Истиҳоза (бемории занона)

0

Дар баъзе мавридҳо хуне ки аз ҳайз ё аз нифос ҷорӣ мешавад, истиҳоза аст. Дар ин мақола маълумот дар бораи хуни истиҳоза ва ҳукмҳои он овардем.


Дар кадом мавридҳо хуне, ки аз зан ҷорӣ мешавад, “истиҳоза” аст?

1.Ҳар гоҳе ки ҷараёни хун дар камтар аз се рӯз (ақали муддати ҳайз) қарор бигирад.


2.3ане ки бори аввал хун бубинад ва ин хун бештар аз даҳ рӯз (аксари муддати ҳайз) ҷорӣ гардад, дар ин сурат 10 рӯзи он барои ҳайз буда, бештари аз он истиҳоза хоҳад буд.


3.Агар зане бори аввал таваллуд намояд ва хунаш бештар аз 40 рӯз (аксари муддати нифос) идома ёбад, дар ин сурат 40 рӯзи он аз нифос буда, зиёда аз он “истиҳоза” аст.


4.Хуне ки бештар аз аксари муддати (ҳайз 10 рӯз ва нифос 40 рӯз) ҷорӣ мегардад, “истиҳоза” аст.


5.Хуне ки зани ҳомила дар муддати ҳамлаш мебинад, низ “истиҳоза” аст. Амрҳое ки барои зани ҳойиз ва зани нуфасо ҷоиз набуд барои зани “мустаҳоза” (зане ки хуни истиҳоза дорад) ҷоиз мебошад. Агар дар ин муддати “истиҳоза” намоз ё рузаро тарк карда бошад, қазоҳои он барояш воҷиб аст.


Дар таёр кардани ин мавод аз китоби “Чӣ тавр бояд намоз хонд?” истифода шудааст.

Мақолаи қаблӣНифос (бемории занона)
Мақолаи баъдӣДуо чист? Тарзи дуо кардан (Дуъо)