Ҳамбистарӣ (хамхобаги зану шавхар) – Розҳои оиладорӣ

0

Хамбистари (ҳамхобагӣ зану шавҳар) – Розхои оиладори

хамхобаги алокаи чинси

Ғаризаи ҷинсиро Худои Мутаъол дар инсон қарор дода аст. Ин ғариза ҳадяи илоҳӣ ва амри табииву фитрист. Инсон дар ҳоли кору зиндагии рӯзмарра хастагии рӯҳию ҷисмӣ пайдо мекунад ва ниёзманд ба қуввагирӣ мебошад. Ҳамон гуна, ки хӯроку об ва хоб боиси гирифтани нерӯ мешавад, ғаризаи ҷинсиро низ Холиқи якто барои касби оромиш дар вуҷуди зану мард қарор дода аст.

Ҳамбистарӣ яке аз муҳимтарин фалсафаҳои ташкили зиндагии муштарак ва омили оромиши зану мард аст. Ин оромиш ба омилҳое вобаста аст, ки яке аз ошкортарини онҳо, робитаи ҷинсии солим аст. Ниёзи инсонҳо ба пурра бароварда кардани ғаризаи ҷинсӣ, арзишманд будан ва ҳассосияти онро ошкортар месозад.

Яке аз беҳтарин ва некӯтарин равишҳои оиладорӣ ба таври куллӣ он аст, ки дар сурати имкон талоши зану шавҳар бар ин бошад, то дар шабонарӯз се маротиба бо якдигар танҳо бошанд ва дигар аъзои хонавода дар ин се вақт халале ба хилвати онҳо ворид насозанд.

Дар ин замон ҳеҷ кас аз наздикону пайвандон, чи хурду чи бузург, набояд ба назди онҳо роҳ ёбанд ва агар фарзандони ба балоғати ҷинсӣ расида доранд, бояд ҳангоми ворид шудан ба утоқи волидайн, аз онҳо иҷозаи даромадан бипурсанд.

Дар ин се замони хилват бояд муҳаббати худро ба ҳамдигар иброз кард ва аз пинҳон кардани он бипарҳезем. Чаро ки шунидани каломи муҳаббатомез хурсандакунанда ва эътимодовар аст. Каломи хуш ва муҳаббати самимӣ  бовариро дучанду сечанд мегардонад ва эҳсоси рӯҳбаландию хушбахтӣ медиҳад. Ин нукта дар мавриди занон аҳамияти бештаре дорад,  чунки мардум беҳуда намегӯянд: «Зан бо гӯшҳояш дӯст медорад».  Яъне, шунидани ҷумлаи «Ман туро дӯст медорам» аз забони шавҳар, қодир аст занро ба осмони ҳафтуми хушбахтию сарбаландӣ расонад.

Дар хилвати сегона зан бояд худро биорояд ва аз ҳар гуна ороишу зиннат баҳра барад. Дар равоншиносии ҷинсӣ дар бораи хилватгоҳ ва муносибати зану шавҳар дар ин лаҳзаҳо гуфта шудааст, ки онҳо дар ин муддат бо якдигар дар бораи масъалаҳои хусусӣ сухан бигӯянд. Аз ишқу муҳаббат суҳбат карда, ба ламсу меҳрубонӣ ва бозиҳои ошиқона машғул шаванд. Ҳаргиз дар бораи масъалаҳои ғамангезу фитнаангез ҳарф нагӯянд, то фазои муаттар аз атри ишқу муҳаббатро, ба кинаву бадбахтӣ олуда насозанд ва мушкилоти берун аз хилватгоҳро ба даруни хилватгоҳ накашонанд. Айшро ноқис сохта, оташи муҳаббатро бо оби сарди суханони дурушту бемулоҳиза хомӯш накунанд, балки ҳар сухане, ки меҳру муҳаббатро биафзояд ва сабабе барои ҷазбу ҷалб ба сӯйи якдигар бошад, бар забон биёранд. Зан дар замони хилват бо ҳамсар бояд худро арза кунад.  Пешқадамии зан дар масоили ҷинсӣ ва арза кардани худ дар ин хилватҳои хоса аҳамияти бисёр дорад. Гуфта гузаштем, ки мард вазифадор аст, ки ҳамаи хароҷоти зиндагиро таъмин созад ва зан вазифадор нест, то корҳои хонаро ба сомон расонад. Ҳарчанд ки маъмулан аз рӯйи майлу хоҳиши худ корҳои хонаро анҷом медиҳанд. Аммо дар баробари ин вазифаи мард зан вазифадор аст, ки барои мардаш оромиш фароҳам сохта ва ҳамвора худро барои иртиботи ҷинсӣ омода нишон диҳад, ба гунае, ки мард ягон эҳсоси камбуди ниёзи ҷинсӣ накунад.

Дар ҳақиқат омодагии доимии ҷинсӣ барои пешгирӣ аз ҳар гуна эҳсоси ниёз, корест, ки мебоист зан ба унвони ҳаққи шавҳар бишносад ва аз он кӯтоҳӣ накунад.  Мутаассифона, бархе аз занон хидмати ҷинсӣ ба шавҳарро ор дониста, онро кори баде меҳисобанд ва бо ҳар баҳонаҳо аз он саркашӣ менамоянд. Дар ин ҳол мардон барои қонеъ гардондани нафси худ маҷбуранд, ба дигар тараф муроҷиат кунанд, ки ин боиси малоли хотири зан ва ҷангу ҷанҷолҳои пурдавоми ҳаёти заношӯӣ мегарданд. Аз ин рӯ гуфтаанд, ёфтани шавҳар осонтар аз ҳифз кардани он аст, зеро мардон бо дидани занон ва ягон узви бадани занона, ҳатто, бо фикр кардан дар бораи зан, ғаризаҳои ҷинсияшон таҳрик мешаванд ва эҳсоси ниёз ба ҷинси латиф мекунанд. Агар ин ниёз аз сӯйи занаш бароварда нашавад, аз ҷойҳои дигар онро бароварда мекунанд.

Риояти беҳдошти ҷинсӣ, нест кардани мӯйҳои изофии бадан, ба тартиб даровардани мӯйҳои сар, интихоби маводҳои беҳдоштиву ороишӣ ва дигар маводҳои лозима бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Нест кардани мӯйҳои узвҳои таносулӣ, ба хусус дар мардон, майли ҷинсиро афзоиш медиҳад.

Омодагӣ барои робитаи ҷинсиро бояд қабл аз омезиш эҷод кард. Занон бояд ба ин омодагӣ ба таври махсус таваҷҷуҳ кунанд. Худро тозаву ороста карда, аз атру хушбӯйиҳо низ фаровон истифода намоянд, зеро асосан мардон аз ҳисси биноиву бӯёӣ таҳрик мешаванд.

Ҳарчанд ки зан вазифадор аст, ки дар хилватҳои бо шӯяш худро аз лиҳози ҷинсӣ омода нишон диҳад, аммо мард ҳам вазифадор аст, қабл аз анҷоми амали ҷинсӣ бо зани худ бозӣ кардаву организми ӯро ба ҳамбистарӣ омода созад ва саросемаву шитобзада кори худро ба поён нарасонад. Балки бояд лаззат бурдани занашро аз иртиботи ҷинсӣ ҳам дар назар дошта, корро ба гунае давом диҳад, ки ҳарду аз иртиботашон лаззати пурра бурдаву ором гиранд.

Пас, аз омезиши ҷинсӣ, майли ҷинсӣ дар мардон ба шиддат паст мешавад, дар ҳоле, ки дар занон чунин нест ва интизори навъе ишқбозӣ ва нигоҳе фаротар аз робитаи ҷинсии холис дар онҳо вуҷуд дорад, зеро фикри бозича будани зан барои мард ва нигоҳи яктарафаи мард ба бартараф сохтани ниёзи ҷинсии худ, занонро озор медиҳад. Бинобар ин мард бояд ба воситаи ишқбозии пас аз омезиш, посухгӯи ин хостаи ҳамсараш низ бошад.

Ҳеҷ яке аз ҳамсарон, ба хусус зан набояд эҳсос кунад, ки фақат туъмаи ҷинсии шарики зиндагии хеш аст. Аз ин рӯ изҳори ишқу алоқа ва ризоиятмандии баъд аз омезиш ҳам бояд идома дошта бошад. Чаро ки изҳори ишқ баъд аз наздикии ҷинсӣ, муҳаббати ду тарафро ба якдигар собит месозад ва нишон медиҳад, ишқи онҳо танҳо ба мақсади бароварда кардани ниёзҳои ҷинсӣ нест, зеро шиддати майли ҷинсӣ коҳиш ёфтааст ва муносибат бештар ба таври эҳсосӣ худро нишон медиҳад. Ҳамчунин изҳори ишқ пас аз хуфту хоб ҳисси мардонагӣ ва занонагиро дар онҳо тақвият медиҳад. Ҳар марде, замоне ифтихор мекунад, ки зан пас аз наздикӣ ӯро таъриф намояд. Илова бар ин ҳар зане ҳам мехоҳад бидонад, ки лаёқати ҷавобгӯйӣ ба хостаҳои ҷинсии шавҳарашро дорад ё не? Изҳори ишқ пас аз хуфту хоб эҳсоси нигаронӣ аз як амали ба зоҳир ҳайвониро аз байн мебарад ва ба робитаҳои шумо ишқу муҳаббати инсонӣ меафзояд ва агар дар робитаи ҷинсӣ яке аз ҳамсарон ё ҳарду ком набардоштанд, ин мафҳуми онро надорад, ки ишқу алоқаашон аз байн рафтааст. Не, ишқу муҳаббат доранд ва маҳрум шудан аз баровардани ниёзи ҷинсӣ сабаби аз байн рафтани муҳаббат миёни зану шавҳар намешавад.

Изҳори ишқ пас аз хуфтухоб ва дар хилвати заношӯйӣ шурӯи хуберо дарак медиҳад, ки бо ҳеҷ ҷумлаву иборате наметавон шӯру шавқи лаззати ҷинсиро тасвир кард. Умдатан дилбастагии шумо ва нигоҳу назаратон ба бистари хуфтухоб муайян месозад, чӣ қадар шумо аз робитаи ҷинсӣ лаззат мебаред. Пас, ишқбозӣ дар ҳар марҳила, заминаи шӯру шавқи дафъаи баъдиро беҳтар фароҳам месозад. Илова бар ин бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ҳеҷ гоҳ наметавон барои наздикии ҷинсӣ замони муайянеро таъйин кард. Инсон мисли мошин нест, ки бар асоси дастурамал ва формулаи хосе рафтор кунад. Замоне, ки ҳама чиз аз назари физиологӣ омода бошад, инсон омодаи хуфтухоб аст ва меъёр дар муваффақияти ҷинсӣ марҳалаҳои он нест, балки расидани якҷояи зану шавҳар ва фаъолияти ҳамоҳанги онҳо барои расидан ба оргазм аст. Робитаи ҷинсӣ миёни зану мард бояд ба гунае бошад, ки онҳо бе ягон шарму ҳаё ба қуллаи лаззати ҷинсӣ бирасанд. Расидан ба қуллаи лаззати ҷинсӣ худхоҳӣ нест. Вақте ки инсон дар сояи авҷи лаззати ҷинсии ҳамсар худ низ ба оргазм мерасад, ин худхоҳӣ номида намешавад, балки як навъи фидокорист.

Риоя накардани қоидаҳои беҳдошт мумкин аст, зану мардро ба бемориҳои микробӣ, ё сироятӣ ва ё вирусӣ дучор кунад. Маҳалли таносулӣ ба хотири мондани чирку ифлосӣ ва дигар фасодҳо бӯи хеле баде медиҳад. Бояд қабл аз наздикӣ масонаро аз пешоб холӣ кунанд, олоти таносулиро бо обу нимгарму собун нағзакак бишӯянд. Махсусан агар ҳамом кунанд, баданашон бӯи хосе медиҳад, ки барои ҳамдигар хушоянд аст. Онҳо бояд баъд аз хуфтухоб низ ҳатман пешоб кунанд ва худро хуб бишӯянд, то гирифтори уфунатҳои таносулӣ нашаванд.

Хуфтухоби комил вақте ба амал меояд, ки зану мард дар шароити муносиб аз назари ҷисмиву рӯҳӣ, ду марҳаларо бо муваффақият анҷом диҳанд. Марҳалаи аввал: Омода сохтани талаботи ҷинсии ду тараф. Марҳалаи дувум: Ҳаяҷону авҷи лаззат ва инзоли манӣ. Ин ду марҳала бояд муназзам ва пайдарпай анҷом пазирад, он ҳам бо равиши зебову мураттаб. Ҳар гоҳ яке аз ин ду марҳала ноқис анҷом гирад, сарчашмаи баъзе нороҳатиҳои ҷисмию рӯҳӣ мегардад.

Зан бояд дар замони хилват бо шавҳараш ширинзабону хушрафтор бошад ва ҳар гуна пардаву ҳиҷобро аз миёни худу шавҳараш бардорад ва комилан ҳаёву хиҷолатро аз худ дур кунад ва ҳамин, ки аз хилватхона берун омад, либоси ҳаёро ба тан кунад ва намунаи иффату виқор бошад. Пас, агар ҳамеша боҳаё бошад, беҳтарин зан нахоҳад буд ва агар ҳам доимо таннозу ишвагар бошад, зани хубе нахоҳад буд. Хулосаи гап ин, ки зан бояд либоси разму базми худро бишносад ва ҳар яке аз онҳоро дар ҷои худ бипӯшад.


Аз китоби “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯзи Қурбонӣ


Агар шумо оиди мавзӯҳои ҳамхобагӣ ва дигар масъалаҳои маҳрамона маълумот гирифтан хоҳед пас ба барчаспи “масъалаҳои маҳрамона” бингаред (барои ашхоси зери 18 сола тавсия дода намешавад).

Алоқаи ҷинсӣ аз нигоҳи Ислом (ҳамхобагӣ)

Мақолаи қаблӣХонадорӣ (оила) – Розҳои оиладорӣ
Мақолаи баъдӣФарзанддорӣ (тарбияи фарзанд) – Розҳои оиладорӣ