1-Маънои луғавии калимаи тавҳид чизеро бо ақли худ якто шинохтану донистан ва бо забон якто гуфтану иқрор кардан ва бо дил якто эътиқод доштану тасдиқ кардан аст.
2- Маънои калимаи тавҳид дар шариъат Худои бар ҳақ, яъне Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолоро дар зоташ, дар сифатҳояш, дар исмҳояш, дар афъолаш, дар воҷиб будани ибодат ва парастиш карданаш, бо ақлу хиради худ якка ва ягона ва бемислу беҳамто донистану шинохтан ва бо қалбу замири худ якка ва ягона ва бемислу беҳамто ихлос кардану дӯст доштан ва эътиқод доштану тасдиқ кардан ва бо забони гуёи худ ба якка ва ягона ва бемислу беҳамто буданаш иқрору эътироф кардан ва бо ҷисму тани таслимшуда ва гардан ниҳодаи худ, тоъату ибодат кардан аст.
Алфози калимаи Тавҳид
Калимаи тавҳид дар оятҳои Қуръонӣ ва Суннати набавӣ бо ду лафз; лафзи мухтасару фишурда ва бо лафзи муфассал, яъне бо шарҳу баён омадааст.
1-Лафзи мухтасари калимаи тавҳид дар ояти 19 сураи “Муҳаммад” (с):
{فَاعْلَمْ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ} (محمد: 19)
“Пас бидон, ки худои барҳақе ҷуз Аллоҳ нест”.
2- Лафзи муфассали калимаи тавҳид дар ҳадисҳои саҳеҳ мухталиф омадааст, ки баъзе он лафзҳо чунин мебошанд:
1- “لاَ إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ،وَحْدَهُ لاَ شَرِيكَ لَهُ،لَهُ المُلْكُ وَلَهُ الحَمْدُ،وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ”(صحيح البخاري -4/ 126)
“Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд ва ҳува ъало кулли шайин қадир”
“Ҳеҷ худое ҷуз Аллоҳ нест, танҳо ва бешарик аст. Подшоҳӣ ва ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ бар ҳама чиз қодиру тавоност”.
2- “لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ، يُحْيِي وَيُمِيتُ، وَهُوَ حَيٌّ لَا يَمُوتُ، بِيَدِهِ الْخَيْرُ كُلُّهُ، وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ”،(كذافي سنن ابن ماجه -2/ 752- وحكم المحقق: حسن)
“Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд юҳйи ва юмит ва ҳува ҳайю лоямут бидиҳил хайр ва ҳува ъало кулли шайин қадир”.
“Ҳеҷ Худое ҷуз Аллоҳ нест, танҳо ва бешарик аст. Подшоҳӣ ва ситоиш аз они Ӯст, зинда мекунад ва мемиронад ва Ӯ ҳамеша зинда буда ҳаргиз намемирад ва тамоми умури хайр ба дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳама чиз тавоност”.
3- “لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ، لَا حَوْلَ وَلَا قُوَّةَ إِلَّا بِاللهِ، لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ، وَلَا نَعْبُدُ إِلَّا إِيَّاهُ، لَهُ النِّعْمَةُ وَلَهُ الْفَضْلُ، وَلَهُ الثَّنَاءُ الْحَسَنُ، لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ”. (كذا في صحيح مسلم -1/ 415)
“Ҳеҷ худое ҷуз Аллоҳ нест, танҳо ва бешарик аст. Подшоҳӣ ва ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ бар ҳама чиз қодиру тавоност. Нест гардиши аз маъсият ва нест қуввате барои анҷоми ибодат, магар бо тавфиқ ва мадади Аллоҳ!
Ҳеҷ худое ҷуз Аллоҳ нест, ва ғайри Ӯро парастиш намекунем. Неъмату фазл аз ҷониби Ӯст ва санои нек сазовори Ӯст. Ҳеҷ худое ҷуз Аллоҳ нест ва холисона барои Ӯ диндорӣ мекунем, агарчи кофиронро бадашон биояд ”.
Фазилатҳои калимаи Тавхид
Бузургтарин, беҳтарин, судмандтарин ва дурустарин калимае, ки бар забони фарзандони Одам ҷорӣ мебошад, калимаи тавҳид аст. Аз ҳамин ҷиҳат аз тамоми дигар зикрҳо ва ибодатҳо фазилат ва аҷру савоби бештар дорад. Мо дар инҷо ду фазилати онро зикр мекунем:
1-Агар кадом бандае ин калимаро бо ихлосу муҳаббат ба забон биорад ва бо ақидаи собит бар ин калима оламро падруд бигӯяд, ба биҳишт меравад, гарчанде қаблан зинову дуздӣ ва дигар гуноҳони кабираро содир карда бошад. Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“عن ابي ذرقال: قال رسول الله صلى الله عليه و سلم:”مَا مِنْ عَبْدٍ قَالَ: لاَ إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، ثُمَّ مَاتَ عَلَى ذَلِكَ إِلَّا دَخَلَ الجَنَّةَ ” قُلْتُ: وَإِنْ زَنَى وَإِنْ سَرَقَ؟ قَالَ:«وَإِنْ زَنَى وَإِنْ سَرَقَ» قُلْتُ: وَإِنْ زَنَى وَإِنْ سَرَقَ؟ قَالَ: «وَإِنْ زَنَى وَإِنْ سَرَقَ» قُلْتُ: وَإِنْ زَنَى وَإِنْ سَرَقَ؟ قَالَ: «وَإِنْ زَنَى وَإِنْ سَرَقَ عَلَى رَغْمِ أَنْفِ أَبِي ذَرٍّ». (كذا في صحيح البخاري -7/ 149 /5827)
“Ҳар бандае “Ло илоҳа иллаллоҳ” бигӯяд ва баъд аз он ҳамроҳ бо ақидаи ба ин калима бимирад, ба биҳишт меравад”. Ровӣ ҳазрати Абузар (р) аз Пайғамбар (с) чунин савол кард: Гарчанде зино ва дуздӣ карда бошад? Пайғамбар (с) гуфт: Гарчанде зино ва дуздӣ карда бошад! Ҳазрати Абузар (р) боз гуфт: Гарчанде зино ва дуздӣ карда бошад? Пайғамбар (с) гуфт: Гарчанде зино ва дуздӣ карда бошад! Ҳазрати Абузар (р) боз гуфт: Гарчанде зино ва дуздӣ карда бошад? Пайғамбар (с) гуфт: Алорағми хости Абузар, гарчанде зино ва дуздӣ карда бошад!”.
2-Дар ривояти “Сунани Ибни Моҷа” бо санади ҳасан Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
عن عمر قال: قال رسول الله صلى الله عليه و سلم:مَنْ قَالَ حِينَ يَدْخُلُ السُّوقَ: لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ، يُحْيِي وَيُمِيتُ، وَهُوَ حَيٌّ لَا يَمُوتُ، بِيَدِهِ الْخَيْرُ كُلُّهُ، وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ، كَتَبَ اللَّهُ لَهُ أَلْفَ أَلْفِ حَسَنَةٍ، وَمَحَا عَنْهُ أَلْفَ أَلْفِ سَيِّئَةٍ، وَبَنَى لَهُ بَيْتًا فِي الْجَنَّةِ”. (كذا في سنن ابن ماجه -2/ 752 2235 – : وحكم المحقق: حسن)
“Касе ҳангоми даромадани бозор чунин бигӯяд: “Ҳеҷ Худое ҷуз Аллоҳ нест, танҳо ва бешарик аст. Подшоҳӣ ва ситоиш аз они Ӯст, зинда мекунад ва мемиронад ва Ӯ ҳамеша зинда буда ҳаргиз намемирад ва тамоми умури хайр ба дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳама чиз қодиру тавоност” Аллоҳ таъоло барояш ҳазорон аҷру савоб менависад ва ҳазорон гуноҳонашро маҳв месозад ва барояш дар биҳишт хонае бино мекунад”.
Хулосаи мавзӯъ
Эътиқод доштан ба калимаи тавҳид тақозо мекунад, ки мутобиқи муқтазои он амал карда шавад ва амал кардан ба муқтазои он, ҷуз побандӣ ба тоъату ибодат ва риояҳои ҳалолу ҳаром ва анҷом додани умури хайр чизи дигаре нест. Аммо таваккул ва иктифо кардан ба ин калима ва тарки амал кардан мағрур шудан ва фиреб хурдан аст, ки хатари бузургро ба дунбол дорад. Зеро калимаҳои тавҳид ва шаҳодат калиди дарвозаҳои биҳишт мебошанд ва тоъату ибодат дандонаҳои он калиданд.
Пас касоне ҳамроҳ бо калимаи тавҳид побанди тоъату ибодатанд калиди бо дандона дар дасташон доранд ва касоне, ки иктифо ва таваккул ба калимаи тавҳид мекунанд ва амал карданро тарк месозанд, калиди бедандона дар даст доранд. Бояд мусулмони аҳли калимаи тавҳид тоъату ибодаҳоро ҳаргиз тарк накунад.
Зеро мо бо фазлу карами Аллоҳ таоло аз дӯзах наҷот меёбем ва ба биҳишт меравем ва имону амал дар якҷоягӣ ягона василаи дуруст ва мутмаини сазовору мушарраф шудан ба фазлу раҳмати Аллоҳ мебошанд.
Муфассал >> Шаш калимаи динӣ


