Парҳез аз айбҷӯйӣ (дар оила байни зану шавҳар)

0

Пархез аз айбчуйи (дар оила байни зану шавхар) Розҳои оиладорӣ


Айбҷуӣ дар оила зану мард шавҳар баҳс ҷанг

Касе дар ин ҷаҳон нест, ки кулли хубиҳо дар ӯ ҷамъ шуда, аз тамоми бадиҳо орӣ бошад. Яке лоғар аст, дигаре хеле фарбеҳ, яке бегурдаву тарсончак аст, дигаре пурзӯру нотарс, яке хушахлоқ асту яке беадаб ва садҳо аз ин қабил сифатҳои гуногун.

Ҳеҷ зану марде пайдо намешавад, ки як ё якчанд аз ин айбҳоро надошта бошад. Писарону духтарон маъмулан қабл аз издивоҷ ҳамсаре барои худ тасаввур ва орзу мекунанд, ки дорои ҳамаи камолот буда, аз тамоми бадиҳо пок бошад. Дар назар доранд, бо чунин як инсони фариштахӯе издивоҷ намоянд.

Бехабар аз он, ки ин гуна инсон дар ҷаҳони мо вуҷуд надорад. Вақте издивоҷ карданд, чун мебинанд, ҳамсарашон аз он касе, ки дар зеҳнашон тасаввур мекарданд, комилан фарқ дорад, сар мешавад айбҷӯйиву эродгирӣ, гӯё худашон моҳи беайб бошанд. Фикр мекунанд дар издивоҷ шикаст хӯрдаанду шахси бетақдиру бадбахте ҳастанд.

Он қадар дар мавриди як айби хурд андеша мекунанд, ки он айб мисли кӯҳе дар назарашон ҷилва мекунад, яъне «аз пашша фил месозанд». Гоҳ-гоҳ онро ба рӯи ҳамсарашон кашида, таҳқираш мекунанд ё пеши дигарон аз вай интиқод менамоянд. Ба ин восита бунёди муқаддаси оиларо вайрон сохта, асбоби нороҳатии худа ва ҳамсарашонро фароҳам месозанд. Дар натиҷаи ин айбҷӯйиҳо дили ҳамсар шикаста хоҳад шуд, меҳру муҳаббаташ рафта-рафта кам мешавад, нисбат ба зиндагиву манзил дилсард мегардад.

Яке аз сифатҳои зиште, ки дар байни бархе аз мардум ривоҷ пайдо кардааст, мазаммат ва бадгӯйӣ аз дигарон аст. Ин сифати палид дар байни дӯстону хонаводаҳо кинаву адоват ва душманӣ эҷод мекунад. Хонаводаҳоро аз ҳам мепошад ва муҳити гарми хонаводаро сарду беравнақ менамояд.

Айбҷӯйӣ ва бадгӯйӣ омилҳову иллатҳои гуногун дорад. Гоҳе ҳасад боиси бадгӯйӣ мешавад, гоҳе душманиву кинаҷӯйӣ, гоҳе интиқомҷӯйӣ, гоҳе ба қасди худситоӣ аз дигарон бадгӯйӣ мекунанд. Гоҳе аз касе хурдагирӣ мекунанд, то шунавандаро нисбат ба ӯ бадбин намуда, муҳаббаташро ба сӯйи худ ҷалб намоянд.

Гоҳе рӯякӣ нишони дӯстиву хайрхоҳӣ мекунанд, лекин хеле кам иттифоқ меафтад қасди дилсӯзиву хайрхоҳӣ дошта бошад. Аз ин ҷо бармеояд, ки инсони оқилу боҳуш набояд, тамоман ба бадгӯйиҳо аҳамият дода, бовар намояд, балки бо камоли диққату эҳтиёт мақсади аслии гӯяндаро дарёбад ва ҳушёр бошад, то фиреби зоҳирсозии ӯро нахӯрад ва таҳти таъсири дурӯғҳои шайтонии ӯ қарор нагирад.

Яке аз нуктаҳои қобили таваҷҷуҳе, ки ҳар зану мард ба он бояд диққат дошта бошанд, ин аст, ки модару хоҳар ва бародар ва бақияи аҳли оила, маъмулан, аз рӯи муҳаббате, ки ба ӯ доранд, айбҳои ҳамсарашро меҷӯянд, то ӯро беҳтар ҷилва диҳанд. Баъзе волидон ба ҳамсари фарзандашон рӯякӣ дӯстӣ меварзанд.

Иллати қазия ин аст, ки падару модар солҳо барои фарзанд ранҷу заҳмат кашидаанд, онҳо фикр мекунанд, ки бо ворид шудани як духтар ё писари бегона фарзандашонро аз даст медиҳанд. Ҳарчи фарзандашон бисёртар барои зиндагии хусусии хеш ва ҷалби ризоияти ҳамсараш кӯшиш кунад, онҳо бештар эҳсоси хатар менамоянд. Аз он метарсанд, ки якбора риштаи хешовандиро бурида, ба таври куллӣ онҳоро фаромӯш бинамояд. Дар ин каммеҳрӣ, ҳамсари фарзандашонро гунаҳгор дониста, тамоми гуноҳонро ба гардани ӯ бор мекунанд. Барои ҳифзи мавқеияти хеш ва нигоҳдории меҳру муҳаббати фарзандашон хоставу нохоста, аз ҳамсари ӯ айбҷӯйӣ мекунанд. Барояш айбу нуқсон метарошанд.

Айбҳои хурду беэътиборро бузург ҷилва медиҳанд. Аз ӯ бадгӯйӣ мекунанд. Ҳатто, агар зарурат пайдо шавад, аз фитнаву ҳарфҳои дурӯғ ҳам бок надоранд. Ҳазорон нақша мекашанд. Инсон агар соддаву зудбовар бошад, мумкин аст, ба найрангҳо ва дилсӯзиҳои рӯякии онҳо бовар карда, бозичаи дасти онҳо қарор гирад. Ба бадгӯйиҳои онҳо таҳти таъсир қарор гирифта, нисбат ба ҳамсараш дилсард гардад. Ба ин ҷиҳат бояд таваҷҷуҳ кунем, ки мазамматҳову айбҷӯйиҳои бадгӯён, чи модару хоҳар бошад, чи ғайр аз онҳо бисёртар аз рӯи хайрхоҳӣ ва дилсӯзӣ нест, балки омилҳои дигаре аз қабили ҳасад, кинаҷӯӣ, интиқом, худнамоӣ ва қасди сӯистифода дар миёни ҳамсарон аст. Чун бар хушию осоиши ҳамсарон рашк мебаранд, чун дар муқобили хостаҳои онҳо ҳарф заданд, чун ӯро рақиби хеш ва ғасбкунандаи фарзанди хеш медонанд, чун мехоҳанд худашонро хайрхоҳ нишон диҳанд, аз ин ҷиҳат аз ӯ бадгӯйӣ мекунанд. Аксар айбҳое, ки барои ҳамсарамон метарошанд, ё аслан айб нестанд, ё айбҳои хурду беяҳамияте ҳастанд, ки одами оқил набояд ба онҳо эътибор диҳад. Фарз кардем, айбе ҳам дошта бошад, магар дар ҷаҳон инсони беайбе дидаем? Магар онҳое, ки аз ӯ айбҷӯйӣ мекунанд, худашон моҳи беайб ҳастанд? Поку беайб фақат Парвардигори субҳон аст. Агар айбе ҳам дошта бошад, бар ивазаш садҳо хубиҳои дигар дорад. Чаро хубиҳояшро намебинанд?

Агар ба ҳарфашон гӯш бидиҳем, ҳар рӯз балоеву ғавғое барпо месозанд. Моро нисбат ба зиндагӣ ва ҳамсарамон дилхунук мегардонанд. Ҳамсарамон низ нисбат ба зиндагӣ беаҳамият мегардад. Пас, беҳтар аст, аз ҳамон аввал ба онҳо бигӯем: агар мехоҳед хешовандӣ ва рафтуомади мо боқӣ бимонад, аз ҳамсари ман бадгӯйӣ накунед ва коре ба мо надошта бошед. Ҳамсарам айбе надорад ва ман ӯро дӯст медорам. Вақте диданд, суханонашон дар мо таъсир надорад, орому сокит хоҳанд шуд ва аз шарри айбҷӯйиҳову фитнаангезиҳояшон халос хоҳем шуд.

Бузургтарин монеаи ҳалли ихтилофҳои хонаводагӣ бемории ахлоқии худбинӣ ва худписандӣ аст.

Мутаассифона, бисёре аз афрод ба ин беморӣ сахт мубтало ҳастанд. Касоне, ки ба ин беморӣ гирифторанд, чашми ақлашон кӯр аст. Хубиҳои худашонро мебинанду бузург мешуморанд, вале бадиҳояшонро аслан намебинанд. Дар сурате, ки зану шавҳар ба ин беморӣ мубтало бошанд, ба онҳо тавсия мешавад, то аз худбиниву худхоҳӣ даст бикашанд ва ақаллан эҳтимол бидиҳанд, ки мумкин аст дар онҳо низ айбу нуқсоне вуҷуд дошта бошад. Дар фурсати муносибе бе ягон таассубу худхоҳӣ, мисли ду судяи боинсофу адолатпеша ва амин бо ҳам биншинанд, мавзӯи ахлоқро дар миён бигузоранд, бетарафонаву бе қасди дифоъ аз худ сухани якдигарро гӯш диҳанд. Ҳар яке аз онҳо ба қасди ислоҳ ва бе чашмпӯшиҳо, тақсиру нуқсонҳои худро дар дафтари ёддоштҳо бинависанд.

Он гоҳ бо ҳам тасмим бигиранд, ки дар ислоҳи айбҳои худашон бикӯшанд. Агар зарурати вуҷуди тафоҳум ва ҳалли ихтилофро воқеан эҳсос намоянд, ба ин восита метавонанд, ба ҳамфикрии воқеӣ бирасанд ва сафову оромиш ва муҳаббати аз даст додаашонро дубора эҳё кунанд. Агар худашонро дар ин бора нотавон мебинанд, метавонанд як шахси оқилу огоҳ ва хайрандешу боимон ва мавриди эътимодашонро ба доварӣ интихоб намоянд. Агар ин довар ё доварон аз хешони наздикашон бошад, беҳтар аст. Он гоҳ ба мақсади ислоҳ ва рӯиросту ошкор тамоми ҳолатҳои ихтилофро бе каму кост дар ихтиёри довар қарор диҳанд, аз ӯ бихоҳанд, ки дар бораи онҳо доварӣ кунад. Он вақт ба суханонаш хуб гӯш диҳанд ва агар мушкилие доштанд, аз ӯ бихоҳанд, то дубора онҳоро бифаҳмонад.

Албатта, тарки одатҳои баду худхоҳӣ ва тан додан ба чунин доварӣ кори осоне нест, вале инсони андешаманде, ки ба бақову пойдорӣ ва оромишу осоиши хонаводагӣ алоқа дорад, метавонад чунин кореро бар хеш таҳаммул кунад ва аз самараҳои арзишмандаш баҳраманд гардад.

Ҳама кас хатову лағзише дорад. Ду нафар, ки бо ҳам зиндагӣ мекунанд ва аз ҷиҳате ҳамкорӣ доранд, бояд лағзишҳои якдигарро бибахшанд, то зиндагии онҳо идома пайдо кунад. Агар бихоҳанд, дар ин бора сахтгирӣ кунанд, идомаи ҳамкорӣ ғайримумкин мешавад.

Ҳеҷ зиндагии иҷтимоӣ ба миқдори зиндагии хонаводагӣ эҳтиёҷ ба гузашт надорад. Агар аъзои як хонавода бихоҳанд сахтгирӣ ба амал оваранду хатоҳои якдигарро таъқиб кунанд, ё зиндагии онҳо аз ҳам мепошад ё бадтарин зиндагиро хоҳанд дошт. Мумкин аст, аз ҳамсари шумо хатое ё хатоҳои бисёре содир шавад. Мумкин аст, аз рӯи хашму ғазаб шуморо таҳқир кунад. Мумкин аст, ҳарфи носазое аз даҳонаш берун ояд. Мумкин аст, аз худ бехуд шуда, шуморо бизанад.

Мумкин аст, ба шумо дурӯғ бигӯяд. Мумкин аст, кореро анҷом диҳад, ки мавриди писанди шумо набошад, аз ин гуна хатоҳо барои ҳар инсоне шояд содир шавад, агар баъдан эҳсос кардӣ, ки аз кирдори хеш пушаймон шудааст, ӯро бибахш ва ин мавзӯъро барои ҳамеша бибанд. Агар узрхоҳӣ кард, фавран қабул кун. Агар пушаймон шудааст, лекин шарм медорад, ки узрхоҳӣ кунад, ту ҳам сахташ нагир, то гуноҳашро дар гарданаш дайн кардаву ҳар лаҳза ёдрасаш кунӣ, зеро ба шахсияти ӯ зарбаи сангине мезанад.

Мумкин аст, ҳисобро баробар кардан хоста, дар паи хатову айбҳои ту гардад. Мумкин аст, коратон ба низову ҷанҷол ва ҳатто, ба ҷудоӣ бикашад, аммо агар сукут кардӣ ва хатояшро нодида гирифтӣ, дар азобу шиканҷаи виҷдон қарор мегирад ва равшан аст, ки аз кирдори хеш пушаймон хоҳад шуд. Он гоҳ шуморо ба унвони як шахси фидокору оқил шинохта, мефаҳмад, ки ба зиндагиву хонавода алоқаманд ҳастӣ, обрӯю мартабаат дар наздаш боло меравад, муҳаббаташ чанд баробар зиёд мешавад.

Баъзеҳо, агар бо хурдтарин ҳодисаи ногувор бархӯрд кунанд, зуд асабонӣ мешаванд. Дар он ҳол мумкин аст, аз худ бехуд шуда, ба ҳамсару фарзандонаш таҳқирро раво бинанд. Инсони рамузфаҳму боҳуш гирифториҳову мушкилоти ҳамсарашро дар назар гирифта, ба ҳоли зори ӯ раҳм менамояд. Дандон ба дандон монда, дар муқобили асабониятҳо ва доду фарёдҳои ӯ сукут мекунад. Вақте аз тарафи ту аксуламале надид, ба зудӣ аз доду фарёд ва аз кирдорҳои хеш пушаймон мешавад, ҳатто, мекӯшад узрхоҳӣ намуда, он кудуратро аз дилат берун кунад.

Соате баъд кинаҳо бартараф шуда, зану шавҳар ба ҳолати аввалӣ бармегарданд. Бо ҳамон меҳру сафои собиқ, балки зиёдтар ба зиндагӣ идома медиҳанд. Аммо агар ҳолати ҳассосу хатарноки ӯро дарк накард ва дар муқобили асабоният аксуламал нишон дод, дашном дод, нафрин кард, гӯё ба оташи хашми вай равған мерезад, дар ин сурат оташи хашми ӯ шуълавар мегардад, аз худ бехуд шуда, дараҷаи ҳақорату носазогӯйиро боло мебарад. Оҳистаоҳиста зану мард мисли ду гурги даррандаи ташнаи хун ба ҳам дармеафтанд.

Оё чанд дақиқа сукут кардан мушкилтар аст ё тан додан ба ин ҳама натиҷаҳои талх? Акнун, ки яке аз онҳо наметавонад асабашро идора намояд ва бо сабаб ё бесабаб асабонӣ шудааст, ҳамсараш бояд бо ақлу фаросат мавқеияти хатарноки ӯро эҳсос кунад ва барои ҳифзи муҳити муқаддаси заношӯӣ ва ҷилавгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ, фидокорӣ намояд, сабрро пеша намуда, сукутро ихтиёр кунад. Баъзеҳо чунин фикр мекунанд: агар дар муқобили хашми ҳамсарам хомӯш истам, эҳтирому сиёсатамро аз даст медиҳам ва хору залил мешавам.

Дар сурати ин, ки қазия комилан баръакс аст. Агар яке аз онҳо дар ҳоли асабоният ҳамсарашро мавриди таҳқиру дашном қарор дод ва аз ӯ бар ивазаш хомӯшиву сукутро назора кард, баъдан ба таври яқин пушаймон хоҳад шуд. Сукути ӯро як навъи фидокориву дарси зиндагӣ мешуморад ва ишқу муҳаббаташ меафзояд.

Дар ҳоли одӣ фикр мекунад: «Бо ин, ки ҳамсарамро таҳқир кардам ва ӯ метавонист посух диҳад, лекин бурдборӣ намуд ва хомӯширо ихтиёр кард, маълум мешавад, шахси оқилу доное аст. Ба ману зиндагиямон алоқаманд аст». Дар ин ҳолат аниқ аз кардаи хеш пушаймон хоҳад шуд. Агар ҳамсарашро гунаҳгор бидонад, авфаш мекунад ва агар беҳуда асабонӣ шудааст, дар азоби виҷдон меафтад ва узрхоҳӣ менамояд. Пас, чунин ҳамсари фидокору дурандеш на танҳо қадраш паст намешавад, балки шахсият ва бузургии ӯ барои ҳамсараш ва дигарон исбот хоҳад шуд.

Башар ғарқи хатост. Мумкин аст, аз рӯи ҷаҳолату нодонӣ корҳои нодурусту норавоеро анҷом диҳад. Барои ҳар кас дар зиндагии заношӯйӣ ҳатман лағзишу иштибоҳоте рух медиҳад. Ҳамсарон мумкин аст аз рӯи нофаҳмию нодонӣ, ё аҳамият надодан, ё шиддати асабоният нисбат ба ҳам беодобӣ кунанд. Баъзеҳо тасаввур мекунанд, ки дар мавриди андак хатову лағзишҳои кӯчаку хурд, бояд тамоман сахтгириву пурсуҷӯ кард, то такрор нашавад. Бояд аз ҳамон аввали зиндагӣ «алови чашмаш»ро гирифт, то ҳушашро як ҷо ҷамъ кунад.

Лекин дар таҷрибаҳо собит шудааст, ки барномаи мазкур на танҳо натиҷаи дилхоҳро намедиҳад, балки бештар натиҷаи баръакс хоҳад дод. Зеро касе, ки таҳти фишору сахтгириҳои зиёд воқеъ шавад, гарчи мумкин аст, муддати кӯтоҳе сабру бурдборӣ кунад, лекин дар охир аз ин вазъият хаста мешавад, он гоҳ мумкин аст тасмим бигирад, ки қайду бандҳоро пора кунад ва худашро озод созад. Камкам ба эродгириву итоб ва хитобҳои мо одат карда, нисбат ба онҳо беэътиноӣ хоҳад намуд. Пеши худ фикр мекунад: ҳозир, ки ҳамсарам, ҳатто, аз кӯчактарин хатоҳову иштибоҳот ва лағзишҳои ман гузашт намекунад ва маро таҳти фишор қарор медиҳад, беҳтар аст, ки гӯш ба ҳарфаш накунам, то аз гуфтани зиёд хаста шуда ором бигирад ва маро дигар сахтгирӣ накунад.

Беҳтараш ин аст, ки хатоҳои хурду назарногири ҳамсарро нодида гирифта, дар муқобилаш муқовимату сахтгирӣ нишон надиҳем ва аз роҳи танбеҳу интиқомҷӯйӣ худро канор гирем. Исрор бар гунаҳгорияш накунем ва зиёд аз ӯ талаб накунем, ки узрхоҳӣ кунад.


Аз китоби “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯзи Қурбонӣ

Мақолаи қаблӣМудирияти хонавода – Розҳои оиладорӣ
Мақолаи баъдӣХонадорӣ (оила) – Розҳои оиладорӣ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед