Қуръоншиносӣ (шинохти Қуръон, маъноҳои Қуръон)

0

Ислом, коран куръон

Дар мавзӯи шинохтани Қуръон чанд нуктаи муҳимро донистан лозим аст: Маънои луғавии калимаи Қуръон:

1-Калимаи Қуръон исми масдар аз боби қараъа- яқраъу ба маъно исми мафъули бобаш, яъне мақруъ омадааст, ҳамчуноне китоб исми масдари боби катаба – яктубу буда ба маънои исми мафъули бобаш, яъне мактуб аст. Пас маънои мактуб навишта ва навишта шудааст ва маънои мақруъ хондашуда ва хондашаванда аст. Аз ҳамин ҷиҳат дар оятҳои 1-2 сураи “Юсуф” Аллоҳ таоло китоби нозилкардаашро “Қуръонан арабийян”, яъне хондашавандаи ба забонӣ арабӣ гуфтааст.Чуноне мефармояд:

{الر تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ الْمُبِينِ . إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ قُرْآنًا عَرَبِيًّا لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ }(يوسف: 1، 2)

“Алиф, Лом, Ро ин оятҳои китоби равшан аст. Мо онро хондашаванда ба забони арабӣ фурӯ фиристодем, бошад ки шумо дарёбед”.

Пас Қуръон “Китоби хондашаванда ба забони арабӣ” аст.

2-Маънои шаръии “Қуръон”:

Қуръони бо алиф ва лом, яъне “Алқуръон” номи охирин китоби фиристодаи Аллоҳ таоло барои ҳидоят ва раҳнамоии башарият ба охирин пайғамбараш Муҳаммад (с) аст, ки бо сураи “Алфотиҳа”, яъне  “Алҳамд” оғоз мешавад ва бо сураи “Аннос”, яъне бо “Қул аъузу бираб-бин-нос” хатм мегардад.

3-Таркиби Қуръони карим:

1- Қуръони карим иборат аз сӣ пора, 60 ҳизб, яъне нисфи пора, 240 рубъ, яъне чаҳор яки ҳизб ва бештар аз 6200 оят аст.

2- Пораҳо ба манзалаи бобҳои Қуръон, сураҳо ба манзалаи фаслҳо ва оятҳо ба манзалаи ҷумлаҳои он аст. Қуръони карим иборат аз маҷмуаи пораҳо ва ҳар порае аз пораҳои он иборат аз маҷмуаи сураҳо ва ҳар сурае аз сураҳои он иборат аз оятҳо ва ҳар ояте аз оятҳои он иборат аз калимаҳо ва ҳар калимае аз калимаҳои он иборат аз ҳарфҳои китоби Аллоҳ таолост. Ҳамчуноне инкор кардани ҳамаи Қуръон куфр аст, инчунин инкор кардани як ҳарфе аз ҳарфҳои он низ куфр мебошад.

4-Маънои луғавии оят:

Калимаи оят ба чанд маъно меояд, ки чунин мебошанд:

  1. Ба маънои аломат ва нишона. Аз ҷиҳати ба ягонагии Аллоҳ таоло далолат кардани оятҳо ва аз бемислу беҳамто буданаш хабар кардани онҳост.
  2. Ба маънои панду ибрат. Аз ҷиҳати аз оқибати неки дӯстони Аллоҳ таоло ва аз оқибати бади душманонаш хабар кардани оятҳост.
  3. Ба маънои ҳуҷҷат ва далел. Аз ҷиҳати ҳуҷҷату далели фарқкунандаи ҳақро аз ботил, ҳидоятро аз гумроҳӣ ва равшаниро аз торикӣ будани оятҳост.
  4. Ба маънои муъҷиза. Аз ҷиҳати аз ғайбиёт, мисли аз биҳишту дӯзах ва аз ҳаводиси гузашта ва ояндаи олам хабар кардани оятҳост.
5-Маънои истилоҳии оят:

Дар истилоҳ оят ҷумлаҳои Қуръони каримро мегӯянд, ки аз ҷумлаи мобаъд ва моқаблаш ҷудо аст.

6- Нузули Қуръон:

Қуръони карим ба таври комил дар шаби қадр ба осмони дунё нозил гардид ва дар “Байтулмаъмур”, ки дар осмони дунёст ва қиблаи фариштагон аст гузорида шуд ва аз онҷо дар муддати бисту се сол ба тадриҷ оят ба оят ва ё ба таври сураи комил ба Пайғамбар (с) фиристода шуд. Дар ривояти “Мустадрак” бо санади саҳеҳ дар ҳадиси мавқуфи дар ҳукми марфуъ саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Аббос (р.з) чунин гуфтааст:

“عن ابن عباس قال:”أُنْزِلَ الْقُرْآنُ جُمْلَةً وَاحِدَةً إِلَى السَّمَاءِ الدُّنْيَا فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ.” (صَحِيحُ الْإِسْنَادِ، وَلَمْ يُخَرِّجَاهُ» وفي التعليق – من تلخيص الذهبي: 2879 – صحيح .كذا في المستدرك -2/ 242-2879).

“Дар шаби қадр ба таври комил Қуръон ба осмони дунё фиристода шудааст”. Дар дигар ривояти “Мустадрак” бо санади саҳеҳ Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо чунин гуфтааст:

“عن ابن عباس قال:«فُصِلَ الْقُرْآنُ مِنَ الذِّكْرِ،فَوُضِعَ فِي بَيْتِ الْعِزَّةِ فِي السَّمَاءِ الدُّنْيَا، فَجَعَلَ جِبْرِيلُ عَلَيْهِ السَّلَامُ يُنْزِلُهُ عَلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، وَيُرَتِّلُهُ تَرْتِيلًا» (هَذَا حَدِيثٌ صَحِيحُ الْإِسْنَادِ، وَلَمْ يُخَرِّجَاهُ “. وفي التعليق – من تلخيص الذهبي: 2881 – صحيح”.”كذا في المستدرك -2/ 242/ 2881).

“Қуръон аз “Лавҳи маҳфуз” ҷудо карда шуд ва дар “Байтулмаъмур”, ки дар осмони дунё ҳаст гузошта шуд. Пас ҳазрати Ҷиброил оғоз ба нозил кардани он ба Муҳаммад (с) кард ва онро ба тадриҷ нозил кард”.


Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<

Мақолаи қаблӣХудошиносӣ (оят ал курси)
Мақолаи баъдӣМуъчизахои Куръон. Муъҷизаҳои Қуръон