Сураи Нос Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нос Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нос Ояти 5

الَّذِىۡ يُوَسۡوِسُ فِىۡ صُدُوۡرِ النَّاسِۙ ٥

Ал-лазӣ ювасвису фӣ судури-н нас. 5.

5. Он ки дар дилҳои мардум (бо роҳи насиҳат) васваса меафканад.

Мазмуну эзоҳи ин оят дар ояти боло тақрибан баёни худро ёфта буд, аммо дар ин ҷо баъзе паҳлуҳои он бо ибораи дигар, иншоаллоҳ, эзоҳ меёбад. Яъне он шайтони хабиси Ханнос бо макру ҳила дар дили инсонҳо орзуҳои махфии дилфиреби худро, бо роҳи васваса меандозад.

Локин ба васвасаи шайтон гирифтор шудан аз худи инсон вобаста аст. Яъне инсон аз зикру дуъою ибодати Аллоҳтаъоло бозмонад, албатта, ба иғвои шайтон гирифтор мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нос «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нос Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нос Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)