Сураи Нос Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нос Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нос Ояти 4

مِنۡ شَرِّ الۡوَسۡوَاسِ ۙ الۡخَـنَّاسِ ٤

Мин шарри-л-васваси-л ханнас. 4.

4. Аз шарри васвасакунанда, пасраванда.

Яъне аз шарри чунин шайтоне, ки дар дилҳои мардум васваса андохта, дили инсонро ба бадкирдорию гуноҳ майл мекунонад, ба Аллоҳтаъоло паноҳ мебарам.

Инсон, вақто ки аз зикру ибодати маъбуди барҳаққи худ дар ғафлат монад, шайтон метавонад, бар дили ӯ васваса андохта, аз болои ақлаш ҳокимӣ кунад. Бо роҳҳои гуногун ӯро дар иҷрои амалҳои гуноҳ ташвиқ кунад ва ба осонӣ ба мақсад расад.

Аммо инсоне ба зикру ибодати Парвардигори хеш дар вақтҳои маълумкардашуда ҳақиқатан, аз таҳти дил машғул бошад, шайтон аз чунин шахс навмед шуда, худро ба ақиб мекашад. Ба ибораи дигар: Шайтон “биннӣ”, яъне “хартум”-ашро бар дили инсоне, ки аз зикри Аллоҳ ғофил аст, мехалонад ва ҳар вақто ӯ ба зикри Аллоҳ ҳарчи қадар зиёд машғул шавад, ӯ “хартум”-и худро оҳиста-оҳиста пас мекашад. Дар натиҷа дили инсон бо шунидани ҳар панду мавъиза ва амру боздошти илоҳӣ лаззат мебарад. Аммо дар акси ҳол боз дили ғофилро тасарруф месозаду ҳамон васвасаро идома медиҳад. Аллоҳ донотар аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нос «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нос Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нос Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)