
Ширкати “Enomad” неругоҳи хурдеро ихтироъ кард, ки онро метавон бо худ ба сафар бурд. Estream – генератори хурде мебошад, ки неруи обро барои ҳар гуна таҷҳизоти USB ба ҷараёни электрикӣ табдил медиҳад. Ин дастгоҳ барои неру додани смартфон, ноутбук ва телефонҳои мобилӣ хизмат мекунад.
Тарзи истифодаи он хеле осон аст. Чизе, ки ба шумо зарур мешавад – оби равон аст. Дастгоҳро ба об меандозеду он ҳамон лаҳза неруи барқро бо иқтидори аз 2,5 то 5 ватт истеҳсол кардан мегирад.
Ихтироъкорон бар он ақидаанд, ки дастгоҳ бехавф ва аз ҷиҳати экологӣ пок мебошад. Estream барои сайёҳон ва онҳое, ки вақти худро дар фазои кушод бештар мегузаронанду аз телефон, планшет ва камера ҷудо шуда наметавонанд, пешбинӣ шудааст.
Ба ғайр аз неру додан, ин дастгоҳро ҳамчун чароғак истифода бурдан мумкин аст. Estream хеле хурд мебошад, онро ҳатто дар кисаи борхалта ҷой додан метавон. Вазни дастгоҳ ҳамагӣ 800 граммро ташкил медиҳад.


