар дили мардум васваса андозандагонро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст: Яъне шайтони ҷин ва шайтони инс. Ин ҳарду дар навбати худ як амалро иҷро мекунанд, ки он ҳам бошад дилҳоро бо васвасаи худ ба роҳи ғайри табиӣ ба фасод кашондан аст. Бинобар ин, аз ин ду гурӯҳ ба Аллоҳтаъоло паноҳ бурданро Парвардигор зимни маънои ояти мазкур таъкиду муҷассам сохтааст.
Ин ақида саҳеҳ аст, ки мегӯянд: “Меъёри васвасаи шайтони инсӣ аз шайтони ҷинӣ шадидтар аст”. Метавон васвасаи шайтони ҷиниро ба шурӯъ дар тоъату ибодати Аллоҳтаъоло, ё ба гуфтани Аъузу биллоҳ, Астағфируллоҳ ва ё гуфтани дигар зикрҳое, ки Расулуллоҳ (с) ба мо таълим додааст, дур сохту наҷот ёфт. Аммо аз васвасаи шайтони инсӣ халос шудан душвор аст. Локин Аллоҳтаъоло касеро, ки дар ҳимояи Худ гирад, албатта, аз чунин васвасаҳо наҷот меёбад. Тамоми амалҳое, ки дар олам зидди табиати инсон рух медиҳад, мисли фитнаву фасод бо васвасаву зиннат додани корҳои қабеҳ ва ҳаракатҳои шайтонҳои инсӣ анҷом мешавад. Ё Аллоҳ, бо лутфу меҳрубонии Хеш моро аз макру ҳила ва васвасаи чунин шайтонҳо дар паноҳи худ нигоҳ дор! Омин!
Он Ҳазрат (с) фармуданд: “Ҳар кӣ ин ду сураро бо ихлосу бо такрор хонад, Худованд ӯро аз тамоми сеҳру ҷоду ва аз тамоми бадиҳои “шаётинул-инс” ва “шайотинул-ҷин” нигоҳ медорад.” Ҳамчунин Пайғамбарамон (с) таъкид карда, гуфтаанд, ки таъвизҳо “Қул ҳуваллоҳу аҳад”, Қул аъузу бираббил фалақ” ва “Қул аъузу бираббин нос” беҳтарин сураҳои Қуръонанд.” Аз рӯйи ривояти Имом Бухорӣ Паёмбарамон (с) пеш аз хоб рафтан ин се сураи муборакро себорӣ хонда, бар ду кафи худ медамиданд ва ба тамоми баданашон мемолиданд.
З-инҳор аз қарини бад зинҳор,
Ва қино раббано азобан нор.
Поёни сураи “Нос”. Ва лиллоҳил ҳамд.
Эй номи Ту беҳтарин сароғоз,
Бе номи Ту нома кай кунам боз.
ДУОЪИ ХАТМИ ҚУРЪОН
Рӯйхати оятҳои Сураи Нос «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «