11 факти ҷолиб дар бораи Амрико

3

Орзу доред, ки Амрико раведу аз навгониву минтақаҳои тамошобобаш дидан намоед. Ё мехоҳед, ки Амрикоро аз наздик шиносед. Пас, таваҷҷӯҳ кунед ба чанд факти аҷиби ин давлат.


Доллари Амрикоро касе нест, ки нашиносад. Агар онро дида бошед ва ё дар даст дошта бошад, Шумо дар он навиштаҷотеро мебинед, ки дар он «In God We Trust»  навишта шудааст, ки ба забони мо «Мо ба ҳастии Худо бовар дорем» тарҷума мешавад. Аз ин ҷост, ки қариб 60-70%-и мардуми Амрико ба ҳастии Худо бовар доранд.


Парчам ин ифодагари соҳибистиқлолии ҳар халқу миллат ба ҳисоб меравад. Дар парчами Амрико 50 ситора дарҷ гардидааст, ки ин аз будани 50 иёлот дар Амрико гувоҳӣ медиҳад.


Дар Амрико 4746 нафар одамоне зиндагӣ мекунанд, ки ном ва насабашон яканд. Масалан ном – Томас, насаб низ Томас.


Аввалин пойтахти Амрико Филаделфия ба ҳисоб меравад. Номи ин шаҳр ба забони мо “муҳаббати бародарӣ”  тарҷума мешавад.


Амрико мамлакатест, ки дар он ҷо издивоҷи ҳамҷинс, яъне мард бо мард ва зан бо зан расмӣ шудааст.


Ню – Йорк яке аз қисматҳои асосии Амрикоро ташкил медиҳад. Яке аз нишонаҳои  маъмулии ин минтақа таксии  зард мебошад, ки дар ин ҷо  зиёда аз 11 ҳазор адади ин намуди таксиҳо   мавҷуд аст.  Инчунин дар ин шаҳр шумораи нафароне, ки ба худкушӣ даст мезананд, аз нафароне, ки кушта мешаванд, зиёдтар  мебошад.


Аз ҳама шаҳри камбизоаттарин дар Амрико шаҳри Аллен ба ҳисоб меравад, ки дар Дакоти Ҷанубӣ ҷойгир аст. 96 %-и аҳолии ин шаҳрро лулиҳо (индейцы) ташкил медиҳанд.


Шаҳри Санта – Фе қадимтарин шаҳр дар Амрико маҳсуб меёбад, ки соли 1610 бунёд ёфтааст.


Аввалин маротиба телевизион соли 1936 дар Амрико пайдо шудааст.


Нӯшокии расмии иёлоти Огайёи Амрико шарбати помидор ба ҳисоб меравад.


Амрикоиҳо одатан мардуми қадбаланданд. Аз ин ҷост, ки аз ҳама одами қадбаландтарини ҷаҳон, ки дар китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст, аз Амрико мебошад. Ин шахс Роберт Уодлоу мебошад, ки дар сини 22 солагиаш вафот кардааст. Дар 8 солагӣ қадаш 188см буд ва ҳангоми мурдан андозаи қадаш 272см – ро ташкил медод.


Шумо низ дар бораи ин мамлакат навгониеро донед, пас дар шарҳи сомонаи мо нависед.

Фактҳо оиди Россия


Фактхои чолиб дар бораи Америка, Америка бо забони точики.

Мақолаи қаблӣФаронса ва 12 далели ҷолиби он
Мақолаи баъдӣСеҳри рақами 99

3 ШАРҲ

  1. салом.дар бораи нарху навои бозорҳо,андозаи нафақа,маоши кормандон,маълумот менавиштед

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед